logo

иҷтимоиёт

ВАФО

Ӯро солҳост, ки ҳар субҳ, байни истгоҳҳои “Гулистон” – у Сирк мебинам. Аввал танҳо медидам, баъд бо ҳамкорон, сипас бо завҷааш, баъдтар бо духтараш. Кошонааш ба ҷойи кораш -  нашриёти “Шарқи озод” наздик аст, аз ин рӯ, пиёда меояду меравад, новобаста ба гармои тобистону сардиҳои зимистон. 
 
Вай шахси табиатан ором, хушфеъл, камсухан, агар аз дур ба чеҳрааш назар афканед, гумон медоред, ки пайваста дар ҳалли кадом як муаммои сарпечида дар андеша аст. Ман ӯро гоҳо дар ин роҳи серодам ҳамроҳӣ мекунам ва медонам, ки дар дилаш чӣ гап аст: пайваста ғами кору кормандонашро мехӯрад, дар сари хушсифат нашр шудани китобу рӯзномаҳо, маҷаллаву дигар асноди чопӣ, дарёфти қисмҳои эҳтиётӣ барои дастгоҳҳо меандешад. Вақте ки бинои бисёрошёнаи нашриёт дар соҳили дарёи Душанбе фаъол гашт, Вафобек Гулбердиев аз кормандони нахустини он шуд. Зиёда аз 35 сол аст, ки рӯзномаву маҷаллаву китобу дафтар нашр менамояд. Вай баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон ба Алмаато рафт, то ки мутахассиси соҳаи табъу нашр шавад. Чаро ин ихтисосро пеш гирифт, худаш ҳам он солҳо намедонист. Таваккал кард, соҳа барояш наву аҷиб тофт: охир рӯзнома баровардан ва ҳар субҳ онро дар дасти ҳазорон муштариён дидан магар хушбахтӣ нест? “Шарқи озод” дар замони шӯравӣ аз калонтарин муассисаҳои табъу нашр ба ҳисоб мерафт. Кормандони зиёде дошт. Ҳар шаб то 500 ҳазор нусха рӯзно-маҳои “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”), “Коммунист Таджикистана” (“Народ-ная газета”), “Совет Тожикистони” (“Халқ овозӣ”), “Ҷавонони Тоҷикистон” ва ғайраҳоро ба нашр мерасонд. Вақте ки кишвари абарқудрати шӯравӣ барҳам хӯрду чопи рӯзномаву маҷаллаҳо низ кам шуд, бисёр кормандони нашриёт тарки кор кар-данд. Вале Вафобек, ки ба касбаш бовафо буд, нарафт. Бо чанд нафар фидоии касб ба ҷои рӯзнома дафтар мебаровард ва роҳбарон бо маблағи он музди кормандонро мепардохтанд. Ҳавои зимистон дар матбаа нисбат ба берун хунуктар мешавад, зеро деворҳои бетонии таҳхонаҳо нам кашида, аз худ сардии зиёд хориҷ месозанд ва ҳар кас наметавонист дар ин гуна шароит тоб орад. Аммо Вафобеку ҳамкоронаш солҳои 1991 - 1995 тавонистанд ҳафтае як – ду маротиба ва гоҳо се бор рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Народная газета” ва ғайраро ба муштариён пешниҳод созанд. Коғаз намерасид, ранг низ, дастгоҳҳо фарсуда шуда буданду зуд – зуд аз кор мемонданд, Вафобек бо аъзои бригадааш то субҳ даст ба таъмир мезад ва вақте ки дастгоҳ ба ҳаракат меомад, дар чеҳрааш табассум гул мепартофт. Дар нашриёт сехи аз ҳама асосӣ сехи чопи рӯзномаҳост. Вафобек солҳои 1992 - 2014 роҳбарии онро ба зимма дошт. Ман борҳо шоҳиди он будам, ки дар солҳои душвор чанд амалиётро худ анҷом медод: плёнкаҳоро монтаж мекард, акси онро ба пластина мегузаронд, пла-стинаро ба дастгоҳи чоп мебаст ва ғайра. Ҳоло  сардори чопи офсет аст. Китобу маҷаллаҳои ранга мебарорад. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бештар аз 20 рӯзнома ба дасти хонанда мерасад, ки аксар дар “Шарқи озод” нашр мешаванд ва дар чопи бо-сифати онҳо саҳми Вафобеку ҳамкоронаш Қаҳҳор Санаев, Искандар Ёров, Ношак Наврӯзов, Мирзо Ҳасанов ва дигарон назаррасанд. Бигзор ҳар субҳи зиндагиаш му-дом чун китобу маҷаллаву рӯзномаҳои баровардааш рангобарангу пурмазмун бошад.  
Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.11.2016    №: 227-228    Мутолиа карданд: 1570

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед