logo

иқтисод

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗӢ - ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

19 ноябр ба таъсиси Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Дар ин давраи на чандон тӯлонӣ олимони соҳа ба дастовардҳои назаррас муваффақ гашта, дар пешравии истеҳсолоти кишоварзӣ нақши муассир гузоштанд. Хабарнигори мо дар арафаи таҷлили 25 - солагии академия бо президенти он Нуралӣ Асозода, узви вобастаи АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ, мусоҳиб шуд.
- Ба таъсиси Академияи илмҳои кишоварзӣ чӣ омилҳо мусоидат намуданд? Оё институтҳои қаблии соҳавӣ вазифаи академияро ба ҷо оварда наметавонистанд? 
- Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1991 бо мақсади баланд бардоштани самарабахшии таҳқиқоти илмӣ, беҳтар намудани таъминоти илмии рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, ҳамоҳангсозии илми кишоварзӣ, мусоидат ба истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таъсис ёфт. Кормандон тайи солҳои фаъолият бобати таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба худкифоии ғизоии мамлакат ҷидду ҷаҳд намуданд. Ҳоло ба сохтори АИКТ 7 институти илмии соҳавӣ (зироаткорӣ, боғпарварию сабзавоткорӣ, хокшиносӣ, чорводорӣ, ветеринарӣ, масоили амнияти биологӣ, иқтисодиёти кишоварзӣ), 3 маркази илмӣ захираҳои генетикӣ, биотехнологияи чорво, механиконии кишоварзию технологияҳои инноватсионӣ), стансияи таҷрибавии кишоварзии Помир, 26 шабакаи филиалу стансия, пойгоҳ ва хоҷагиҳои таҷрибавии муассисаҳои илмӣ шомиланд. Дар муассисаҳои мазкур 1114 корманд, аз ҷумла, 512 ходими илмӣ (9 академик ва 7 узви вобастаи АИКТ, 30 доктор, 116 номзади илм), ба таҳқиқоти илмӣ машғул аст.  
- Кадом институтҳо ва муассисаҳои илмӣ дар бобати тадқиқоту кашфиёт ва ба вуҷуд овардани навъу зотҳо дастовардҳои беҳтар доранд?
- Дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо ҷолибанд. Олимони соҳаи зироаткорӣ 152 навъи зироатро ба вуҷуд оварда, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо пешниҳод намуданд ва аз онҳо 84 навъ минтақабоб карда шуд. Инчунин зиёда аз 50 технологияи самаранок ва инноватсионии парвариши зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ ва дар истеҳсолот татбиқ гардид. Аз ҷумла, технологияи кишти ғалладонагиҳои навъҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок дар қитъаи намоишии муҷтамавии академия дар хоҷагии таҷрибавии “Зироаткор”- и Институти зироаткорӣ  ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисору ноҳияи Данғара татбиқ карда шуданд. Роҳҳои ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз касалию ҳашаротҳои зараррасон бо истифода аз усулҳои интегратсионӣ коркард гардида, усулҳои самараноки афзоишдиҳии тухмии элитию репродуксионӣ тарҳрезӣ гардид. Захираҳои генетикии навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзии маҳаллӣ ва ҳамавлоди ёбоии онҳо ба 11340 номгӯй расонда шуд. 
Дар соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ олимони мо 46 навъи серҳосилро ба вуҷуд оварданд, ки 29 - тоаш минтақабоб гардонда шуд. Технологияи дар як сол парвариш намудани ниҳолҳои стандартии дарахтони донакдор ва бунёди боғҳои интенсивии дарахтони донакдору себ дар заминҳои наздиҳавлигию хоҷагиҳои ҷамъиятӣ тарҳрезӣ гардид. Системаи ҷобаҷогузории навъҳои зироатҳои сабзавотию полизӣ, картошка, дарахтони мевадиҳанда ва ток вобаста ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, парвариши картошкаи тухмӣ бо усули генеративӣ аз қаламча ва муғчаҳои бағалӣ, парварши пиёз ба воситаи ниҳолчаю пиёзакҳо, парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда бо усули решаи пӯшида ва пайванди мобайнӣ, афзоишдиҳии такпайвандҳои қадпаст аз қаламчаи реша, технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ ва усули захирасарфкунандаи хушк намудани мева тарҳрезӣ шуданд. 
Солҳои охир соҳаи хокшиносӣ як дараҷа аз мадди назар дур монда буд. Инро ба назар гирифта олимони мо усулҳои самараноки баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳо, технологияи рӯйпӯшкунии суфазинаҳо дар боғу токзорҳо бо истифода аз усули қатрагии обёрӣ, кишти тасма-тасмаи зироатҳои кишоварзӣ, роҳҳои самаранок истифодабарии захираи намии боришоти табиӣ ва меъёрҳои истифодабарии нуриҳо, аз ҷумла, фосфоритҳои маҳаллӣ, усулҳои ба танзим даровардани обёрӣ, пешгирии дуюмбора шӯршавии заминҳои минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро кор карда баромаданд. 
Олимони  академия дар соҳаи чорводорӣ зоти бузҳои серпашми тоҷикӣ ва типи говҳои зоти сиёҳалои тоҷикиро ба вуҷуд оварда, хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои гову гӯсфандон, қутосҳои экотипи помириро такмил дода, кроссҳои сермаҳсули мурғон, зотҳои мурғи марҷон ва бедонаро муайян карданд. Инчунин, гурӯҳҳои селексионӣ ва ҷавҳари зотии говҳои сергӯшт ва гӯсфандон дар хоҷагиҳои зотпарварии ҷумҳурӣ интихоб гардида, барои ба вуҷуд овардани зоти гӯсфандони маҳинпашми дарвозӣ, типи гӯсфанди шаҳринавии зоти ҳисорӣ ва типи чорвои сергӯшти тоҷикӣ, зоти занбӯри асали маҳаллӣ замина гузошта шуд. 
Ҳифзи чорвои ҷамъиятӣ ва инфиродӣ низ дар маркази диққати мутахассисони мо истодааст. Дар ин муддат дар соҳаи тибби ветеринарӣ пешравиҳо дида мешаванд. Зиёда аз 30 ҳуҷҷати меъёрии техникӣ барои ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои ҳайвоноту паранда тарҳрезӣ гардида, технологияи истеҳсоли 19 ваксинаю 29 маводи ташхисию табобатӣ ба роҳ монда шуд. Ваксинаҳо бар зидди касалиҳои сироятии чорво ва дигар доруҳои ветеринарӣ ба таври таҷрибавӣ истеҳсол гардида, барои санҷиш ба хоҷагиҳои чорводории ҷумҳурӣ пешниҳод гаштанд. 
- Дастгирии академия аз тарафи давлат чӣ гуна аст? Оё муассисаҳои илмӣ бо техникаю таҷҳизот, маводи омӯзиш ва таҳқиқ сари вақт таъмин карда мешаванд?
- Бале, мо пайваста дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳис мекунем. Ба мақсади таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои илмии академия солҳои охир 4 озмоишгоҳ ва 2 марказу пойгоҳи таҷрибавӣ таъсис ёфтааст. Барои тарғибу татбиқи васеи дастовардҳои илми кишоварзӣ қитъаи муҷтамавии намоишию таҷрибавии академия дар хоҷагии таҷрибавии “Зироаткор” дар 19 гектар, инчунин 90 қитъаи намоишӣ дар назди муассисаҳои илмии АИКТ дорем. Бо мақсади тақвият бахшидан ба фаъолияти мо «Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016 - 2020» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 790 тасдиқ гардид. Амалӣ гардидани барномаи мазкур барои беҳтар шудани фаъолияти Академия, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, пурзӯр гардидани пояи моддию техникии муассисаҳои илмии он, татбиқи дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, васеъ шудани ҳамкориҳо бо марказҳо ва муассисаҳои илмии байналмилалӣ мусоидат менамояд. 
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1365

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2019

САМБО. Ду медали гӯштигирони тоҷик

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед