logo

номаҳо

РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР БА ПОЁН НАМЕРАСАД

75 сол умр дорам. Аз ин нисф зиёдашро дар мактаб сарф кардаам, дар тарбияи насли наврас. Чанд насли деҳа аз шогирдони мананд. Ин бароям ифтихор аст. Замоне ки истиқлолият ба даст овардем, рӯзгорамонро аз куҷое боди сиёҳ таҳдид карда, қисмате аз орзуҳоямонро баробари молу ҳол ва ҷони мардум аз мо бурд. Аммо ба хушбахтии мо нафаре сари қудрат омад, ки чашмаш заррае бим надошт, на аз боду газанд ва на аз тиру тӯфанг. Ба қавле, мардум роҳбарашро ёфт.
Тадриҷан зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ овард, кишвар бештар аз пештар  обод гардид. Агарчӣ тасаввур намекардем, ки замоне мешаваду нафаси осуда мекашем, фарзандону наберагони мо дар синфхонаҳои барҳаво таълим мегиранд ва пайи таҳсил ба хориҷи кишвар низ мераванд.
Аз дунёи мактабу маориф дур нестам, агар ба нафақа баромадаму давлати пирӣ меронам. 48 соли дарс гуфтан ба шогирдон, кор бо доираи омӯзгорон, ҳамфикрӣ бо ҷомеа таассуроти неке дорад. Дар ин муддат меҳнатам бо чандин ифтихорномаҳо ва унвони «Аълочии маорифи ҷумҳурӣ» қадрдонӣ гардид, вале бароям фаъолияти фарзандону шогирдон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт ифтихори дигар дорад.
Аслан замони фаъолияти мо мушкилиҳо хеле зиёд буданд, на ҳама маълумоти олӣ доштанд, технология барои мо тамоман ноошно буд, дастрасӣ ба воситаҳои аёнӣ, ки имрӯз дар мағозаҳои китобфурӯшӣ ҳам ҳастанд, дар мактабҳо ҳам кори осон набуд.
Имрӯз чӣ? Имрӯз, шукронаи  сулҳу пешрафт ва ҳукумати ҷоноҷонамон, ки таҳти роҳбарии Сарвари худ дастрасии ҳамаи ҷавононро ба таҳсил осон гардондааст.
Албатта, зарур аст, ки махсусан насли нави омӯзгорон бо истифода аз шароитҳои муҳайёгардида сатҳи сифати таълимро ба боло бибаранд  Инчунин, таълиму тарбия бояд ҷавобгӯи талаботи давр бошад. Бо дарки дурусти ин масъала ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки омӯзгор ҳуқуқи хато карданро надорад. Хатои ӯ, воқеан, хатои ҳазорон - ҳазор шогирдон маҳсуб мешавад, аз ин рӯ, нобахшиданист.  
Талбак  КАМОЛОВ,
собиқадори меҳнат,
шаҳри Роғун


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 7157

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон

Ҷаҳон дар як сатр

Гӯшаи кишоварз

Судяи иёлати Гавайя фармони Трампро аз амал боздошт

Дар Димишқ се маргталаб худро тарконд

Ба 17 миллион яманӣ гуруснагӣ таҳдид мекунад

Озод кардани австрализани рабуда дар Афғонистон

Ҳавопаймои дубаҳраи чинӣ ба парвози нахустин омодагӣ мегирад

15.03.2017


Нақши осори Бедил дар рушди дипломатияи мардумии фарҳангӣ

Тоҷикистону Чин: тақвияти ҳамкориҳои илмӣ

Тантанаҳои наврӯзӣ 21 март оғоз мегарданд

Вусъати корҳои ободонӣ

Қолинбофӣ рушд меёбад

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон 30 гаравгонро озод карданд

ЮНИСЕФ: порсол дар Сурия 650 кӯдак ҳалок шуд

ИМА нисфи маблағгузории СММ – ро коҳиш медиҳад

Ҳалокат дар садамаҳои ҳавоӣ 2 маротиба афзудааст

Покистон аҳолиашро аз нав ба ҳисоб мегирад

13.03.2017


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР АКАДЕМИЯИ ВАО

Афзалиятҳои Стратегияи миллии рушд матраҳ гашт

Баррасии таҳкими ҳамкориҳо

Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт – 2017»

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон

Изҳори сипос ба «Ҷумҳурият»

Боб-ус-Сағир ҳадафи ҳамлаи террористӣ гашт


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед