logo

ҳуқуқ

ҲАР КУҶОЕСТ НАЗМУ ТАРТИБ ПОЙДОР...

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки дар мамлакати мо ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, мақомоти милитсия ба вазъияти мураккаби сиёсӣ - ҷамъиятӣ рӯ ба рӯ шуд. Кормандони ин ниҳод то солҳои 1995 - 1997 бевосита дар амалиёти ҷангӣ ба муқобили дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ иштирок мекарданд.
 
Ҷинояту ҷинояткорӣ дар ҳама давру замон мавҷуд буд ва боқӣ мемонад. Аммо мушкилоти хосаи он солҳо ба дасти одамони тасодуфӣ афтодани силоҳи оташфишон, либоси ҳарбӣ ва дигар лавозимоти ҷангӣ буд. Он ҷо, ки ҳарф ва зӯри силоҳ бошад, ҳатман дар он ҷо ҷиноятҳои махсусан вазнин, ба монанди куштор, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҷовуз ба номус содир мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари пайдо шудани шумораи зиёди силоҳи оташфишону маводи таркандаи ҷангӣ мушкилоти дигаре, ки мо - кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба он дучор омада будем, ин ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳазорон - ҳазор одамони бехонумон аз ноҳияҳои Вахшу Бохтар, шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои атрофи пойтахт - Ҳисору Рӯдакӣ, Ваҳдат ва дигар минтақаҳои кишвар буд. Тамоми хобгоҳҳои омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, инчунин меҳмонхонаҳо, хусусан меҳмонхонаи «Душанбе» пур аз гурезаҳои иҷборӣ буданд. Бо зиёд шудани аҳолӣ на танҳо шумораи ҷиноятҳо, балки таркиби ҷиноятҳо, хусусан ҷиноятҳои ахлоқӣ даҳҳо маротиба зиёд гардиданд. 
Кормандони милитсия дар баробари иштирок дар амалиёти ҷангӣ, ҳамчунин тибқи рисолати аслии худ  барои таъмини амнияту осоиштагии ҷомеа сафарбар шуда буданд. Дар пойтахти мамлакат гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки мехостанд миёни сокинон тарсу ваҳшат афкананд, асосан дар қисмати шарқии Душанбе мавқеъ доштанд. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, дар як саф бо кормандони дигар ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, новобаста аз мушкилоти мавҷуда, ба хотири осоиштагии имрӯзаи ҷомеа ҷонбозиҳо карда, ба муқобили ин дастаҳо мубориза мебурданд. Дар шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Душанбе то 70 нафар корманд фаъолият дошт, ки қисме аз онҳо корҳои техникиву ташкилиро иҷро мекарданд. Бо сабабҳои мушкилоти молиявӣ - иқтисодӣ кормандони милитсия маош намегирифтанд, аз ягон имтиёз бархӯрдор набуданд. 
Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, кормандони милитсия ба торумор шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ, аз байн рафтани дастаҳои ҷиноятпеша, таъмини амнияту осоиштагӣ ягон лаҳза шубҳа надоштанд. Дарк мекардем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза ба муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ ғолиб омада, суботи кишварро таъмин мекунанд, зеро бо чашми сар медидем, ки ҳар вақте корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо либоси низомӣ дар кӯча пайдо мешуд, ҳатман рафтуомади одамон фаъол мегашт. Ва, агар ба саҳни бозор корманди милитсия бо либоси расмӣ мерасид, дар он ҷо хариду фурӯш авҷ мегирифт. Яъне, сокинон ба кормандони милитсия бо чашми умед нигоҳ мекарданд. Ҳамин буд, ки дар решакан кардани ҷиноятҳо ва аз байн бурдани ҷинояткорон одамони касбу кори гуногун ҷони худро дар хатар монда, ба мақомоти корҳои дохилӣ ёрии беғаразона мерасонданд.
Шартан фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар замони соҳибистиқлолии Ватан, ки 25 - солагии онро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтем, метавон ба се давра ҷудо кард: солҳои 1992-1997, 1997-2002 ва солҳои то 2010. Агар дар давраи аввал кормандони милитсия ба хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ сафарбар шуда бошанд, дар давраи дуюм барои аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ хизмат карданд.
Ҳарчанд солҳои минбаъда нисбатан орому осуда буданд, вале баъзан дар ин ё он минтақаи мамлакат муқовиматҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба амал меомаданд. Воқеан ҳам ба чашми душманони миллату давлати тоҷик амну осоиштагӣ ва суботи ҷомеа мисли хор мерасид. Ин бадхоҳону душманон мисли ҳайвони захмхӯрда то ба охир кӯшиш мекарданд суботро аз байн баранд, фазои софи Тоҷикистонро бо бӯи тиру хун олуда созанд, ки намунаи ин гуна душманӣ ҳодисаҳои моҳи сентябри соли гузашта мебошад. Мутаассифона, дар ин набардҳо барои таъмини истиқлолият ва озодии Ватан садҳо ҷавонмардони ватандӯст ҷони худро аз даст доданд. Маҳз ҷоннисории ин фарзандони баору номуси Ватан буд, ки ҳоло мақомоти милитсия дар пайвастагӣ ва яксафӣ бо халқи Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти ҷиддӣ барои ташаккулу рушди минбаъда қарор доранд. 
Саид ҶУРАХОНЗОДА, 
собиқадори мақомоти 
корҳои дохилӣ, генерал - майори милитсия


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.11.2016    №: 223    Мутолиа карданд: 2444
19.04.2021


МАШВАРАТИ ГУРӮҲИ КИШВАРҲОИ ВИШЕГРАД ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

АҶАБ ШАҲРИ ДИЛОРОӢ, ДУШАНБЕ. РӮЗИ ПОЙТАХТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи илми тоҷик

«ДУШАНБЕ - ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН»

САҲМИ АЙНӢ ДАР РУШДИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

МАРД БОЯД ТАНДУРУСТ БОШАД

ҲАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТОҶИКОБОД

9 ИНШООТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТИ ПЕШАКИИ ЮНЕСКО ШОМИЛ ШУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО

Даъвати Байден аз Путин

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.04.2021


ВМКБ. ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ФАРҲАНГИИ РОССИЯ

ВАО: РАИСИ ҶМЧ БА ИШТИРОК ДАР САММИТ ОИД БА ИҚЛИМ МАЙЛ ДОРАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

НАВБАҲОР ГУЛ МЕКУНАД

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

“ПАРВИН”. БЕҲТАРИНҲО ҚАДР ШУДАНД

14.04.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА"

ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН. КУМАК БА ЗИЁДА АЗ 9300 НИЁЗМАНД БА МУНОСИБАТИ МОҲИ РАМАЗОН

Навидҳои фарҳанг

Табрикоти кайҳоннавардон ба муносибати 60-солагии парвози инсон ба кайҳон

Ҷаҳон дар як сатр

12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед