logo

номаҳо

НОМГУЗОРӢ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБ НОГУЗИР АСТ

Хуб аст, ки солҳои охир тарзи навишти ному насабҳо тоҷикӣ шудаанду мешаванд. Боиси ифтихори ҳар яки мо аст, ки ба асли хеш бармегардем. Дар иҷрои ин кори нек Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус зоҳир намуданд. Ташаббуси мазкур, воқеан, ташаббуси таърихӣ ва дар айни ҳол барои миллат бисёр зарур буд. Дар як муддати кӯтоҳ навишти бисёр ному насабҳои шаҳрвандон тоҷикӣ шуданд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки навишти онҳо якхела, аз рӯи қоидаву тартиботи муайян нест. Кори мо – омӯзгоронро он душвор менамояд. Дар журнали синфӣ навиштани тарзҳои гуногуни ному насабҳои хонандагон як берабтиро ба вуҷуд меорад. Тартиби алифбоӣ низ меъёрҳои худро дар ин маврид гум мекунад. Барои мисол чанд тарзи навишти ному насабро меорам:
Абдулло Назрулло
Саидзода Саиди Саид
Шарифова Шарофат Шарафовна
Назираи Назир
Назирмад Назарзода
Салим Салимӣ
Расулзода Расул Расулӣ
 
Сӣ ва ҳам гоҳҳо беш аз он ному насаби хонандагонро бояд омӯзгор  дар журнали  синф бо тартиби алифбо ҷой бидиҳад ва ба ҳар дарс ба онҳо ба шакли навишташуда муроҷиат бинамояд. Тавре рӯшан бармеояд, ин кори осон нест. Ба яке агар Саидзода Саид гуфта муроҷиат бикунем, дигареро бояд Назир Назира бигӯем. Хонандаи сеюм мехоҳад, ки номи ӯро Расул Расулӣ бар забон бигирем, на Расулзода Расул. Ман вазифадорам, ки аз рӯи талаботи мавҷуда ба ҷойи Абдулло Назрулло акси он, яъне Назрулло Абдулло бинависам. Навишту талаффузи Шарифова Шарофат Шарафовна барои насли наврас, хоса ҳамсинфон ҳолиё ғариб мебошад. Дар шиносномаҳои хориҷӣ ба ҳуруфоти англисӣ номи тоҷикии Саидзода Саиди Саид тағйир меёбад. Он ба тарзи Саидзода Саиди навишта мешавад. Яке аз хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи мо аз он шикоят намуд, ки дар хориҷи кишвар ӯро «Саидӣ», на Саид, ном мебурданд. Саъю кӯшишаш барои  талаффузи дурусти номаш аз ҷониби хориҷиён ҳеҷ фоидае набахшидааст.
Ҳамин тавр, фикр мекунам, ки ин масъала бисёр ҷиддӣ маҳсуб мешавад ва ҳалли дурусти он ҳар чи  зудтар ногузир мебошад. Яъне бояд шакли дуруст ва ягонаи навишти ному насаби тоҷикӣ ҷорӣ ва камбудиҳои мавҷуда  рафъ бишаванд.
С. АВАЗОВ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 6632

29.03.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Мозен Шомия

Баргузории Форуми байналмилалии сатҳи олӣ

Тавсеаи ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон

Дар Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонҳои филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Муҳориба дар Хома қариб 30 ҳазор нафарро гуреза кард

Эътирози қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарҳи манъи силоҳи ҳастаӣ

Парламенти Шотландия ҷонибдори раъйпурсии нав шуд

Қирғизистон: ҳалокати чор корманди вазорат дар зери тарма

Хуруҷи менингит боиси марги 140 сокини Нигерия гашт

Дар Ӯзбекистон дорухонаҳои гароннарх баста мешаванд

28.03.2017


Изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ

Иштироки Сироҷиддин Аслов дар чорабинии сатҳи баланд

Файзулло Холбобоев ба Президенти Молдова эътимоднома супурд

Таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ дар Москва

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёҳои Элок ва Кофарниҳон

Тантанаҳои наврӯзӣ дар Фархор

Омодагӣ ба хатарҳои эҳтимолӣ ё машқҳои муштараки зиддитеррористӣ дар Хатлон

Ҷаҳон дар як сатр

Кӯшиши муштараки Русия ва ИМА метавонад ҷанги Сурияро хотима бахшад

ЮНЕСКО барои ҳифзи ёдгориҳо аз терроризм 75,5 миллион доллар ҷудо мекунад

Дар Перу як шаҳр зери об монд

Ҳазор доллар барои тарки ихтиёрии Австрия

Twitter қариб 400 ҳазор сафҳаро баст

18.03.2017


Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ

Баррасии ҷалби ширкатҳои Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳо

Вохӯрии Сумангул Тағойзода бо Пратибҳа Меҳта

Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон матраҳ гардид

ЛАХШ. Сар аз як гиребон

16.03.2017


«Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масоили об»

Ҷаласа дар ҳузури Азим Иброҳим

Боздиди сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Венҷоу

Ҳадаф – муаррифии фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед