logo

ҳуқуқ

КАФИЛИ ВАҲДАТ ВА ОЗОДӢ

Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ҳамчун санаи хотирмон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Зеро дар ин рӯзи муборак тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Тибқи муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Дар он сохторҳои ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми интихобот, мақомоти давлатӣ ва дигар муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ дарҷ ёфтаанд. Он заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод. Дар доираи муқаррароти Конститутсия барои фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ низ шароит фароҳам омада, оғози марҳалаи сифатан нави инкишофи давлат ва халқи тоҷикро ба шоҳроҳи бузурги ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фаъолияти созандаву бунёдкорона раҳнамун сохт. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз азму иродаи мардуми Тоҷикистонро оид ба тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии давлат эълон намуд. Яъне, дар мазмуну муҳтавои он роҳи ояндаи давлатдории мустақили мо муайян гардида, асосҳои конститутсионии ташаккул ва инкишофи минбаъдаи он ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати татбиқи босамари меъёрҳои Конститутсия аз ибтидо то ба имрӯз аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардида, инчунин дар доираи таҳаввулоти ахири конститутсионӣ ба як қатор қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки дар таҳкими низоми ҳуқуқии кишвар нақши назаррас доранд. Бори аввал ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон истисно дар назди қонун баробар эълон шуда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ уҳдадор шуданд, ки иқтидори сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии давлат ва ҷомеаро ба нафъи инсон ва шаҳрванд истифода баранд.
Дар партави нишондодҳои Конститутсия ва азму талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо сол ба сол рушду нумуи тоза касб намуда истодааст. Иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи Сарвари хирадпешаи давлат буд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат хотима ёфта, арзишҳои миллӣ эҳё ва корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат гирифтанд.
Далер ЗУҲУРЗОДА, 
муовини раиси суди шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.11.2016    №: 220    Мутолиа карданд: 2473
23.04.2021


Ҳамкорӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ шуд

ҲИНДУСТОН. РЕКОРДИ НАВИ СИРОЯТЁБӢ БА ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ДАР БИСТ РӮЗ 82 ДАРСАДИ НАҚША ИҶРО ШУД

ВАЗЪИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР

РОҒУН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

2020. Пешгирии 44 амали террористӣ дар Россия

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДЗЮДО

Навиди фарҳанг

ДАР ХУҶАНД МАКТАБИ ОКСФОРД БУНЁД МЕШАВАД

“МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ҲИНДУСТОН”

21.04.2021


ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ ТАЪКИД ГАРДИД

20.04.2021


САФАРИ КОРИИ МИШЕЛ ТАРРАН БА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЛИГАИ ОЛӢ

Конфронси Истанбул – шонси таърихӣ барои Афғонистон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед