logo

сиёсат

НАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДУРДОНАҲОИ РОҲИ АБРЕШИМ»

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози кори намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Намоишгоҳи байналмилалии рассомон дар муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт, ба ин хотир, ин макон ба таври идона ороста шуда буд. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон ва рассомони хориҷӣ аз 30 давлати дунё иштирок карда, маҳсули эҷоди худро ба маъраз гузоштанд.
Ҷамъомад ба хотири ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалӣ бо ворид шудани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толор оғоз гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи иштирокчиён баргузории ин ҳамоиши фарҳангиро муборакбод гуфта, оид ба мақоми санъати тасвирӣ, рушди он ва саҳми рассомон дар тарғиби фарҳанг андеша ронданд.
Таъкид гардид, ки рассомон миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданашон, инчунин, қосиди сулҳу дустӣ низ ба шумор мераванд ва дар тасвирҳои ҷолиби хеш инсонро ба некиву накукорӣ, хайру саховат ва нангу номус даъват менамоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки иштирокчиён бо истифода аз фурсати мусоид аз манзараҳои рангини кишвари мо, аз ҷумла зебоиву назокати кӯҳҳо, шаршараву дараҳои камназир ва дигар манзараҳои нотакрори табиат ҳарчи бештар баҳра мебардоранд ва гӯшаҳои гуногуни диёри моро дар асарҳояшон ҷой мекунанд.
Сипас, дар чорабинии байналмилалӣ аз номи ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни он роҳбари Маркази табодули фарҳангии «Саёҳат ба хотири сулҳ» ҷаноби Шао Чанчун баромад карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кард ва аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба ӯ ҳамчун армуғони хотиравӣ як мусаввараи нодир тақдим намуд.
Дар намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» ба 6 нафар рассом барои комёбиҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ медалҳои тилло, нуқра  ва биринҷӣ супурда шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ин мусаввирони муваффақ барои хотира акс гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи сеюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон Намоишгоҳи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим»-ро расман ифтитоҳ намуда, бо ҳунару санъати волои рассомон ва намунаи офаридаҳои онҳо аз наздик шинос шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳайати меҳмонони кишварҳои хориҷӣ ва рассомону мусаввирони давлатҳои гуногуни дунё аз осорхонаи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ошёнаи дуюми Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, боздид ба амал оварданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2016    №: 224    Мутолиа карданд: 1177

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед