logo

номаҳо

ТИФЛАКАМ БИДУНИ ҶАРРОҲӢ ШИФО ЁФТ

Соле қабл духтарчаи даҳсолаам ба бемории каҷшавии устухон гирифтор гардид ва барои табобати ӯ тадбирҳои зиёдеро амалӣ намудем, аммо  дигаргуние дар вазъи тандурустиаш ба чашм нарасид. 
Ин ҳолат баъди саргардониҳои зиёд басо ноумедамон сохт. Аз тақдири ояндаи ӯ меандешидему ғамгин мегаштем. Мегуфтем:  наход ин дард умре ӯро бистарӣ намояд?
Бо тавсияи наздиконамон барои муолиҷа ӯро ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бурдем. Баъди ташхис духтурон тавсия доданд, то фарзандамро дар беморхона бихобонем. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали баъди бистарӣ намудан дар вазъи саломатии ӯ беҳбудӣ дида мешуд. Инчунин, муносибати хуби духтурон ва меҳру шафқати мутахассисон, бовариамонро ба пурра шифо ёфтанаш зиёдтар намуд. Шароитҳоеро, ки муассисаи мазкур барои беморон муҳайё намудааст, шоёни таҳсин мебошад. Дар ҳуҷраи алоҳида, ки дорои ду кат буд, ман ва духтарчаамро ҷой доданд. Ҳуҷраи мазкур бо тамоми ҷиҳози зарурӣ муҷаҳҳаз буд. Хуллас, баъди 10 рӯзи табобат кӯдакам бе ҷарроҳӣ, ки баъзе мутахассисони соҳа анҷом додани онро тавсия дода буданд, шифо ёфт.  Бо истифода аз гӯшаи “Шаҳрванд” мехоҳам миннатдории худро ба директори Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” Каримхон Қурбонов ва духтури табобатии фарзандам Баҳриддин Самиев баён намоям.
Савриниссо ВОҲИДОВА,
сокини ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 8324

14.12.2017


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Биналӣ Йилдирим

Рушду равнақи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон

Ибодулло Машраб – барандаи Ҷоизаи «Ситораи Иттиҳод»

Дар Ёвон коргоҳи меваю сабзавот ба истифода дода шуд

Бунёди боғи интенсивӣ дар Тоҷикобод

Ҷаҳон дар як сатр

Зангҳои бардурӯғ

ИМА маблағгузории СММ – ро 250 миллион доллар кам карданист

Фаронса истифодаи телефонҳои мобилиро дар мактабҳо манъ менамояд

Бори нахуст дар эстафетаи олимпӣ робот иштирок намуд

Варзиш

11.12.2017


Баррасии масоили ҳифзи амнияти иттилоотӣ

Вохӯрии Музаффар Ҳусейнзода ва Дан Некулаеску

Инноватсия ва шарикӣ барои ноил гаштан ба Ҳадафҳои рушди устувор

Баргузории форуми «Роҳ ба сӯи иқтисодиёти ғайринақдӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

«Сафирони забони русӣ» ба Тоҷикистон омаданд

Дар Осло Ҷоизаи сулҳи Нобел супурда шуд

Сарвазири Ироқ: «Ҷанг алайҳи «ДИ» анҷом ёфт»

СММ: «Ҳаҷми ҷаҳонии порагирӣ 1 триллион долларро ташкил медиҳад»

Фарбеҳтарин зани дунё 400 кило вазн партофт

08.12.2017


Ҷаҳон дар як сатр

Дар Швейтсария президенти нав интихоб намуданд

Ҷангиёни «Давлати исломӣ» ба киберфазо мегузаранд

Хисорот аз сӯхтори ҷангали Калифорния аз 9 миллиард доллар гузашт

Шикояти соҳибкорон аз мақомоти Қазоқистон кам мешавад

«Наҷотбахши дунё»-ро дар Абу - Дабӣ намоиш медиҳанд

Даҳ кишваре, ки арзонтарин қарзи манзил доранд

07.12.2017


Вохӯрии Шамсиддин Орумбекзода ва Криста Пиккат

Масоили густариши ҳамкориҳо дар соҳаи тиб матраҳ гардид

Маросими супурдани эътимоднома

Баррасии таҳкими равобити соҳибкорони Тоҷикистону Қатар

Бунёди қасри фарҳанг дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед