logo

маориф

КИТОБҲОИ ДАРСӢ. ОЁ ХОНАНДАГОН ПУРРА ТАЪМИНАНД?

Бо вуҷуди он ки Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  фурӯши озоди китобҳои дарсиро манъ кардааст, тамоми бозорҳои кишвар аз онҳо моломоланд. Арзиши китобҳо аз оне, ки вазорат  муайян намудааст, фарқ мекунад: онҳо қимати бештар доранд. Масалан, китоби "Технология (таълими меҳнат барои духтарони синфи 6)" - ро Вазорати маориф ва илм 7,62 сомонӣ муқаррар намудааст. Аммо дар бозори «Корвон» онро бо нархи 13 ва  дар «Саховат» ба маблағи 25 сомонӣ мефурӯшанд. Нишондоди мазкур дар бозорҳои навоҳии кишвар зиёдтар аст. Масалан, ҳамин китоб дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ 30 сомонӣ арзиш дорад. Ин амал ҳоло боиси нигаронии мардум шудааст. Шикояти мардум аз он аст, ки имкони ба чунин арзиш харидани якчанд китоби дарсиро надоранд. 
Сокини пойтахт Фирӯз Самадов  мегӯяд: фарзандонам дар мактаби № 42- ноҳияи Фирдавсӣ таҳсил мекунанд. Соли гузашта баъзе аз  китобҳои таълимии писарамро аз бозор  бо нархи гарон харидам. Танҳо китоби «Забони модарӣ»  синфи 4,  40 сомонӣ арзиш дошт. Имсол ҳам барои ӯ аз бозор се китоби дарсӣ  харидам, ки нархи кам надоштанд.
Вазорати маориф ва илм фурӯши озоди  китобҳои дарсиро ба он хотир манъ кардааст, ки аз соли 2001 муассисаҳои таълимиро  ба китоби дарсӣ таъмин месозад. «Дар сурате, ки хонандагон  пурра ба китоби дарсӣ  таъмин шаванд, чӣ ҳоҷат ба фурӯши озоди он», - мегӯянд мутахассисони соҳа. 

Кӣ иҷозати фурӯши китоби дарсиро дорад?
Ба ин мақсад вазорат ҳоло танҳо ба ду мағоза, яке дар назди вазорат  дигаре дар хиёбони Рӯдакӣ  ва ба ду нуқтаи дигар дар бозори «Корвон» - и пойтахт иҷозати фурӯши китоби дарсиро додааст. Тибқи шартнома ин нуқтаҳо бояд китобҳоро бо даҳ дарсади  иловаи маблағи  муайянкардаи вазорат фурӯшанд. Масалан, арзиши китоби «Математика»  (синфи 4) - ро вазорат 12,33 сомонӣ муайян намудааст. Аммо нуқтаҳои мазкур бояд онро ба нархи 13, 56 сомонӣ  фурӯшанд. 
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа  дар ин нуқтаҳо китобҳо на танҳо барои хонандагон, ҳамчунин барои омӯзгороне  пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд китоби худро дошта бошанд. 
- Ҳамасола мактабҳо вобаста ба талабот ва дархосташон бо китоби дарсӣ таъмин мешаванд. Ҳангоми чопи китоб на танҳо мазмун, балки  безарарии он (китоб бояд дар варақи сафед бо хатти хоно нашр гардад. Дар акси ҳол он ба нури чашм зарар мерасонад ва метавонад боиси бемориҳои роҳи нафас гардад) ба инобат гирифта мешавад. 
Китобҳо ба муҳассилин ба таври иҷора пешниҳод  мегарданд. Аз рӯи тартиби  ба иҷора додан китоб маблағи онҳоро хонандагон дар давоми се сол мепардозанд. Баъди  пардохти пурраи арзиши аслии он (100 дарсад),  агар китоб дар ҳолати хуб бошад, соли чорум ва солҳои минбаъда низ  хонанда онро истифода мекунад. Аммо маблағи соли чорум ва солҳои минбаъда набояд аз 50 дарсади  арзиши иҷораи соли сеюм зиёд бошад, - мегӯяд Комил Исоев, директори муассисаи табъу нашри Вазорати  маориф ва илм.
Яъне, то он даме, ки китоб дар ҳолати хуб асту истифодаи он имконпазир,  мактаб аз хонанда ҳаққи истифодаи онро мегирад. Ба андешаи мутахассисони соҳа арзиши китобҳо  вобаста ба сатҳи иҷтимоии аҳолӣ  муайян шудааст. Дар муқоиса ба ҳамсоякишварҳо китобҳои дарсӣ дар кишвари мо нархи камтар доранд. 
Воқеан, аз рӯи маълумот оид ба арзиши аслӣ ва иҷораи китобҳои дарсӣ, ки Вазорати маориф ва илми кишвар муайян кардааст, қимати он баланд нест. Бо вуҷуди он ки шуъбаҳои маориф барои пӯшондани хароҷоти нақлиёт оид ба дастрас кардани китобҳо ва  музди меҳнати мутасаддиёни соҳаи китоб, метавонанд то 2 дарсад ба нархи муайянкардаи вазорат  илова намоянд. 
Тибқи маълумоти арзиши аслии китобҳои дарсӣ барои соли хониши 2016, ки онро Вазорати маориф ва илм муайян намудааст, нархи аз ҳама баланди китоб 20, 56 сомонӣ муқаррар гардидааст. Агар шуъбаҳои маорифи навоҳии кишвар ба ин маблағ 2 дарсад арзиши иловагӣ зам намоянд, ин маблағ 21, 78 сомониро ташкил медиҳад, ки онро хонандагон дар давоми се сол пардохт месозанд.
Иқдоми нав - мушкилот зиёд
Баъд аз ин иқдом интизор мерафт хонандагон сари вақт  пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин мешаванд. Ҳамзамон барои волидайни толибилмон дигар ҳоҷати саргардонӣ, зарурати аз бозор ва ё ҷойи дигар харидани китоби дарсӣ пеш намеояд. Мутаассифона,  чунин нашуд. Аз рӯи мушоҳидаҳое, ки дар бозору дуконҳои китобфурӯшӣ доштем ва суҳбате, ки бо волидайни хонандагон, китобдорони муассисаҳои таълимӣ анҷом додем, маълум шуд, ки норасоии китоб ҳамоно дар муассисаҳои таълимӣ эҳсос мегардад. Ҳанӯз ҳам мардум  баъзе аз китобҳои  фарзандонашонро ба нархи гарон аз бозору дуконҳои гуногун  мехаранд. 
Акмал  Пулатов, ки  дар бозори  «Корвон» дар асоси шартномаи Вазорати маориф ва илм ба фурӯши китоб машғул аст, мегӯяд, ки ҳамасола баробари фаро расидани соли нави таҳсил  талаботи мардум ба китобҳои дарсӣ меафзояд. Бисёр волидон аз он шикоят доранд, ки ҳангоми тақсим ба фарзандашон китоб нарасидааст ва ё китоби таъминкардаи мактаб фарсуда аст. 
Ҳоло дар бозор роҳ ёфтани китоб як сабаб дорад: норасоӣ ё сари вақт  дастраси хонанда нашудани он дар муассисаҳои таълимӣ. Ин мушкил боис гардида, ки ҳамасола пеш аз он, ки китоб дар мактаб ба дасти хонанда  расад, бозорҳои шаҳру навоҳии кишвар  аз онҳо  пур мешаванд. 
 
Китоби дарсӣ: дар бозор зиёд, аммо дар мактаб намерасад
Имсол баъзе аз хонандагони синфи яки мактаби № 8 – и ноҳияи Фархор низ сари вақт бо китоб таъмин нашуданд.
- Барои 187 нафар хонандаи синфи  1 аз шуъбаи маорифи ноҳия 1 китоби «Алифбо» ҳам нагирифтем. Аз ин сабаб  бештари  хонандагон ин китобро  аз бозор хариданд, - мегӯяд Гулшан Ҳабибова, китобдори  ин мактаб.
Дар ҳоле, ки баъзе  китобҳо дар мактабҳо намерасанд, онҳо дар бозор фаровонанд. Ташвишовар он аст, ки тоҷирон ба хонандагон  китобҳоеро пешниҳод менамоянд, ки сифати паст доранд, яъне шакли аслӣ набуда,   нусхабардорӣ шудаанд ва касе кафолати безарар будани онро ба сиҳатии хонандагон намедиҳад. Чунин китобҳо арзиши камтар доранд. Ба ин хотир мардум онҳоро низ мехаранд. 
 
Чӣ бояд кард?
- Барои сари вақт ва пурра бо китоби дарсӣ таъмин намудани  хонандагон ба шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар нусхаи электронии китобҳоро фиристодаем. Ҳоло ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба он дастрасӣ доранд. Аз он омӯзгорон ва ҳам хонандагон метавонанд истифода намоянд, -  мегӯяд Комил Исоев, директори муассисаи табъу нашри Вазорати  маориф ва илм.
Воқеан,  пешниҳоди нусхаи электронии китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таълимӣ андешаи хуб аст. Аммо, магар  хонандаи синфи як, ду ва  ё се метавонад аз он истифода  намояд?
Ҳоло мутахассисони соҳаи маориф  иддао доранд, ки бештари китобҳое, ки дар бозорҳои кишвар фурӯхта мешаванд, моли вазорат нест. Балки китобҳое мебошанд, ки тариқи қочоқ  ба бозор ворид шудаанд. Агар чунин аст, пас чаро аз онҳо хонандагон истифода мебаранд? Дар ҳоле ки тибқи банди 19 - и тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ  ба мактаб дастрас намудан ва мавриди истифода  қарор додани ҳар гуна  китобҳои дарсии чопи  ғайристандартӣ ва нусхабардоришуда, ки бе иҷозати Вазорати маориф ва илми кишвар сурат гирифтааст, қатъиян манъ аст.  
Зарурати  аз бозор харидани китоб  ва ҳам дар бозор роҳ ёфтани китобҳои қалбакӣ танҳо дар сурате аз байн меравад, ки Вазорати маориф ва илм хонандагонро сари вақт  ва пурра ба китоби дарсӣ таъмин созад. Ин кор кай амалӣ мегардад?
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 6702

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед