logo

иҷтимоиёт

КАМОНГАРОН. ҲАНӮЗ ҲАМ МУШКИЛОТИ ҲАЛТАЛАБ ҲАСТАНД

Вобаста ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2016 бахшида ба Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 130 рӯзи ободонӣ эълон гашта буд. Дар доираи он баҳри тозаву озода гардондани шоҳроҳу хиёбонҳо корҳои зиёде амалӣ гардиданд. Бо вуҷуди ин дар ин гӯшаи пойтахт ҳанӯз ҳам мушкилоти ҳалталаб боқӣ мондаанд, ки ислоҳашон имрӯз идома дорад.
Ҷиҳати шинос шудан бо рафти корҳои ободонӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 26 октябр аз маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Сино дидан кардем.
Маълум гардид, ки ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ масъулони ноҳия як қисми норасоиҳои ҷойдоштаро ҳал намудаанд. Аз ҷумла, дар ин давра як қисми кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев асфалтпӯш карда шудааст. Барои чароғонсозии кӯчаҳои маҳалла 21 адад лампа иваз ва 5 - тои дигар нав насб гардидааст. Илова бар ин, ба 8 хона лӯлаҳои обгузар кашидаанд, аммо ҳанӯз ба хати асосии оби корезӣ пайваст накардаанд. Гуфта шуд, ки он рӯзҳои наздик ҳалли худро хоҳад ёфт.
Бино ба иттилои Асрор Тӯраев, раиси маҳалла, феълан мушкили боқимонда, пасоби ғализи бештар аз 20 хонаи маҳалла мебошад, ки ба назди бинои баландошёнаи истиқоматии шаҳраки 12 омада, боиси нигаронии зиёди сокинон гардидааст. Набудани лӯлаҳо барои пасоби ҳаммом сабаби асосии бадбӯй ва ба ботлоқ табдил ёфтани маҳалла шудааст. Оби ғализи кӯчаи Камонгарон ба маҳаллаи ҳамсоя омада, байни сокинон нофаҳмиро ба миён овардааст.
Саноат Соҳибова, собиқ раиси маҳалла гуфт, ки барои хобондани лӯлаҳо аз КВД «Обу корез» -и шаҳри Душанбе иҷозат гирифтаанд, аммо барои лӯлахобонӣ ва насби онҳо маблағ нест. Барои иҷрои ин кор 44 ҳазор сомонӣ зарур аст.
Як қисми кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоев ва роҳи мактаби № 90 муҳтоҷи таъмир буда, ниёз ба асфалтпӯш шудан доранд. 16 симчӯби барқии маҳалла низ дар ҳолати садамавист. Ҳамчунин барои майдончаи варзишӣ 2 сол пеш як қитъаи замин ҷудо шуда буд, ки ҳоло чун таваққуфгоҳи мошинҳо хизмат мерасонад. Сокинон хоҳиш доранд, ки барои кӯдакони онҳо ҳарчи зудтар майдончаи варзишӣ ба истифода дода шавад, - гуфт Асрор Тӯраев.
Ҳайдар Гулаҳмадов, муовини аввали раиси ноҳия тазаккур дод, ки ҷиҳати иваз намудани симчӯбҳои садамавӣ ва асфалтпӯш кардани роҳҳои маҳалла бо навбат дар доираи имкониятҳо чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд. Ӯ ҳалли пурраи хати лӯлаҳои обгузарро вазифаи КВД «Обу корез» - и шаҳри Душанбе арзёбӣ кард. - Бунёди майдончаи варзишӣ низ бе иҷозати расмии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба мо даст намедиҳад, - гуфт Ҳ. Гулаҳмадов.
Маҳаллаи Камонгарон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ буда, 296 хоҷагӣ ва 1300 нафар аҳолӣ дорад. Маҳалла аз се кӯча - Ғаффор Мирзо, Нурулло Ҳувайдуллоев ва Камонгарон иборат аст.
Чунин ба назар мерасад, ки баъди чопи чанд матлаб дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мусоидати доимии кормандони нашрия вобастаи ин мазвӯъ як қисми камбудиҳо, аз ҷумла чароғонсозӣ ва асфалтпӯшкунии роҳи кӯчаҳои маҳаллаи Камонгарон то андозае ҳалли худро ёфта истодааст. Аммо масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати пайваст намудани лӯлаҳои пасоби чанд хона ба шоҳлӯла тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Сафаргул АЛИМОВА,
Лашкар ШАРИФЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2064

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр

ДДТ. Як ҳамоиши муҳим

10.04.2019


Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Аҳмад ибни Абдуллоҳ

Масоили ҳамкории бахшҳои хусусии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ матраҳ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед