сиёсат
ПРЕЗИДЕНТ - ВА ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ
Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ғамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».
Таҷлили «Соли тамаддуни ориёӣ» (2006), «Соли бузургдошти Имоми Аъзам» (2009), «2700 - солагии Кӯлоб» (2006), «2500 - солагии Истаравшан» (2002), 100 - солагии Б. Ғафуров, 110 - солагии шоир ва ҳофиз Сайдалӣ Вализода, 130 - солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, эълон гардидани соли «Эстрада», соли «Маориф ва фарҳанги техникӣ», инчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани «1150 - солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ», «100 - солагии Қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода» (2009), «100 - солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ» (2014), «600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ» (2014), «3000 - солагии Ҳисор» ва «700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» дар соли 2015 ва эълон гардидани шаҳри Кӯлоб ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ ба эҳёи фарҳанги асили миллати тоҷик равона карда шуда, аҳамияти тарбиявии чорабиниҳои мазкур дар ташаккули ҳофизаи таърихии миллат ва худшиносии миллӣ хеле бузург аст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи муттаҳидаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод мақоми миллӣ дода шуд. Ин иқдом барои тарғиби дастовардҳои халқи тоҷик, ки дорои таърихи қадима ва арзишҳои фарҳангии чандинасра аст, роҳи васеъ кушод. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои беш аз 2020 ёдгориҳои таърихиву фарҳангист, тайи солҳои истиқлолият бо ҳидояту дастгирии Сарвари давлат 36 ёдгориҳои нодир дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо тармиму барқарор карда шуданд.
Дар давраи мазкур шумораи толибилмони дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ таҳсилкунанда хеле афзуда, шумораи чунин донишҷӯён ба 124 кас расид.
Президенти мамлакат аз ҳисоби фонди захиравии хеш баҳри мукаммалгардонии фонди Китобхонаи миллӣ, бо адабиёти тозанашри ватанию хориҷӣ таъмин намудани он, истифода аз пойгоҳҳои иттилоотии хориҷӣ беш аз 543 586 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Ба ин маблағ Китобхонаи миллӣ 9615 нусха китобро аз Русия, Англия, Олмон ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, арабӣ харид.
Таҳти сарварӣ ва бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба маблағи 11 миллиону 835 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президент таъмир карда шуд.
Саҳми бевоситаи Президент дар рушд ва васеъ кардани фазои иттилоотӣ ва шабакаҳои телевизионӣ низ бузург аст. Дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон танҳо 1 шабакаи радиоӣ ва 1 шабакаи телевизионӣ мавҷуд буд, ки бо вақти маҳдуд ба эфир мебаромаданд. Ҳоло дар кишвари соҳибистиқлоли мо 46 шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 шабакааш хусусӣ аст. Ҳамчунин, вақти эфирӣ барои шабакаҳои телевизионӣ 12 - 18 соат ва барои шабакаҳои радиоӣ шабонарӯзӣ шудааст. Муассисаи давлатии телевизиони “Сафина”, телевизионҳои “Варзиш” ва “Синамо” ҳам аз ташаббусҳои Президент аст.
Шамсиддин ОРУМБЕКЗОДА,
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.11.2016 №: 226 Мутолиа карданд: 1804