logo

иқтисод

МАЪДАНҲОИ КӮҲӢ. АЗ СУХАНБОЗӢ БА АМАЛ ГУЗАРЕМ

Баргузории ҳамоиши геологҳои ҷавони ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҳавасмандии Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи геология ва мусоидат ба афзоиши шавқу рағбати ҷавонону наврасон ба соҳа дарак медиҳад ва ин бесабаб нест. Даромад аз истихроҷи маъданҳо ва сангҳои гаронбаҳову ороишӣ метавонад дар оянда қисмати калони буҷети ҷумҳуриро ташкил намояд. Мутахассисони соҳаи геологияи ҷумҳурӣ ва берун аз он низ бар ин назарранд. Аммо ба гуфтаи Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ин самт дар вилоят корҳои амалӣ камтар ба мушоҳида мерасанд. Бинобар ин, раиси вилоят ба масъулини соҳа супориш дод, ки самтҳои афзалиятноки рушди соҳаро муайян намоянд, то мувофиқи имкониятҳо ва шароитҳои мавҷуда маблағҳо барои истихроҷ ва истифодаи ин самтҳо истифода шаванд. Бояд муайян карда шавад, ки кадом маъдану сангҳои қиматбаҳову ороишӣ бозоргиранд ва истихроҷи онҳо дар кадом муҳлат ва бо харҷи чӣ қадар маблағ даст медиҳад.
Ширкаткунандаи ҳамоиши геологҳои ҷавони ҷумҳурӣ, профессор Л. А. Паутов, мудири осорхонаи минералогияи Академияи илмҳои Федератсияи Русия, ки дар рушди геологияи тоҷик низ саҳми босазо гузоштааст, чунин изҳори назар кард:
- Тоҷикистон на танҳо аз лиҳози кашфи маъданҳои қиматбаҳо, балки сарватҳои ҳанӯз кашфношуда минтақаи нодири ҷаҳон ба шумор меравад. Ба андешаи ман, тараққӣ додани соҳаи геология дар ҷумҳурӣ бештар ба кадрҳои соҳибихтисос вобаста аст. Вале ояндаи вилоятро наметавон танҳо ба истихроҷ ва коркарди сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ вобаста донист. Ояндаи Бадахшон ба истихроҷи металлҳои нодири камёфт бештар рабт дорад, ки намунаи онҳо дар ин минтақа кам нест. Вале дар мавриди истихроҷ ва коркард қарор додани онҳо низ хеле мулоҳизакорона бояд амал кард. Масалан, дар маҳалҳои Акархар ва Дурделики Мурғоб маъданҳои нодири камёфте маҳфузанд, ки метавонанд ба кишвар даромади калон ворид созанд. Аз ин рӯ, ба мақсад мувофиқ аст, ки ҷиҳати коркарди маъданҳои нодири камёфти карбонатитҳои ин маҳалҳо дар деҳоти Аличури ноҳия корхонаи хурди маъдансофкунӣ бунёд карда шавад. Барои таъмини ин корхона ва сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи он бо неруи барқ амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии Чарсеми ноҳияи Шуғнон, ки камхароҷоттарин НБО - и иқтидори миёна дар минтақа арзёбӣ мегардад, мувофиқи мақсад мебуд. Дар Мурғоб, ҳамчунин, барои истеҳсоли семент низ ашёи хоми беҳтарин мавҷуд аст.
 Ба гуфтаи геологи рус, кони никели Ванҷ овозадор аст ва ба ин намуди металли қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ талабот ҳамеша зиёд аст. Металлҳои нодири камёфт дар минтақаи Ишкошим ҳам зиёд кашф шудаанд.
 Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.10.2016    №: 212    Мутолиа карданд: 2159

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед