logo

сиёсат

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. БАРДОШТ АЗ ТАҶЛИЛИ ОН ДАР ПОЙТАХТ

Рӯзи  Президенти Тоҷикистонро  дар пойтахти кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса  -  баргузории чорабиниҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ таҷлил намуданд. 
Дар Китобхонаи миллӣ як зумраи олимони барҷастаи кишвар  паси мизи мудаввар мавзӯи «Президент ва истиқлолияти миллӣ» - ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар он гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу ваҳдати кишвар нақши созгор дорад.
 
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои кишвар, зимни суханронии худ зикр намуд,  ки  миллати тоҷик баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати миллӣ гардид. Аммо ин туҳфаи таърих аз ҷониби мансабхоҳони дохилӣ, гурӯҳҳои экстремистӣ - динӣ ва дастгирии баъзе неруҳои хориҷӣ боиси фоҷиаи умумимиллӣ гардид. 
Хушбахтона, баргузории Иҷлосияи 16  - уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлату миллати тоҷик сарнавиштсоз  шуд. Муҳимтарин қарор дар ин иҷлосия интихоби Раиси Шӯрои Олӣ – Сарвари давлат ба шумор меравад. Интихоби ӯ тасоддуфӣ набуд. Вакилони Шӯрои Олӣ ва мардуми тоҷик ба воситаи ВАО  ӯро  ҷасур, ҳақиқатҷӯ ва дар мавқеъ устувор шинохта буданд.
Олимон, ҳамчунин, зикр намуданд, ки  Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданаш ба  масъалаи ифтихори миллӣ, худшиносӣ таваҷҷуҳи хоса дорад. Ин аст, ки сиёсати пешгирифтаи ӯ  натиҷаи самарабахш дод.
Нақши Пешвои миллат дар таъсиси дипломатияи мустақили Тоҷикистон, рушди илми тиб, иқтисодиёт, адабиёти замони истиқлолият аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки аз ҷониби олимон баррасӣ шуданд. 
Намояндаи Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон якҷо бо Вазорати маориф ва илм, Китобхонаи миллӣ китобҳои тозанашри  Пешвои миллат  «Чеҳраҳои мондагор» ва « Забони миллат - ҳастии миллат» – ро  муаррифӣ намуданд.
Зимни муаррифӣ зикр шуд, ки дар эҳёи суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, ташаккул ва такомули худшиносии миллӣ асари нави арбоби намоёни давлативу сиёсӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» нақши муассир дорад. Муаллифи китоб зиндагинома, осор  ва пайкори 25  чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамонро мавриди баррасии амиқ қарор додааст. Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, зимни баромади худ таъкид намуд, ки «Чеҳраҳои мондагор» маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф  доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф саҳифаҳои дурахшони давраҳои гузаштаи таърихро варақ зада, таҳлил намудааст. Дар хусуси муборизаҳои халқи тоҷик барои ҳифз ва таҳкими давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мулоҳиза ронда, бо далелҳои қотеъ собит кардааст, ки фаромӯш кардани ҳофизаи таърихӣ ва муносибати саҳлангорона ба таърих ва муқаддасоти миллат оқибат ба таназзули рукнҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти  миллӣ мерасонад. 
Китоби дигари Пешвои миллат «Забони миллат - ҳастии миллат» низ аз ҷониби коршиносон баҳои баланд  гирифт. Он танҳо як навиштае дар бораи таърихи забони тоҷикӣ нест, балки доиратулмаорифест, ки бо такя ба  сарчашмаҳои илмии таърихӣ ва имрӯзаи ватаниву хориҷӣ таълиф шудааст.
Таҳқиқоти мазкур аз он ҷиҳат муҳим дониста мешавад, ки то имрӯз асари нисбатан ҷамъбастие, ки ҳаёти забони беш аз сеҳазорсолаи халқи ориёиро дар бар гирифта бошад, вуҷуд надошт.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон мувофиқи реҷаи корӣ  ҳар рӯз аз соати 10 ба кор оғоз менамояд, аммо  дар Рӯзи Президент аз соати 9 ба кор оғоз намуда, то нисфирӯзӣ наздики 6 ҳазор нафар  аз намоиши махсуси кормандони осорхона, ки бахшида ба Рӯзи Президент омода намуда буданд, дидан карданд. Коллексияе, ки ба намоиш гузошта шуд, осори тиллоии эҳдошудаи намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷ  ба Пешвои миллат буд. Осорхона, ҳамчунин, филми махсус  доир ба фаъолияти сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  намоиш дод. 
Навозиши «Шодиёна», хори умумии «Пешвои миллат», сурудҳои «Тоҷикистон», «Ёди Ватан», рақси «Гулноз», Навои най, «Зарбҳои таблак» ва дигар барномаҳое, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанг, Маркази эстетикии  кӯдакон ва ҷавонон дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии  ба номи М. Миршакар баргузор гардид, ҷолибу диданӣ буданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2016    №: 229    Мутолиа карданд: 1732

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед