logo

номаҳо

ЯК МАСЪАЛА. КӢ ДАР ҲАЛЛИ ОН КУМАК МЕКУНАД?

Чанд моҳ пеш аз ситоди ноҳиявӣ ва шаҳрӣ оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016 – 2017  ба номам огоҳинома расид. Дар он омадааст: Муҳтарам соҳибмулк! Мутобиқ ба нақшаи истеҳсол ва интиқоли неруи гармӣ дар мавсими гармидиҳии солҳои 2016 – 2017 гармитаъминкунии бинои истиқоматии  Шумо ба нақша гирифта шудааст. Бинобар ин, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда (Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ШСМ») аз Шумо талаб карда мешавад, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин омода намудани  системаи дохиликвартирагии  гармитаъминкунӣ (радиаторҳо ва қубурҳои  дохили квартира), инчунин дар ҳамбастагӣ бо соҳибмулкони дигари бино омода намудани системаи гармитақсимкунии биноро (стоякҳо, элеватор) таъмин намоед. Дар ҳолати акс нисбати Шумо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ чораҳои маъмурӣ, аз ҷумла ҷаримабандӣ андешида мешаванд».
Бори аввал буд, ки аз огоҳинома шод гардидам. Суръати хуби корро дар шаҳр медидаму ба дил мегуфтам: «Ҳатман аз аввали моҳи ноябри соли равон бо гармӣ таъмин мешавем». Баъдҳо сухан бештар аз миқдори маблағи барқарории қубурҳои пайвастшавандаи  таҳхонаи бино мерафт. Нархи он дар забонҳо зуд – зуд тағйир меёфт ва, албатта, ин касро ба шубҳа гирифтор менамуд. Оқибат гуфтанд, ки аз ҳар хона ё худ барои ин кор бояд 380 – сомонӣ бисупоранд. Супоридем. Пас аз чанде изҳор доштанд, ки пул барои анҷоми корҳо камӣ кардааст, аз ин рӯ, он қатъ гардидаст.
 Инчунин, баён доштанд, ки ба ҷои қубури қутраш 20 аз қубури қутраш 15 истифода кардаанд. Албатта, аз он рӯ бе тарсу бо дилпурӣ, ки ба ин ҷиҳати масъала назорат бурда намешавад. Барои ҷамъоварии ин миқдор маблағ (аз 54 ҳуҷраи як бино) ягон далелу ҳуҷҷат вуҷуд надорад Ҳеҷ ҳуҷҷати тасдиқкунандае нест, ки чӣ харида ва ба чӣ миқдор. Сардори баъзе аз хонаҳо бо иштироки намояндагон масолеҳи заруриро харидаанд. Онҳо нисбат ба мо пули камтар ҷамъ оварданду ҳамаи корҳоро сари вақт ба анҷом расонданд.
 Гуфтанд, ки барои харидани масолеҳи зарурӣ дар дохили ҳар ҳуҷра 2400 сомонӣ зарур мебошад. 400 сомонии он ҳаққи хидмати усто аст. Агар ин дуруст бошад, устоҳо аз 54 ҳуҷраи як бино бояд соҳиби 21 600 сомонӣ бигарданд. Ҳуҷраи мо дар ошёнаи аз ҳама болои хона ҷой дорад. Маслиҳат доданд, ки аввал ошёнаҳои поёнӣ ба ин кор бояд шурӯъ намоянд. Аммо бархе аз онҳо изҳор медоранд, ки ин миқдор пул надоранд. Хуллас, як дарҳам - барҳамӣ аст, ки кас на сару нӯги онро меёбад, на ҳақиқаташро. Чӣ бояд кард? Ҳақ бар кадом ҷониб аст? Наход роҳи ҳалли масъала вуҷуд надошта бошад? Умуман, дар ин кор бояд масъулон назорат бибаранд. Ё нодуруст мегӯям?
Н. МИРХОҶАЕВ,
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 8410

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед