logo

сиёсат

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ АЗ МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ АСТ

Бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад, баргузории як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар аст. Тибқи нақша дар ин рӯз дар қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фароғатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барномаҳои фарҳангӣ, дар бинои Сирки давлатӣ ва театрҳо намоишномаҳо ба таври ройгон пешкаши мардум мегарданд. 
16 ноябр дар Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муаррифии осори Пешвои миллат ва асарҳои рассомоне, ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд, Рӯзи дарҳои кушода эълон шудааст.
 Дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои тозанашри «Чеҳраҳои мондагор», «Забон - ҳастии миллат» ва курс - лексияҳо ҷиҳати муаррифии китобҳои Пешвои миллат, инчунин дар муассисаҳои томактабӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» доир мегарданд.
«Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан!» - таҳти ҳамин унвон дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратӣ мулоқоту вохӯриҳо бо олимону сиёсатшиносон ва шоирону нависандагон ба нақша гирифта шудааст. Дар толорҳои варзишӣ мусобиқаҳо аз рӯйи ҳама намуди варзиш баргузор мегарданд.
 Хонандагони мактабҳои вилояти Хатлон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7 - и ноҳияи Данғара ва Литсейи касбӣ - техникии шаҳри Сарбанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо таҳсил намудаанд, боздид мекунанд.
 Дар ин рӯз, ҳамчунин, дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо расми Президенти кишвар бо андозаҳои калон, таҳти унвони «Президенти мо - Пешвои мост!» насб карда мешавад.
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.11.2016    №: 222    Мутолиа карданд: 1199

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед