logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и шаҳри Сарбанд, 18 ноябри соли 2016

Ҳамватанони азиз! 
Ҳозирини гиромӣ!
Қабл аз ҳама, ба ҳар яки шумо барои дастгириву пуштибонии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва пазироии самимии Роҳбари давлат изҳори сипос карда, ба хонадони кулли сокинони заҳматкаши шаҳри Сарбанд файзу баракати зиндагӣ орзу менамоям.
Субҳи имрӯз мо дар маросими оғози таҷдиду азнавсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд, ки яке аз иншооти асосии энергетикии вилояти Хатлон мебошад, ширкат доштем. Бояд гуфт, ки иқтидори неругоҳи мазкур баъди таҷдиду азнавсозӣ хеле афзоиш ёфта, дар амри расидан ба ҳадафи стратегиамон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Чанд лаҳза пештар корҳои таҷдиду азнавсозии корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ низ оғоз шуданд.
Хотирнишон месозам, ки ҳарчи зудтар ба фаъолият шурӯъ кардани корхона ва истифодаи пурраву самараноки иқтидорҳои истеҳсолии он метавонад талаботи соҳаи кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои азотӣ пурра таъмин карда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, боз ҳам беҳтар таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти озуқаворӣ ва фароҳам овардани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ такони ҷиддӣ бахшад.
Лозим ба ёдоварист, ки корхонаи нуриҳои азотии Вахш аз соли 1967 то солҳои наздик ҳоҷагиҳои кишоварзии мамлакатро бо нуриҳои азотӣ, аз ҷумла карбамид, таъмин мекард ва дар коргоҳҳои он зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандон машғули кор буданд. Корхона аз ду хати технологӣ бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна карбамид иборат буд. Вале баъдан бо таъсири омилҳои гуногун, бахусус, камбуди гази табиӣ баъзе корхонаҳои мо ба мушкилот рӯ ба рӯ гардиданд. Аз ҷумла, фаъолияти чунин корхонаи барои соҳаи кишоварзӣ муҳим, яъне корхонаи “Азот” аз соли 2011 қатъ гардид. Дар давоми солҳои тӯлоние, ки корхона фаъолият надошт, то ба ҳол хоҷагиҳои мамлакат карбамидро пурра аз кишварҳои хориҷӣ бо нархҳои гарон ворид карда истодаанд. Чунин вазъ имкон намедиҳад, ки соҳаи кишоварзии мамлакат сари вақт бо нурии минералӣ таъмин гардад ва мунтазам рушд намояд.
Вазъи баамаломадаро ба инобат гирифта, Ҳукумати кишвар тасмим гирифт, ки бо мақсади таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои азотӣ дар қатори бунёди корхонаҳои нави соҳаи маъдан, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, тавассути ҷалби сармояи мустақим истеҳсоли нуриҳои азотиро низ ҳарчи зудтар ба роҳ монад. Дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя – Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи таҷдиди иқтидорҳои корхона бо истифода аз ангишт таҳия гардид, ки дар он барои истеҳсоли нуриҳои азотӣ гази аз ангишт ҳосилшуда истифода карда мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорие, ки барои амалӣ намудани лоиҳа ҷалб шудааст, қариб 2,9 миллиард сомонӣ (360 миллион доллари амрикоӣ) – ро ташкил медиҳад ва азнавсозии корхона дар муҳлати чор сол ба анҷом расонда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар сармояи оинномавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот” ҳиссаи тарафҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин панҷоҳфоизӣ муқаррар шудааст. Дар робита ба ин, соҳибкорону сармоягузорон ва сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои таҷдиду барқарорсозии корхона ва бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотиро таъмин намоянд.
Дӯстони азиз!
Марҳалаи якуми лоиҳа истеҳсоли 120 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 200 ҳазор тонна карбамид дар як сол буда, муҳлати амалишавии он якуним солро дар бар мегирад. Марҳалаи дуюм иқтидори 300 ҳазор тонна аммиаки сунъӣ ва 500 ҳазор тонна карбамидро ташкил дода, дар давоми се сол ба анҷом расонда мешавад. Яъне, баъди пурра ба фаъолият оғоз кардани корхона, илова ба таъмини пурраи талаботи кишвар ба нуриҳои азотӣ, имконияти содироти онҳо низ пайдо мешавад.
Талаботи солонаи соҳаи кишоварзии кишвари мо ба нуриҳои азотӣ 350 ҳазор тонна мебошад.  Тибқи маълумот танҳо дар солҳои 2014 - 2015 аз хориҷа 160 ҳазор тонна нурии азотӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ (зиёда аз 50 миллион доллари амрикоӣ) ворид шудааст. Баъд аз таҷдиду азнавсозии корхона барои фаъолияти минбаъдаи он ангишти ватанӣ ҳамчун сӯзишворӣ истифода мегардад ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ талаботи солонаи корхона ба ангишт 450 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, Вазорати саноат ва технологияҳои навро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд намудани истихроҷи ангишт ва таъмини талаботи корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи “Азот” тадбирҳои иловагӣ андешад.
Дар корхонаи имрӯза ҳоло 140 нафар шаҳрвандон машғули кор мебошанд ва баъди ба фаъолияти пурра оғоз намудани он то 2 ҳазору 800 нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Вобаста ба ин, ба роҳбарону масъулони корхона хотиррасон менамоям, ки дар масъалаи то ба 95 фоиз расондани шумораи коргарону мутахассисони маҳаллӣ чораҷӯӣ намоянд. Бо ин мақсад, зарур аст, ки ҷиҳати омодасозии мутахассисону кормандони зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Зеро солҳои охир дар аксари корхонаҳо талабот ба кормандони баландихтисоси техникӣ, бахусус, муҳандисҳо, химик-технологҳо, муҳандис – механикҳо ва металлургҳо торафт афзуда истодааст. Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ ва корхонаҳои истеҳсолии мамлакат омода намудани мутахассисони техникии сатҳи баланд ва бо кадрҳои миллии баландихтисос таъмин намудани корхонаҳои саноатӣ вазифаи вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм мебошад.
Ҳозирини арҷманд!
Истеҳсолоти саноатӣ омили муҳимтарини пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Рушди устувори хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат, алалхусус, парвариши пахта ва дигар намуди зироатҳо бо масъалаи таъмини саривақтӣ бо тухмии хушсифат ва нуриҳои минералӣ робитаи зич дорад. Зеро истифодаи нуриҳои фосфордор дар давраи шудгори тирамоҳӣ ва таъмини талаботи соҳаи кишоварзӣ бо нурии азотӣ дар марҳалаи аввали нашъунамои зироатҳо омили асосии баланд бардоштани самаранокии замин ба шумор меравад. Бо итминон метавон гуфт, ки бо барқарор гардидани истеҳсоли ин намуди маҳсулот, яъне нуриҳои азотӣ дар корхона заминаи боэътимоди рушди соҳаи кишоварзии мамлакат фароҳам гардида, ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар, бахусус, мутахассисони соҳа бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар низ тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
Яъне, мо бояд дастовардҳоеро, ки то имрӯз ба онҳо ноил шудаем, таҳким бахшем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои олие, ки дар назди худ гузоштаем, аҳлона заҳмат кашем ва Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздиктарин аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ ва давлати мутараққиву неруманд табдил диҳем.
Доир ба дастовардҳое, ки мардуми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар давоми бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил шудаанд, дар рӯзҳои ҷашни муқаддаси миллиамон муфассал изҳори назар карда будем. Акнун мо бояд боз ҳам бештар кор кунем, зеро кишвари азизи мову шумо ба давраи нави рушд ворид гардид.
Мо бояд барои ободу зебо гардондани Ватанамон тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар созем, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худиро бо роҳи таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо технологияҳои ҳозиразамон, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҳосилнокии зироатҳо ва коркарди ҳарчи бештари маҳсулоти ватанӣ, ташкили боғу токзорҳои нав ва парвариши меваю сабзавоти содиротӣ, инчунин, таъмири роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, деҳоту маҳалҳои аҳолинишин, беҳтар кардани таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Ҳоло фасли тирамоҳ ба охир расида истодааст ва зарур аст, ки суръати ҷамъоварии ҳосили боқимонда ва кишту кори тирамоҳиро тезонида, ба захираи маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ ва ба фасли зимистон омода намудани ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дар навбати аввал, иншооти иҷтимоӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар фарҷом ба ҳамаи мутахассисону коргароне, ки ба хотири таҷдиду барқарорсозии корхонаи барои кишварамон бисёр муҳим камари ҳиммат бастаанд, барои босифат ва сари вақт мавриди истифода қарор додани он барору муваффақият мехоҳам.
Ба ҳамаи шумо, сокинони ҳимматбаланди шаҳри Сарбанд тансиҳатӣ ва саодати рӯзгорро орзу намуда, итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо ба хотири амалӣ гардидани иқдому ташаббусҳои ободгарона минбаъд низ содиқонаву софдилона хизмат хоҳед кард.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2016    №: 229    Мутолиа карданд: 6702

19.10.2017


Баррасии тадбирҳои дастгирии рушди соҳибкории ҷавонон

РАШТ. ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

ҚОЧОҚ - ЗИЁНИ ҶИДДӢ БА БУҶЕТ ВА ИҚТИСОДИЁТ

Ҷаҳон дар як сатр

Боздиди нозирони Олмон аз пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон

Силсилаи амалиёти террористӣ дар Афғонистон боиси марги беш аз 70 нафар шуд

Истеҳсолотро зеҳни сунъӣ ба даст мегирад

Ҳизби коммунисти Чин ислоҳоти густурдаи сиёсиро омода месозад

Ҷорҷ Сорос ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ 18 миллиард доллар медиҳад

Ба миқдори рекордӣ расидани муҳоҷирон дар ИМА

Варзиш

16.10.2017


Ҳамоиши навбатии Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон

Низомиддин Зоҳидӣ Абделҷалил Сабуриро ба ҳузур пазируфт

Мубодилаи таҷрибаҳо байни Тоҷикистон ва Фаронса

Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бо Озарбойҷон густариш меёбанд

Истиқрори дипломатӣ бо Гренада ба роҳ монда шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Дар амали террористии Сомалӣ 276 нафар қурбон гашт

Раққа аз ҷангиёни «ДИ» озод карда шуд

Пешгирии амали террористӣ дар Афғонистон

Дар Қирғизистон президенти навро интихоб карданд

Боздошти омӯзгори террорист дар Ҷалолобод

13.10.2017


Баррасии масоили мубрами тақвияти ҳамкориҳо

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо донишҷӯёни ДМТ

Густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Вохӯрӣ бо вазири иқтисоди Озарбойҷон

12.10.2017


Баррасии масоили муҳими ҳамкорӣ

Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ

Аббосалӣ Гасанов: «Тоҷикистон фарҳанги бою ғании худро ба дигар миллатҳо тарғиб кунад»

Вохӯрии Рустам Солӣ бо Азад Рагимов

МАВОДИ НАШЪАОВАР. Боз 311 килограмм ба коми оташ рафт

11.10.2017


Интиқоди Азим Иброҳим аз сатҳи омодагӣ ба давраи зимистон дар вилояти Хатлон

Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ

Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотию озуқаворӣ матраҳ мегарданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед