logo

сиёсат

ИТТИЛОИЯ

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
 
Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ ёфт ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ тасдиқ гардид.
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 - 2019 гузориши вазири молия Абдусалом Қурбониён, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, директори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғойиб, раиси Бонки миллӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва директори Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов шунида шуд.
Таъкид гардид, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 - 2019 сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҳамчун самти афзалиятнок нигоҳ дошта шуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, солимии ҷомеа, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои муҳим муқаррароти дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2017 ба андозаи 19 миллиарду 568 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2016 - ум 1 миллиарду 718 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети соли 2017 - ум 19 миллиарду 863 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, барои соҳаҳои иҷтимоӣ  8 миллиарду  286 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар 9 моҳи соли 2016 нақшаи қисми даромади буҷет 97 фоизро ташкил дода, ба буҷет 390 миллион сомонӣ кам ворид гардид. Нақшаи даромад аз андоз 100, 4 фоиз ва аз гумрук 87,6 фоизро ташкил дод. Ҳаҷми хароҷот 90, 1 фоиз ва бақияпулиҳо 125 миллион сомониро ташкил намуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани қисми даромади Буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2016, афзоиши бақияпулиҳо изҳори нигаронӣ карда, ба масъулони Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои ислоҳи камбудиҳо, иҷрои нақшаи даромад, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷа чораҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои зарурӣ пешниҳод намоянд.     
Баъди баррасии аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017” ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2018 - 2019 маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид.
Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” раиси шаҳри Панҷакент ҳисобот дод.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбори директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ оид ба таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ ҷиҳати арзёбии вазъи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013 - 2020, муайян намудани сабабу омилҳои коррупсионӣ, муносибати аҳолӣ нисбат ба коррупсия ва муқовимат ба он дар вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пурсиши сотсиологӣ гузаронда шуд. Дар ин чорабинӣ 88 ҳазор нафар сокини кишвар, кормандони касбу кори гуногун фаъолона ширкат варзиданд. Иштирокчиён вобаста ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ, роҳҳои паст кардани он андеша ва фикру пешниҳодҳои худро манзур намуданд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат ҳамчунин масъалаҳо: Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 - 2019 - ро муҳокима ва қабул карданд.
Лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси Олӣ ирсол гардид.
Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 9 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” пешниҳод карда шуд.
Дар охири кори маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда ва иҷрои дигар тадбирҳо ба аъзои Ҳукумат ва шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.10.2016    №: 214    Мутолиа карданд: 2119

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед