logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон  БОЙМАТОВ, узви Иттифоқи  адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  мақомоти минтақавии  Иттифоқи  адвокатҳо  дар  вилояти Суғд ва Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи ВМКБ ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Дар асоси ҳалномаи суд манзили истиқоматие, ки  амволи муштараки ману собиқ ҳамсарам маҳсуб меёфт байнамон тақсим гардида, ҳиссаи охирон аз ҳисоби ман ба тариқи маблағи пулӣ рӯёнда шудааст. Ҳамзамон, дар қисми хулосавии ҳалномаи суд дар КДФ «БММГ» ба номи ман ба қайд гирифта шудани манзил дарҷ гардидааст. Пас аз қувваи қонунӣ гирифтани ҳалномаи суд собиқ шавҳарам ҳар гуна баҳона пеш оварда, маблағи пулиеро, ки аз ҳисоби ман ба фоидаи ӯ рӯёнда шудааст, гирифтан намехоҳад. Ман ба КДФ «БММГ» - и маҳали зистам ҳалномаи судро пешниҳод намуда, ба номам сабт кардани манзилро хоҳиш намудам. Вале, масъулони КДФ «БММГ» аз ман талаб намуда истодаанд, ки аввал аз иҷрочии суд ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба пардохт шудани ҳисссаи пули шавҳаратро пешниҳод намо, баъд манзилро ба номат ба қайд мегирем.
 
Ман маблағи лозимаро ихтиёран пешниҳод намуда будам, аммо собиқ шавҳарам аз қабул кардани он саркашӣ карда истодааст. Бигӯед, ки дар ин ҳолат ман аз иҷрочии суд чӣ гуна ҳуҷҷат талаб намоям?
С. Миробидова, шаҳри Гулистон
 
- Агар дар асоси ҳалномаи суд манзили истиқоматӣ байни шумо ва собиқ шавҳаратон тақсим шуда бошаду дар қисми хулосавии ҳалнома дар хусуси дар КДФ «БММГ» - и маҳали ҷойгиршавии манзили истиқоматӣ ба номи шумо ба қайди давлатӣ гирифта шудани манзил навиштаи дахлдор дарҷ гардида бошад, дар ин ҳолат масъулони КДФ «БММГ» ҳуқуқи аз шумо талаб намудани ҳуҷҷати иҷроро надоштанд. Зеро, вобаста ба рӯёндани  он маблағи пулие, ки ҳамчун ҳиссаи собиқ шавҳаратон аз ҳисоби шумо рӯёнда шудааст, ба охирон аз тарафи суд якҷоя бо ҳалнома варақаи иҷро дода шудааст, ки дар сурати ихтиёран аз тарафи шумо пардохт нагардидани маблағ он ба тариқи маҷбурӣ аз тарафи иҷрочиёни суд бояд ситонда шавад.
Дар ин маврид шумо метавонед аз амал ва ё беамалии КДФ «БММГ»  бо ариза ба суд муроҷиат намоед.
 
-  Кадом  категорияи  кормандон ба вақти кории ихтисоршуда ҳуқуқ доранд?
Х.  Ақназарова,  сокини  ноҳияи  Мурғоб
 
- Ба вақти кори ихтисоршуда корманди ноболиғ (ба синни 18 нарасида), онҳое, ки шароити корашон вазнин ва зараровар (масалан, корҳои зеризаминӣ) ё махсус аст  (духтурон, муаллимон) ҳуқуқ доранд. Давомнокии ҳафтаи кории онҳо набояд аз 35 соат зиёд  бошад.
Барои кормандони синни 14 - 15 вақти корӣ  набояд  ҳафтае аз 24 соат зиёд бошад. Ба вақти  кори ихтисоршуда, ҳамчунин,  маъюбон ҳуқуқ доранд.
Давомнокии  вақти кории онҳо набояд дар як рӯз аз 6 соат зиёд бошад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 2355

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед