logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити хеле душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониву қонуншиканиҳо бо ҷалби ҳуқуқшиносони шинохта, олимон ва мутахассисони варзида таҳия ва 6 ноябри соли 1994 бо роҳи  раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ба ҷонибдории он аз 94,4 фоизи иштироккунандагон 87,59 фоиз раъй дода, моҳиятан роҳи тараққиёти ояндаи худро муайян карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: «Халқи тоҷик, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва  нобасомониву мушкилиҳои солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ, дарки қарзи ватандорӣ ва такя ба арзишу  муқаддасоти таърихиву  фарҳангии худ, нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул карда, орзую ормонҳои чандинасраи ниёгони хешро амалӣ намуд».
Бахусус дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳокимияти судӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуданд.  Давра ба давра татбиқ шудани  ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва дар доираи он таҳкиму такмил бахшидан ба сохтор ва фаъ-олияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор мераванд. Дар иртибот ба ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият эътироф намудааст, ки дар таҳкими қонуният, таъмини адолати судӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши муҳим мебозад.
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ, бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Тавассути ин ислоҳоти конститутсионӣ мақом ва мавқеи ҳокимияти судӣ  мушаххастар гардид. Тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 воридшуда ҳамчун идомаи мантиқии ислоҳоти ҳуқуқӣ, сиёсию иҷтимоӣ, ба марҳалаи муосири рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа вобаста буда, ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими мақоми конститутсионии шаҳрвандӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ равона гардидаанд. Бешак, онҳо ба рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
Бо назардошти он ки Конститутсия ифодагари манфиатҳои олии миллат мебошад, ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту меҳанпараст бояд меъёрҳои онро эҳтиром, риоя ва иҷро намояд. Маҳз дар ҳамин сурат мо метавонем ба ҳадафи олии худ - эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд муваффақ шавем.
Сайфиддин КАМОЛЗОДА,
раиси Суди шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 1698

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед