logo

иҷтимоиёт

НАКУКОРӢ – ҲУСНИ ОДАМ

Худованд инсонро аслан барои некиву накукорӣ офаридааст. Яъне, рисолати инсони комил, пеш аз ҳама, аз рӯйи имконият меҳру шафқаташро дареғ надоштан на танҳо ба ҳамҷинсон, хешону пайвандон, балки аҳли ҷомеа ва тамоми мавҷудоти олам, ҳайвоноту наботот низ ҳаст. Дунё низ дар пояи некиву созандагии инсон, муборизаи оштинопазиру пайвастаи ӯ алайҳи қувваҳои баду сиёҳкор, ҷафопешаву харобиовар пойдор, сарсабз, зебову дилкаш барои наслҳои ояндаи башар мерос мемонад. Дар акси ҳол ба дӯзахи рӯйи замин табдил меёбад. Ва накукорӣ хислати инсонҳои вораста, дарёдил, баинсофу хайрандеш ва покниҳоду баҳиммат аст. 
Таърихи ҳазорсолаи ҳастии ҷаҳону инсоният аз рӯйи сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла китобҳои самовӣ ва нигоштаҳои донишмандону адибони номвар ҳамин ҳақиқатро собит месозад. 
Бадӣ васваса, ҳидояти шайтони лаъин, Аҳримани сиёҳкор аст, ки ба дилҳо тухми кинаву кудурат мекорад. Некӣ саховати беминнати инсон буда, аз он дилҳо чароғон ва зиндагӣ роҳати ҷон мешавад. Чуноне арз кардам, чор китоби муқаддас, аз ҷумла Қуръони маҷид инсонҳоро танҳо ба накукорӣ ва эҳтирому парастиши  Офаридгор, пос доштани расму суннат, ба ҷо овардани хидмати падару модар, ҳимояи шараф ва марзу бум даъват мекунанд. Ва ҳушдор низ медиҳад: «Фитна бадтар аз куштор аст» (Сураи Бақара, ояти 217). Ва ё халқ мегӯяд: «Каъба чӣ равӣ, бирав дилеро дарёб».
Шайх Саъдӣ мефармояд: «Хештаншиносӣ нардбони боми маърифати Илоҳист». Шахси бомаърифат ҳар амалро дар пояи некӣ ва манфиат расондан ба мардуму мавҷудоти атроф ба анҷом мерасонад. «Ҳар кӣ бунёди бад мениҳад, бунёди худ меканад», - боз ҳушдор медиҳад ӯ. Ва ин панд низ қадимист: «Беҳтарин туҳфа ба гадо сухани нек гуфтан аст». Хулоса, зевари андеша ва осори бузургтарин адибони классик ва муосири мо ситоишу тарғиби некӣ ва накукориро дар бар мегирад. Аз ҷумла, устод Рӯдакӣ - саромади адабиёти форсу тоҷик беш аз ҳазор сол пеш таъкид карда:
Ин ҷаҳонро нигар 
ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, 
к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ!
 
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш, ки мағз андар мағз тасвири муборизаи некӣ бар бадист, ин бонги даъватро ба гӯши башарият мерасонад:
Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти 
некӣ барем.
Набошад ҳама неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.
 
Ва ин байт низ асрҳост, ки бадкирдоронро бо ришханд ба сӯйи некиву накукорӣ мекашад:
Сад бор бадӣ кардиву 
шарми ту наомад,
Некӣ чӣ бадӣ дошт, ки 
як бор накардӣ?!
 
Хулоса, афкору фалсафаи некӣ ва тарғиби он мероси аҷдодони барӯманди мост, ки он аз суннату фарҳанги воло сарчашма гирифта, дар ҳар давру замон барои офаридани осори оламшумули адабии накукориву инсонпарварона замина гузоштааст. Ва бешак, аз ҳар донишманду адиби маъниофар агар мисолҳое дар ситоиши некиву накукорӣ гирд биорем, ҷилд - ҷилд китоб мешавад. Бегумон, он гуфтаҳо низ чун адои қарз ё некӣ аз аҷдодони хирадпеша ба мо ба ёдгор мондаанд, ки то имрӯз ва оянда онҳо моро аз роҳи каҷу бад бармегардонанд ва ба накукориву ростӣ ҳидоят намоянд.
Хушбахтона, солҳои охир, хоса дар замони соҳиби Истиқлоли давлатӣ шудани Тоҷикистони азиз бо шарофати ҳидоятҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, некиву накукорӣ, дасти хайру саховат дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа, пиронсолони бесаробон, хонаи ятимону мактаб-интернатҳо, маъюбону оилаҳои камбизоат, сокинони аз офатҳои табиӣ зарардида, ба таҳсил фаро гирифтани писарону духтарони бо амри сарнавишт аз навозишу тарбияи падару модар бенасибмонда авҷи тоза пайдо кард.
Ин шоистаи таҳсин аст ва ин некиҳо ифтихору шукргузориро аз Ватану миллатдорӣ дар қалби озурдаи хурду калон меафзоянд. Решаи ниҳоли фарҳанги некӣ ва саховатмандиро дар қалби ҳар як фард мустаҳкам месозад.
Оре, дунё бо некӣ ободу бобақо ва зиндагӣ аз накукорӣ ширину гуворост. Аз ин хотир, дар рӯзи накукорӣ, ё пеш аз он бисёр хуб мешуд, ки ин рӯзро дар Тоҷикистони мо  ба таври хоса мегузаронданд, дар муассисаҳои таълимӣ, ҳатто кӯдакистону донишгоҳҳои олии мамлакатамон дарси некӣ гузаронда, ба ҷавонону хурдсолон моҳияти шарофати фарҳанги некиро фаҳмонем. Ва ё он рӯзро бо тозаву озода кардани кӯча, маҳалла, корхона, мактаб, гулгашту хиёбонҳо, шаҳру деҳот, аёдату аз ягон ҷиҳат мадад расондан ба ранҷурону ниёзмандон гузаронем. Аз ин амалҳои хайр дил рӯшан, макон обод ва қалбҳои шикаста шод хоҳанд шуд.
Абдулҳамид САМАД, 
Нависандаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1733

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед