logo

сиёсат

МО ШОҲИДЕМ...

Собиқадорони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  сиёсати сулҳҷӯёнаву ваҳдатофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба  пуштибонӣ  намуда, шукронаи  ваҳдату ягонагии миллатро мекунанд. Зеро онҳо шоҳиди бевоситаи даргириҳои дохилӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ буда, нағз медонанд, ки сулҳи тоҷикон  ба осонӣ ба даст наомадааст. 
 
Дар ёд дорем, ки баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хурду калон шодию хурсандӣ дошт, одамон  ба ҳамдигар оғӯши меҳр кушода, ин рӯзи некро шодбош мегуфтанд. Рӯзи аз шаҳри Маскав баргаштани ҳайати расмии ҳукуматӣ бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тӯй дошт. Аз саҳар фурудгоҳи пойтахт моломоли одамон буд, ҳама аз таҳти дил шодию нишот доштанд. Вақте ки тайёра ба замин нишаст, фурудгоҳи Душанбе пур аз гулу гулдаста гашт. Ва ин вақт чеҳраи шукуфони мунодии сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар миёни ин гулҳо медурахшид. 
Ҳамин тавр, 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи фаромӯшнашуданӣ дар саҳифаи китоби таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гашт. Зеро аҳамияти он аз 9 сентябр - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 6 ноябр - Рӯзи Конститутсия кам нест. Созишномаи сулҳи тоҷикон, ки дар ин рӯз ба имзо расид, миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун овард. Албатта, сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъю талошҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. Воқеан, ба сари қудрат омадани ӯ фоли нек барои миллати тоҷик гардид. Чуноне ки мегӯянд, пойи қадами Эмомалӣ Раҳмон бафайз омад ва дилу нияти софи ӯ имкон дод, ки аз санҷишҳои зиёде гузашта, оқибат пирӯз шавад.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чун меъмор ва поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба рушди илму маориф, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, рушди устувору босуботи ҷомеа, муҳайё намудани  шароити ҳар чи беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар зиёд аст. Инро мо - ҳуқуқшиносон хеле хуб дарк менамоем.  Бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷӣ низ қадамҳои устувор гузоштааст ва нақши он дар ҳалли як қатор проблемаҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, пешгирии даҳшатафканию ифротгароӣ ва гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тахрибкор равшану возеҳ ба чашм мерасад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуд. Аз ин рӯ, собиқадорони Прокуратураи генералӣ  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, якҷо бо мардуми шарафманди тоҷик, бо камоли мамнунӣ ва ифтихор таҷлил хоҳанд кард. 
Абдурасул ХОЛМУРОДОВ,
раиси Ҷамъияти собиқадорони Прокуратураи генералии 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,мушовири давлатии дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2016    №: 226    Мутолиа карданд: 1404

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед