logo

ҳуқуқ

ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. САТҲИ КОРРУПСИЯРО АРЗЁБӢ КАРД

Тавре иттилоъ дода будем, 27 октябр дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори маҷлиси Ҳукумат ахбори директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ оид ба таҳқиқоти маҷмӯии сотсиологӣ ҷиҳати арзёбии вазъи коррупсия дар Тоҷикистон шунида шуд, ки он манзури хонандагон мегардад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020” дар давраи моҳҳои май - июни соли ҷорӣ вобаста ба муайян намудани сатҳи коррупсия дар миқёси мамлакат пурсиши сотсиологӣ гузаронд.
Дар ҷараёни пурсиш таҷрибаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд барои Тоҷикистон ба инобат гирифта шуда, он дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сарфи назар аз миллат, ҷинс, ҳизбият ва мансубияти динию нажодӣ амалӣ гардид. Аз ҷумла, пурсиш дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, омӯзгорӣ, технологӣ, намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Нурободу Рашт гузаронда шуд.
Зимни баргузории таҳқиқоти мазкур на танҳо муносибати аҳолӣ ба коррупсия, балки мавқеи онҳо бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мавриди таҳлилу хулосабарорӣ қарор дода шуд. Раванди пурсиш дар миқёси мамлакат бо усули миқдорӣ аз рӯи саволномае, ки дар он арзёбии сатҳи коррупсия муайян шудааст, баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 88 ҳазор нафар сокини кишвар ширкат варзида, фикру ақида ва мавқеи худро вобаста ба сатҳи коррупсия дар шохаҳои ҳокимият,  сабабу омилҳои ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои паст кардани шиддати он баён намуданд.
Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ дар давраи солҳои 2006 -2015 чор маротиба пурсиши сотсиологӣ гузарондааст, ки дар онҳо ба ҳисоби миёна аз 1200 то 3000 нафар шаҳрвандон иштирок кардаанд. Бо дарназардошти ба пурсишҳои қаблӣ кам ҷалб гардидани шаҳрвандон ва бо мақсади шаффофу воқеъбинона муайян кардани сатҳи коррупсия, агентӣ дар ин пурсиш шумораи зиёди сокинони минтақаҳои гуногуни кишварро ҷалб намуд.
Натиҷаи пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён зиёда аз 34 ҳазор нафар ё 39 фоиз сатҳи коррупсияро дар мақомоти идоракунии давлатии сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд арзёбӣ намудаанд, ки ба соҳаҳои заминсозӣ 39 фоиз, тандурустӣ 35 фоиз, маориф 25 фоиз, бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 36 фоиз ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 34 фоиз рост меояд.
Дар баробари ин, аксари иштирокчиён сатҳи коррупсияро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ баён намуданд.  Аз ҷумла,  ба   ақидаи  43 200 нафар ё 49 фоиз мақомоти прокуратура, зиёда аз 43 ҳазор нафар ё 49 фоиз гумрук, қариб 43 ҳазор нафар ё 48 фоиз андоз, 40 ҳазору 700 нафар ё 46 фоиз амният, қариб 32 ҳазор нафар ё 36 фоиз мақомоти судӣ, 39 ҳазор нафар ё 44 фоиз мақомоти  корҳои дохилӣ, беш аз 42  ҳазор нафар ё 48 фоиз Бозрасии давлатии автомобилӣ ва 27 ҳазору 700 нафар ё 31 фоиз комиссариатҳои ҳарбӣ фасодзада мебошанд.
Чӣ тавре аз нишондиҳандаҳо бармеояд, сохтору мақомоте, ки худашон бевосита субъекти бар зидди коррупсия муборизабаранда мебошанд, дар пурсиш бештар фасодзада арзёбӣ гардидаанд.
Махсус бояд зикр кард, ки дар пурсиши сотсиологии соли 2015, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуда, қариб 3 ҳазор нафарро фаро гирифта буд, бештар аз 45 фоизи шаҳрвандон маҳз ҳамин сохтору мақомотро нисбатан фасодзада баён карда буданд, ки ин боиси таассуфу нигаронӣ буда, андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи умумии иштирокчиён беш аз 19 ҳазор нафар ё 22 фоиз сатҳи коррупсияро дар кишвар паст, қариб 34 ҳазор нафар ё 38 фоиз миёна, зиёда аз 23 ҳазор нафар ё 26 фоиз баланд баён намуда, боқимонда 12 ҳазор нафар ё 14 фоиз мавқеи худро муайян накардаанд. Қариб 25 ҳазору 500 нафар ё 29 фоиз сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳишёбанда, 25 ҳазор нафар ё 28 фоиз афзоишёбанда арзёбӣ карда, 22 ҳазору 700 нафар ё 26 фоиз чунин ақида доранд, ки сатҳи коррупсия тағйир наёфта истодааст.
Дар ҷараёни гузарондани пурсиши сотсиологӣ иштирокчиён дар баробари арзёбии сатҳи коррупсия, барои беҳтар намудани мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Чунончи, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ, баланд бардоштани андозаи ҳадди ақали маоши миёна дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, пурзӯр намудани ҷазо нисбат ба шахсоне, ки ба ришваситонӣ ва дигар амалҳои коррупсионӣ даст мезананд, аз ҷумлаи пешниҳодҳои баёншуда мебошанд.
Ба ақидаи аксари иштирокчиён тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи васеъ қарор додани амалҳои содиршудаи коррупсионӣ ва ба хизмати давлатӣ таъйин намудани шахсони поквиҷдон, лаёқатманду босавод роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия маҳсуб меёбад. Ҳамзамон бо ин, қисмати дигари иштирокчиён ташаккули маърифати инсондӯстӣ, эҳтироми арзишҳои фарҳангиву миллӣ, бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, садоқат ба халқу Ватан ва сода гардондани  намудҳои хизматрасонӣ ба аҳолиро аз ҷумлаи омилҳои коҳишдиҳандаи сатҳи коррупсия  арзёбӣ намудаанд.
Агентии  назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ доир ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ошкору бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва сабабу шароити ба он мусоидаткунанда ва бо ҳамин роҳ паст кардани сатҳи коррупсия дар ҷомеа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, натиҷаи таҳқиқоти сотсиологии гузарондашударо дар фаъолияти минбаъдаи худ ҳамаҷониба истифода мебарад. Ҳамчунин, ба мақсад мувофиқ аст, ки натиҷаи ин таҳқиқот дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарорӣ қарор дода, ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба паст намудани сатҳи коррупсия чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 2010

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед