сиёсат
«АРБОБ» ВА ХИЗМАТИ ЯК РӮЗНОМА
16 ноябри соли 1992 шаҳри Хуҷанд, бахусус атрофи Қасри «Арбоб» манзарае дошт бо ҳавои тирамоҳӣ, тираву намнок ва сард. Одамон дар кӯчаҳо муҳофизони тартиботу сарбозони мусаллаҳро дида, ба гирдоби ваҳму воҳима, тарсу ҳарос ғӯтавар мешуданд. Бузургсолон дасти дуо бардошта мегуфтанд, ки Ватани моро аз шикасту порашавӣ Худованд дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад.
Дар бораи оғозу анҷом ва баҳсҳои дохили Қасри «Арбоб» бо самти Иҷлосияи пурумед ман чизе намегӯям. Фақат гуфтаниам, ки дар қатори тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон журналистони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») дар инъикоси воқеъбинонаи рӯзҳои баргузории иҷлосия бо масъулияти касбӣ, тафаккури солим хизмати бемисл карданд.
Дар солҳои 1989 - 1994 дар вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» адои хизмат менамудам. Хуб дар ёд дорам, ки дар рӯзҳои баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририя бо маслиҳату машварат дар маҷлиси корӣ аз ҳисоби журналистон ва бо фармони сармуҳаррир «Мухбирони парлумонӣ» таъсис дод. Ба ин ҳайат журналистони рӯзнома Ҳадиятилло Тӯйчизода, Ғафур Нарзулло, Мазбути Воҳид, Исроили Рабизод, Шарифи Муҳаммадҷон, Ҳасани Порсо, Ғайрат Ҳаким, Ҳасан Шариф шомил буданд. Рӯзномаи мо он вақт ҳафтае се маротиба нашр мешуд. Мухбирони парлумонии мо дар ҳар шумора аз Қасри «Арбоб» маводи оҷилӣ омода менамуданд ва навиштаҳои онҳо ҳамон замон дар саҳифаҳои якуму дуюми рӯзнома ҷой мегирифтанд.
Рӯзнома тасмим гирифта буд, ки дар болои шиносномааш чунин гуфтор дар он рӯзҳо сабт ёфта бошад: «Сессияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: рӯзи аввал»… ва ҳамин тавр рӯзи дуюм, рӯзи сеюм… ва ниҳоят то рӯзи анҷоми сессия идома ёфт. Ин нишоне буд аз Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайғому умеде буд барои мардумон.
Дар саҳифаи аввали шумораи 19 ноябри соли 1992 - и рӯзнома маводе чоп гардид, ки «Арбоб бо ҷаҳон гап мезанад» ном дошт. Зикр мешуд: «Бо мақсади инъикоси рафти Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри маданияти Арбоб, колхози ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд сурат мегирад, аз бисёр оҷонсӣ, рӯзномаҳо, садою симо журналистон омадаанд». Мақолаи мухбири рӯзнома Ғафур Нарзулло «Раҳобахши Тоҷикистон кист?» ва ё баргузидагони мардумӣ роҳи наҷот меҷӯянд», дар шумораи 20 ноябри соли 1992 дарҷ шуда буд, албатта, бо сурати вакилони мардумӣ.
Ва дар шумораи 28 ноябри соли 1992 бо ҳарфҳои калон чунин навишта гардида буд: «Иҷлосияи таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд вазифаи асосиашро иҷро кард. Бигзор, дар Тоҷикистони мустақил сулҳу ризоияти миллӣ пойдор бимонад!».
Саҳифаҳои рӯзномаро варақгардон мекунам. Дар болои шиносномаи рӯзнома, аз 5 декабри соли 1992, чунин навишта шуда буд: «Сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт».
Дар лаҳзаҳои хотирмону таърихӣ - рӯзи оши оштӣ ҳам, ки аз анҷомёбии муваффақонаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастёб гардидан ба сулҳу салоҳ мужда расонд, хабарнигорони рӯзномаи мо хизмати шоистаи эҷодӣ ва касбӣ карданд.
Солҳо гузаштанд. Ҳоло қарорҳои Иҷлосия, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагие, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карда шудаанд, муттасил ба иҷро расида, баҳри зиндагии хушу гуворои мардуми кишвар ҳама чиз фароҳам оварда шудааст. Кунун ёди айёми муноқишаҳои бемаънии шаҳрвандӣ, силоҳбадастиву роҳгумии мардум чун хоби парешон аз миён рафтааст.
Файзулло АТОХОҶАЕВ,
собиқадори матбуот
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2016 №: 226 Мутолиа карданд: 1478