ҳуқуқ
НОРАСОИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА НОМУАЙЯНИИ ҲУҚУҚӢ. РОҲҲОИ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОНҲО ДАР ЕРЕВАН МАТРАҲ ШУД
- Баамалбарории назорати конститутсионӣ яке аз институтҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар он ба волоияти Конститутсия ва таъмини қонунияти конститутсионӣ дар давлат аҳамияти махсус дода мешавад. Бинобар ин, мавҷудияти институти босамари назорати конститутсионӣ дар давлат принсипи таҷзияи ҳокимиятро мустаҳкам карда, боздорӣ ва мувозинатро байни онҳо таъмин мекунад ва ба сифати яке аз омилҳои асосие маънидод мегардад, ки вобаста ба он дар маҷмӯъ аз сатҳи демократисозии ҷомеа баҳо додан мумкин аст.
Ин матлабро Маҳкам Маҳмудзода, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Конфронси байналмилалӣ, ки чанде пеш таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ (таҷрибаи давлатҳои мухталиф)» дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон - шаҳри Ереван доир гардид, ироа намуд. Мавсуф таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронсро ба мавзӯи «Нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ» ҷалб сохта, оид ба фаъолияти густурдаи Суди конститутсионии кишвар дар самти бартараф намудани норасоии қонунгузорӣ ва воситаҳои таъмини иҷрои қарорҳои суди конститутсионӣ иттилоъ дод.
Маҳкам Маҳмудзода тазаккур дод, ки дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, ҳамасола ирсол доштани Номаро оид ба вазъи қонунияти конститутсионӣ дар кишвар пешбинӣ намудааст. Дар Нома ба мақсади таҳким бахшидан ба раванди қонунияти конститутсионӣ дар мамлакат ба таваҷҷуҳи ҳокимияти қонунгузор таклифҳои мушаххас, ки аз ҷониби мақомоти назорати конститутсионӣ зимни пешбурди фаъолияташон муайян гардидаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Дар ин ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Арманистон ва Комиссияи венетсиании Шӯрои Аврупо баргузор гашт, намояндагони мақомоти назорати конститутсионии беш аз 30 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин мавзӯъҳои марбут ба мониторинги консти-тутсионӣ ҳамчун кафолати бартараф кардани холигии конститутсионализм, принсипи волоияти қонун ва татбиқи амалии он, кафолатҳои конститутсионии мустақилияти низоми судӣ, кафолати конститутсионӣ ва иҷрои қарорҳои Суди конститутсионӣ, нақш ва аҳамияти қарорҳои Суди конститутсионӣ дар бартараф кардани норасоии қонунгузорӣ ва номуайянии ҳуқуқӣ ва дигар масоили марбут ба таҳкими конститутсионализм бо назардошти таҷрибаи кишварҳои мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2016 №: 217 Мутолиа карданд: 2064