logo

фарҳанг

НОСИР САИДОВ: "КИНОИ МО БА ХАРИДОРИ ВАТАНӢ НИЁЗ ДОРАД"

Носир Саидов яке аз коргардонҳои муваффақи синамои миллист, ки  филмҳои офаридааш сазовори ҷоизаҳои  байналмилалӣ  гардидаанд. Ҳоло  Носир Саидов вазифаи директори Киностудияи давлатии  «Тоҷикфилм» - ро  ба уҳда дорад. Назари ӯро дар мавриди вазъи кинои имрӯз  пурсон шудем, ки мавсуф чунин гуфт: 
 - Айни ҳол  дар «Тоҷикфилм» истеҳсоли филмҳои бадеии пурра ва кӯтоҳметраж, филмҳои мустанад ва аниматсионӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муқоиса ба панҷ соли пеш, имконоти хуби техникӣ  фароҳам оварда шудааст. «Тоҷикфилм» бо техникаи замонавӣ таъмин ва шароити хубе барои таҳияи филмҳо муҳайё карда шудаанд. Ҳоло мо аз нигоҳи техникӣ дастгоҳҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро дорем. Ҳамаи ин аз баракати иҷрои «Барномаи рушди кино барои солҳои 2011 – 2015» мебошад. Ҳамасола барои таҳияи филмҳои нав маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд. Филмҳои ҳунарии «Оинаи беҷило», «Марги бегуноҳ», «Сафари ҳавоӣ», силсилафилми «Як ҷаҳон аз ману ту», филмҳои кӯтоҳмуддати «Қатора», «Гули бахт», «Хобидан мехоҳам», «Ломакон», «Вазъият», «Муаллим» ва филмҳои мустанади «Ваҳшати ҷанг», «Танҳо осмон баланд», «Нуробод», «Бадахшон» ва «Рози тавлид» аз ҳамин ҳисоб маблағгузорӣ гардидаанд.
 Чанд марҳила ва мушкилии асосӣ  дар пеш аст, ки кинои тоҷик онро бояд тай кунад. Мушкили аввал - ин прокати кино ё фурӯши он мебошад. Дар кинематография чунин қоидае роиҷ аст: филме, ки сохта мешавад, бояд маблағи дар истеҳсолоташ масрафшударо ҷуброн намояд. Яъне тавассути бозор ба тамошобин пешниҳод гардад ва ин маблағ барои истеҳсоли филмҳои дигар, ё техника сарф гардад. Танҳо истеҳсоли филмҳои нав наметавонанд рушди соҳаро таъмин намоянд.
 Ҳамоно мушкилии дигари соҳа маблағгузории он боқӣ мемонад.  Хушбахтона, лоиҳаи «Барномаи рушди кинои тоҷик барои солҳои 2017 – 2021» аз ҷониби  ниҳодҳои зарурӣ дастгирӣ ёфтааст. Дар сурати қабул ва тадбиқи он кинои тоҷик рушд хоҳад ёфт.
 Мушкилии дигар кам будани филмномаҳои ҷолиб аст. Ба ҳамин хотир мо тасмим гирифтаем, ки аз моҳи январи соли 2017 дар назди киностудия мактаби киноро таъсис диҳем. Дар ин мактаб, ки таҳсил тӯли панҷ моҳ давом хоҳад ёфт, ҷавонони соҳибзавқ ҷалб мешаванд ва ба онҳо мутахассисон нозукиҳои кино ва навиштани филмномаро меомӯзонанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки ҳар як муҳассили ин мактаб се филми кӯтоҳмуддат созад. Бо ин амал ба ҳар яки онҳо имкон дода мешавад, ки ҳамаи  марҳилаҳои  филмсозиро гузаранд. Одатан аз миёни чунин гурӯҳҳо истеъдодҳои хуб кашф карда мешаванд. Филмсозӣ ин касб бошад ҳам, боз ҳунар ҳам ҳаст.
 Филмҳое, ки дар  солҳои истиқлолият  офарида шудаанд набзи  ҳаёти мардуми тоҷикро дар бар мегиранд ва дер ё зуд албатта, пешкаши тамошобин мегарданд. Мутаассифона, филмҳои истеҳсоли «Тоҷикфилм» аз ҷониби телевизионҳо барои намоиш харидорӣ намешаванд. Ҳамин аст, ки тамошобини тоҷик ба филмҳо дастрасӣ надорад. Дар кишварҳои дигар ин тавр нест. Телевизионҳо филмҳоро мехаранд. Барои мисол, дар Федератсияи Русия агар филми истеҳсолшуда аз ҷониби ақаллан ду канали телевизионӣ харидорӣ гардад, харҷи истеҳсоли он бароварда мешавад ва имконият барои офаридани филми дигар муҳайё мегардад. Бо дастгирӣ ёфтани барномаи рушди кино истеҳсоли филмҳои  бадеӣ бештар мешавад. Ва бо фароҳам омадани шароити мусоид робита байни тамошобин ва филмсозон қавитар мегардад.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 2565

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед