logo

сиёсат

ИҶЛОСИЯИ ШОНЗДАҲУМ. ҶАЛАСАЕ, КИ ТОҶИКИСТОНРО БА МАСИРИ ШУКУФОӢ РАҲНАМУН КАРД

Иҷлосияи ХVI Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид.
Эмомалӣ РАҲМОН

Бо назардошти моҳият ва нақши созандаи худ Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи рӯйдод ва воқеаҳои рангини таърихи навини тоҷикон буда, ба сарнавишти давлати соҳибистиқлол, инкишоф ва мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Тоҷикистон мусоидат намудааст. Ҳамин аст, ки бо гузашти солҳо қимату манзалати ин иҷлосия боз ҳам афзунтар мегардад.
Аз муҳимиятҳои хоси иҷлосия аст, ки дар он зиёда аз 30 қарору қонун, назири қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бобати ҳифзи гурезаҳо ва ба ҷои зисти  доимиашон баргардонидани онҳо», «Дар бораи тасдиқи  Низомномаи Парчам», «Дар бораи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муроҷиатнома ба азҳоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо ва тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ»  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим қабул гардиданд, ки барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар  нақши  ҳалкунанда бозидаанд.
Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  изҳороти  худ Барномаи аз буҳрони иҷтимоӣ - сиёсӣ баровардани кишварро пешниҳод намуд. Ин барнома таъмини босуръат ва саривақтии барқарорсозӣ, фаъолияти муътадили ҳамаи сохторҳои   ҳокимият ва мақомоти идоракуниро дарбар гирифта буд. Дар он давра масъалаи муҳими дигаре, ки дар мадди назари сиёсати дохилию хориҷии кишвар қарор дошт, ин ба ватани худ баргардондани  гурезаҳою муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани  манзили харобгардидаи  онҳо  ва фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Дар ҳалли ин масъала роҳбари навинтихоби  ҷумҳурӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ  даъват ба амал овард. Дар натиҷа шурӯъ аз соли 1993 раванди  бозгашти  шаҳрвандон ба ҷойҳои зисти доимиашон, алалхусус аз Афғонистон шурӯъ шуда, он ду сол идома ёфт. Дар натиҷаи заҳматҳои пайгирона гурезаҳо ба ватан баргаштанд.
Ниҳоят, Ҳукумати нави мамлакат, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ таъсис ёфт, баҳри ҳифзи истиқлолияти кишвар дар он давраи ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ, Консепсияи сиёсати оштии миллиро рӯи кор овард. Акнун дар кишвар заминаҳои воқеӣ омода гардиданд, ки ба воситаи онҳо пеши роҳи ҷанг ва дигар харобкориҳо гирифта мешуд.  Баъдан, 6 ноябри соли 1994  нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул ва Президенти кишвар интихоб гардид. Таҷрибаи  сулҳи Тоҷикистон  ҳамчун  падидаи  нек  аз ҷониби   ҷомеаи  ҷаҳонӣ  пазируфта  шуд, ки ҳоло  аз  он  дар  минтақаҳои   даргир  баҳри  хомӯш кардани муноқишаҳои сиёсӣ истифода  мебаранд.
Бо қабули Конститутсия низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвар дар раванди принсипҳои демократӣ таҳким ёфт. Дар кишвар барномаҳои мушаххас   баҳри инкишофи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ қабул гардида, татбиқи амалии онҳо Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар масири рушди бонизом қарор дод.
Пиралӣ НАЗАРОВ,
мудири  кафедраи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 1545

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед