logo

иҷтимоиёт

ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН: ГУМОНҲО ВА ВОҚЕИЯТ

Дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон зиёд мегӯянд. Дар ин ҳол бисёриҳо беамалӣ вобаста ба туризмро маломат мекунанд. Гӯё агар бетафовутӣ дар ин соҳа намешуд, маблағи зиёд ба даст меомад. Иқтидор ва мушкилоти воқеии соҳаи сайёҳии Тоҷикистонро хабарнигори рӯзнома аз Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, пурсон шуд.
 
- Раванди татбиқи сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ дар кишвар чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
- Таҳлилҳои мутахассисони соҳа нишон медиҳад, ки солҳои 2018-2019 соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад. 
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар, пеш аз ҳама, фазои ҳуқуқии воридот ва будубоши онҳо нақши муҳим мебозанд. Ба ин хотир, Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 - 2019, ки ба инкишофи сайёҳӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои мавҷуда мусоидат хоҳад кард, қабул гардид. Бо мақсади татбиқи вазифаҳои миёнамуҳлати консепсия, Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2014, Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 тасдиқ гардидаанд.
Дар самти такмили заминаҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳа низ ба муваффақиятҳо ноил шудем. Яке аз инҳо қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 сентябри соли 2015, дар бораи таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи туризм мебошад. Шӯро ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва шахсони алоҳидаи соҳа, меҳмонхонаҳо, савдо, хӯроки умумӣ ва ташкилотҳои ба пешниҳоди мол ва хизматрасонии туристӣ машғулбударо таҳким мебахшад.
- Кишварҳои ҳамсоя, инчунин мамолики аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта, рекламаи мавзеъҳои туристии худро тавассути шабакаҳои National Geographic ва Euronews ба роҳ мондаанд. Мо чӣ  тавр сайёҳии Тоҷикистонро дар хориҷ тарғиб менамоем?
- Барои ҷалби мунтазами гурӯҳҳои туристони нав ба кишвар муаррифии захираҳои ғании сайёҳӣ дар бозори ҷаҳонии соҳавӣ аҳамияти калон дорад. Аз соли 2008 инҷониб масъулон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони байналмилалӣ дар намоишгоҳҳои калонтарини ҷаҳонӣ дар шаҳрҳои Берлин (Олмон), Токио (Ҷопон) ва Лондон (Британияи Кабир) иштирок кардаанд. Маводҳои тарғиботию иттилоотӣ оид ба имконоти сайёҳии мамлакат дар бозорҳои байналмилалӣ, бо назардошти майли дӯстдорони саёҳат ба дидани осори таърихию фарҳангӣ, хусусиятҳои табиии кишвар, аз қабили маҳалҳои кӯҳӣ, мавзеъҳои экологӣ ва мамнуъ, омода ва паҳн мегарданд. 
Соли 2015 Созмони ҷаҳонии туристӣ дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро дуюмин кишвари туризмаш дар ҳоли рушд қарордоштаи дунё эътироф намуд. Тибқи иттилои бахши форсии шабакаи бонуфузи Би-Би-Си, моҳи феврали соли 2012 ҳангоми назарсанҷӣ байни хонандагони маҷаллаи байналмилалии «Вондерлост» (Британияи Кабир) Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф шуд. 
Коршиносони байналмилалӣ сиёсати пешгирифтаи 140 кишвари ҷаҳонро дар самти “Саёҳат ва туризм” мавриди таҳлил қарор дода, Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати туристии ояндадор арзёбӣ намуданд. 
Ба иттилои “Globe Spots” Тоҷикистон баъди Малта дуюмин кишварест, ки барои туристони саргузаштӣ мусоид мебошад. Ҳамзамон, нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic”, ки 28 феврали соли 2016 ба табъ расид, шоҳроҳи Бадахшонро байни 10 роҳи зеботарини дунё дар ҷойи дувум гузошт. 
- Мувофиқи баҳогузории коршиносон, дар сурати ба сатҳи муносиб баровардани саноати туризм, Тоҷикистон дар як сол имкони қабули то 1 миллион сайёҳро дорад. Ин то куҷо ба ҳақиқат наздик аст?
- Таҳлили вазъи кунунии туризми кишвар шаҳодат медиҳад, ки марҳила ба марҳила сатҳ ва сифати хизматрасониҳо беҳтар мегарданд. Мувофиқи маълумот, дар ҷумҳурӣ  зиёда аз 100 иншооти туристии дорои ҷанбаҳои санаторию курортӣ бо назардошти меҳмонхонаҳо, амал менамоянд, ки ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, соли 2015 ба ҷумҳурӣ 413 834 сайёҳ омад. Аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти мамлакат 206 917 000 доллари ИМА ворид гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 94 дарсад зиёд мебошад ва ин нишондиҳанда дар даҳ соли охир баландтарин арзёбӣ мегардад. 
- Сатҳи ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи туризми Тоҷикистон чӣ гуна аст?
- Яке аз роҳҳо ва усулҳои стратегии рушди минбаъдаи соҳаи туризм дар мамлакат  ин баланд бардоштани иттилоотонии ҷомеаи байналмилалӣ  оид ба имконоти туристии Тоҷикистон ва дар ин самт рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои хориҷӣ мебошад.
Дар ин ҷода созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо Покистон, Қазоқистон, Украина, Афғонистон, Туркманистон, Маҷористон, Баҳрайн, Латвия ва дигар кишварҳо таҳия ва имзо шудаанд. Дар маҷмӯъ теъдоди созишномаҳо ва меморандумҳои ҳамдигарфаҳмӣ аз 20-то зиёданд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  пайваста кӯшиш менамояд, ки аз тамоми имкониятҳои мусоид истифода бурда, барои рушди туризм чораҳои судмандро андешад. 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1638

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед