logo

сиёсат

ЁДЕ АЗ ДУ ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТ

Барои тасвири симои шахсе, ки мардуми зиёда аз ҳазор сол пароканда ва аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, кишвари гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат ва амният овард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд,  садҳо китоб навиштан кам аст. Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, маҳбуби ҳамагон, қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон сулҳу субот, оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
 Вохӯрии аввалинамро бо Пешвои миллат ба ёд меорам. Охири моҳи апрели соли 1996 номзадиам ба мансаби прокурори вилояти Хатлон, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ зиёд зарар дида буд, пешниҳод гардид. Тибқи тартиби муқарраргардида, 26 апрели соли 1996 якҷо бо Прокурори генералии мамлакат Амирқул Азимов дар қабули Президенти кишвар будам. Сарвари давлат моро бо хоксориву эҳтироми хоса қабул намуданд. Ва баъд аз насиҳату супоришҳои пурарзиш, бо меҳрубонии падарона зикр намуданд: «Ҷавон будаӣ, натарс, таҷриба дорӣ, дастгирӣ мекунем, ҳамааш нағз мешавад!». Ин суханони Пешвои миллат мани парешонро ба ҳуш овард, хотирамро ором ва рӯҳбаланд гардонд.
Вақте Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ҳама шодию хурсандӣ мекарданд. Вале нафароне низ буданд, ки оромии Тоҷикистонро намехостанд. 9 июни соли 1997 гурӯҳи мусаллаҳ ҳуҷраи кории раиси вилоятро ғайриқонунӣ забт намуд ва бо таҳдиди куштор истеъфои ӯро талаб кард. Оид ба ин ҳодисаҳо, прокурори вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намуд ва тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки ин гурӯҳ ба Маҳмуд Худойбердиев итоат мекардааст. Талаб кардем, ки полковник Худойбердиев ва ҳаммаслаконаш фавран ҳуҷраи кории раиси вилоятро озод намоянд. Вобаста ба чорабинӣ ва натиҷаҳо ба Прокурори генералии мамлакат ахбори дахлдори прокурори вилоят пешниҳод  шуд.
 26 июли соли 1997  бори дуюм бо Президенти мамлакат вохӯрдам. Ин даъфа низ, новобаста аз муташанниҷии вазъияти кишвар, махсусан вилояти Хатлон, Сарвари давлат маро бо эҳтироми хоса қабул намуданд. Бо маводи пешниҳоднамуда шинос шуда, қаноатмандӣ аз чораҳои прокурорӣ карданд, супориш доданд, ки ягон амали исёнгаронро бе назорату чораҷӯии прокурорӣ намонем. 
Хушбахтона, бо чораҳои андешидаи Сарвари давлат дар муҳлати кӯтоҳтарин полковники исёнгар Худойбердиеву гурӯҳи ҷиноятии ӯ безарар, вазъи орому осоишта дар вилоят ва ҷумҳурӣ барқарор карда шуд.
Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА,
раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
назорати Дастур ва ташкили кор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1401

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед