logo

иҷтимоиёт

"АХТАРИ МОДАРОН". ДУХТАРОНИ ДАРВОЗ ДИГАР ХОНАШИН НЕСТАНД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ миёни роҳбарону фаъолон ва сокинони Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба соҳибкори  муваффақ Шералӣ Кабиров дастур ва супориш доданд, ки то ҷашни Наврӯз барои духтарони хонанишини ҷамоат корхонаи дӯзандагӣ бунёд намояд. Инак, корхонаи дӯзандагии «Ахтари модарон» пеш аз муҳлат ба истифода дода шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. 
Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази Ҷамоати деҳоти Сағирдашт ба муносибати ба фаъолият оғоз намудани ин иншооти муҳим ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт. Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, раиси ноҳияи Дарвоз, лентаи рамзиро бурида, дар ин рӯзи саид ба зиёда аз 50 нафар духтарони  сағирдаштӣ барори кор орзу намуданд. Ҷавондухтарони  диёри ошёни уқобон барои чунин ғамхории  беназири Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ намуданд.
 Сокинони водии баландкӯҳ боварии комил доранд, ки  бинои дуошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ  ба Ҷамоати деҳоти Сағирдашт санги асоси онро гузошта буданд, ба мисли корхонаи дӯзандагии «Ахтари модарон» дар муҳлати кӯтоҳтарин  сохта, мавриди истифода қарор мегирад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1531

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед