logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ. РАЪЙИ МАРДУМ НУФУЗИ ОНРО ДАР ҶАҲОН БОЛО БАРДОШТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дувумин санади олии ҳуқуқиест, ки дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баъд аз Федератсияи Русия, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба қатори панҷ қонуни асосии беҳтарини ҷаҳон шомил гардидааст.
 
Ба ин санади олии ҳуқуқӣ, бо назардошти ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар 26 сентябри соли 1999 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Вобаста ба ин, ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ иртиботи бевосита доранд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд. Аввалин маротиба дар мамлакат низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории кишвар пешбинӣ гардид. Дар таърихи парламентаризми кишвар бори нахуст порлумони касбии доимоамалкунанда - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд. Тавассути тағйиру иловаҳои воридшуда шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ - ҳокимияти судӣ боз ҳам таҳким ёфт. Мақом ва мавқеи ҳокимияти судӣ ба сифати шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, ки вазифаи асосии он ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат мебошад, тавассути ин ислоҳоти конститутсионӣ мушаххастар гашт.
Баъдан идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурияти танзими ҳуқуқии дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тақозо намуданд, ки меъёрҳои Конститутсия бори дигар такмил дода шаванд. Бо ҳамин мақсад 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳо ворид гардиданд ва кишвари мо ба шарофати хиради бузург ва фаросати сиёсии халқ, ба сӯйи таҳкими пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд қадами ҷиддӣ ва устувор гузошт.
Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо намуд, ки меъёрҳои Конститутсия бори дигар такмил дода шаванд. Аз ин рӯ, маротибаи сеюм бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, 22 майи соли 2016, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.  Онҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократисозии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат мекунанд. Зарурати дигари ворид шудани тағйиру иловаҳо ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Дар ин росто, ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Бинобар барҳам дода шудани Шӯрои адлия ваколатҳои ин сохтор, аз ҷумла дар самти таъминоти моддию техникӣ ва ташкилии фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъйин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судяҳо, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардондани ваколати онҳо, нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ бошад, ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуданд. Тибқи тағйироти ба моддаи 21 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшуда, фаъолият ва салоҳияти Суди Олӣ васеъ гардида, муқаррар карда шудааст, ки ин ниҳод на танҳо мақоми назоратӣ нисбат ба баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ мебошад, балки барои ташкили кори судҳои вилоятӣ, ҳарбӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, таъминоти моддию техникии судҳо, интихобу тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва кормандони дастгоҳи судҳо, масъалаҳои вобаста ба таъйин ва озод намудани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои дигар ваколатҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, масъул мебошад.
Ҳамин тавр, се маротиба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйироти куллӣ дар қонунгузории амалкунанда гардид, ки ин амр ба табиати ҳуқуқии қонуни асосии кишвар марбут буда, маҳз аз қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он сарчашма мегирад.
Абдуманон ДОДОЗОДА,
роҳбари дастгоҳи Комиссияи
марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.10.2016    №: 213    Мутолиа карданд: 1988

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед