logo

фарҳанг

ҒАФФОР ВАЛАМАТЗОДА ВА МАСОИЛИ КАСБИЯТУ БАДЕИЯТДАР РАҚСИ МУОСИРИ ТОҶИК

Садаи ХХ баҳри рушду такомули ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик шароити мусоид фароҳам овард. Дар натиҷаи таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ анвои гуногуни ҳунарҳои нафиса, ки дар замони қабл тақрибан заифу коста гардида буданд, аз нав эҳё шуданд. Ин шароити мусоиди таърихиро ҳунармандони тоҷик  дарк намуда, аз он ба таври густурда истифода намуданд. Дар ин давра шаҳри Душанбе ба ҳайси пойтахти давлати навбунёди тоҷикон пазируфта шуд ва баъдан аз тамоми шаҳрҳои бостониву таърихии тоҷикнишин афроди соҳибзавқу хушсалиқа ба пойтахти ҷадиди тоҷикон омаданд.
 
Дар қатори дигар шахсиятҳои фарҳангиву адабӣ Ғаффор Валаматзода низ аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Валаматзода аз хурдӣ ба рақсу суруд дилбастагии хос дошт. Ин саргармии даврони туфулият ояндаи ҳунарварро таъйин сохт. Меҳри ҳунар ӯро ба Тошканд, ба театри овозадори ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ бурд. Дар ин даргоҳ аз устоди рақс Екатерина Обухова назокати рақси классикиро омӯхт ва бо санъати балет ошно гардид. Баъди ба Душанбе омадан Валаматзода ба Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки баъдан ба ду гурӯҳи эҷодӣ: театрҳои драмавӣ ва мусиқӣ тақсим шуд, ҷалб гашт. Соли 1934 ӯ дар саҳнаи театр нақши Валиро аз намоишномаи «Аршин мол олан» - и Узиёр Ҳоҷибеков офарид. Пасон, ҳини бунёди Театри мусиқӣ дар соли 1937 ва Театри опера ва балети тоҷик (соли 1939) ҳунарманд ба кори театри мазкур гузашта, салиқаи ҳунарии хешро сайқал дод.
Ғаффор Валаматзода дар саҳнаи театри мусиқӣ асарҳои зиёдеро ба саҳна гузошт. Аз ин қабил метавон сюитаҳои рақсии «Лола», «Синахурӯш», «Нағорабазм», «Ҷигарпора», «Чорзарб», «Гулҳои Хатлон», «Парвона», «Салла», «Ҳафт пайкар», «Чархи дузонӯ», «Таблакҳо», рақсҳои бадахшонӣ, уйғурӣ, дашнободӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эронӣ, юнонӣ, молдовӣ, арабӣ ва ғайраро ном бурд.
Аз нимаи дувуми садаи гузашта санъати синамои тоҷик рушд намуда, дар худ дастовардҳои тамоми ҳунарҳои зеборо ҷой дод. Бешак, ҳунарваре чун Ғаффор Валаматзода, наметавонист аз ин раванд барканор бошад. Ӯ барои филмҳои «Дохунда», «Достони Сиёвуш», «Субҳи Ганг», «Писари Тоҷикистон», «Рустам ва Суҳроб» - и Б. Кимёгаров, «Ман бо духтаре вохӯрдам» - и Перелштейн, «Оташи таҳти хокистар» - и Т.Собиров ва ғайра рақсҳои ҷолибе офарид. Ҳунари синамо ӯро ба худ кашида, ба навиштани филмномаҳо низ водор сохт. Аз ҷумла, дар филми машҳури «Лайлӣ ва Маҷнун» (1960), ки дар асоси балети Сергей Баласанян офарида шудааст, ба ҳайси муаллифи филмнома, таҳиягар ва устоди рақс ширкат намудааст.
Он замон Ғаффор Валаматзода дар Театри опера ва балет фаъолият дошт ва эҳсос намуд, ки дар он раққосони маҳаллӣ ангуштшуморанд ва дар доираи санъати балет нафосати рақси миллиро наметавон ба пуррагӣ дарёфт. Бинобар ин, барои таъсиси ансамбли рақсӣ талош варзид. Дастаи ҳунарии таъсисдодаи ӯ унвони ансамбли давлатиро мусаммо гашт ва бо унвони «Лола» фасонаи офоқ шуд. Дар ансамбл Валаматзода беш аз ҳама такя ба ғановати рақси мардумӣ намуда, онро ба дастовардҳои ҳунари рақси саҳнавӣ омезиш дод. Баҳри пиёда намудани ин ҳадафи наҷиб ӯ аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ соҳибҳунарони ҷавонро гирд оварда, ба омӯзиши онҳо пардохт. Дар ин роҳ вақту заҳмати зиёде сарф шуд. Дар натиҷа ансамбли «Лола» нигини ҳунари воло гардида, рақсҳои таҳиянамудааш бо номҳои «Дар домани кӯҳ», «Рақси духтарон», «Бахт  омад», «Сюитаи идона», «Суруди кӯҳсор», «Баҳори Тоҷикистон» шуҳраи ин дастаи ҳунариро таъмин намуданд.
Дар дастаи ҳунарӣ як қатор устодони рақс тарбия ёфта ба воя расиданд, ки имрӯз раванди инкишофи рақсии миллиро идома медиҳанд. Онҳо Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳалима Эркаева, Шарофат Рашидова, Хосият Боева ва дигарон мебошанд. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки шогирдони устод мактаби ҳунариашро натавонистанд идома бидиҳанд. Солҳо дар барномаи даста дигаргуние ворид нагашт. Дастаҳои рақсии «Ҷаҳоноро», «Сомон», «Гулрез», «Чаман» ва «Падида», ки дар заминаи дастаи «Лола» ба вуҷуд омаданд, анъаноти онро идомабахш нагаштанд. Ҷойи эҷодкориро тақлидкорӣ гирифт. Беҳтарин анъанот аз байн рафтанд. Дар шароити кунунӣ рақсҳои зиёди миллии қадима аз саҳна дур шуда, анъаноти неки он фаромӯш гашт.
Рақси миллии тоҷикӣ қоидаҳои хеш ва вижагиҳои хосаи худро дорост. Онро бояд ҳифз кард ва инкишоф дод. Беҳтарин рақсҳое, ки аз ҷониби Ғаффор Валаматзода таҳия шудаанд, дар асоси сарчашмаҳои мардумӣ рӯйи саҳна омадаанд. Ба дастандаркорони ҳунари рақс лозим аст, ки тамоми сарватҳои мавҷударо фаро гирифта, чунин асарҳое офаранд, ки ба ниёзмандиҳои зеҳниву равонии мардум ҷавобгӯ буда, аз ҳунари волои миллӣ дифоъ намоянд.
Тамоми ҳаёту эҷодиёти Ғаффор Валаматзода баҳри татбиқи асолати ҳунари мардумӣ харҷ гардида. Дар сурати фарогирии асолати ҳунари миллӣ мо метавонем осонтар ба раванди ҷаҳонишавӣ тамос гирифта, ба ҷараёни ҳунари ҷаҳонӣ таъсири мусбат расонем.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 2395

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед