logo

сиёсат

ДАСТОВАРД. КОНСТИТУТСИЯИ МО 22 - СОЛА ШУД

Ҳар миллате, ки ба соҳибихтиёрии воқеӣ ноил гаштааст, ҳамаи имконоти дар ихтиёр доштаашро ба он равона месозад, ки заминаҳои давлатдории миллиро устувор гардонад. Ин заминаю асосҳо самтҳои гуногуни сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳарбӣ доранд, ки дар асоси ҳар яки онҳо миллат бояд пешрафта ва қобили ҳифзи манфиатҳои хеш бошад.
 
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол санади олии ҳуқуқиест, ки дар қатори дигар арзишҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон карда, ҳамзамон омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷамъиятро муайян менамояд. Он шаклҳои моликият ва ташкили фаъолияти иқтисодӣ, муносибати шахс бо давлат ва муҳимтарин ҳуқуқу вазифаҳои онҳо, таносуби қувваҳо, инчунин гурӯҳҳои иҷтимоии ҷамъиятро дар низоми сиёсӣ  аниқ сохта, таъйинот, вазифа, таркиби дохилӣ ва сохтори мақомотро инъикос кардааст.
Конститутсия заминаи баланди ҳуқуқии ҳамкории давлатро бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ муқаррар кардааст. Гуфта шудааст, ки Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилоти байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Ин меъёр қадаме дар муайянсозии мавқеи давлат дар раванди ҷаҳонишавӣ буда, барояш имкон медиҳад, ки бо назардошти манфиати халқ, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои байналмилалӣ ширкат намояд.
Зикри як нукта муҳим аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги миллат ба ҳисоб рафта, табиист, ки бо пешрафти ҷомеа, ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ тағйир меёбад ва ба он меъёрҳои ҷавобгӯи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ илова мешаванд. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар таҷрибаи давлатдории ҳамаи кишварҳо ҷой дорад. Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли ҷорӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба Қонуни асосии кишвар се маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуданд. Ин тағйиру иловаҳо бо назардошти дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷомеа, инкишоф ва тағйир ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурати такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба талаботи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ гардондани меъёрҳои конститутсионӣ ва таъмини пешрафти минбаъдаи ҷомеа ба вуқӯъ пайвастанд. Онҳо ба ташаккул ва инкишофи падидаҳои ҳуқуқӣ - конститутсионӣ, мукаммал гаштани таҷрибаи татбиқи ин падидаҳо мусоидат менамоянд.
Парвиз ЛОИҚОВ, 
мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,  номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 1337

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед