logo

иқтисод

ШАҲРОФАР

Соҳаи сохтмон яке аз шохаҳои асосии хоҷагии халқ ба шумор рафта, дар рушду нумуи иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Аз ин лиҳоз Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои рушди он маблағҳои зиёд ҷудо менамояд. 
Мавриди зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷаҳду талош созандагон бунёдкориҳо, даҳҳо шаҳраки намунавӣ, аз ҷумла шаҳракҳои Дарбанд дар ноҳияи Нуробод, шаҳраки Ваҳдат дар ноҳияи Шуғнон, марказҳои ноҳияҳои Шаҳринав, Тоҷикобод,  Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон ва  Темурмалик бунёд гардида, марказҳои шаҳрҳои Истаравшан, Кӯлоб Ҳисору Хоруғ пурра азнавсозӣ шуданд. Ҳамчунин ин солҳо иншооти аҳамияти стратегӣ доштаи неругоҳҳои барқию обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, “Помир-1”, шабакаҳои интиқоли барқи “Шимол-Ҷануб”, “Лолазор-Хатлон”, роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма, қитъаҳои Мурғоб-Қулма, Шкев-Зиғар, Шоҳон-Зиғар, Душанбе-Чанок, Ваҳдат-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош сарҳади Қирғизистон, Душанбе-Турсунзода, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, иншооти муҳими саноати “Маҷмааи нассоҷии ҶМ “Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил” дар ноҳияи Данғара, корхонаҳои сементбарорӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Истиқлол, ноҳияи Ёвон, корхонаи металлургӣ дар шаҳри Ҳисор, корхонаҳои ҶДММ “Криолит” ва гаҷкартон дар ноҳияи Ёвон, варзишгоҳҳои муосир дар шаҳрҳои Ҳисор, Хуҷанд, Исфара, Турсунзода, театру қасрҳои фарҳанг дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд ва садҳо иншооти тайиноти мухталиф сохта  мавриди истифода қарор доранд.
Дар пойтахти  кишварамон  тайи солҳои охир иншооти боҳашамат, аз ҷумла “Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ”, “Қасри миллат”, бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Китобхонаи миллию Осорхонаи миллӣ, меҳмонхонаҳои баландошёнаи 5 ситорадори “Ҳайёт”, “Серена”, “Шератон”, “Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии Сомониён”, Муассисаи давлатии “Душанбе – Плаза”, Маркази фарҳангӣ - фароғатии  “Сомониён” (Тахти Наврӯз), ки бо истифодаи анъанаҳои меъмории миллӣ ва нақшу нигори хоса дар Осиёи Миёна беназир аст, Маркази Исмоилия бо санъати хоси меъморӣ, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ, Маркази савдои муосири” Пойтахт-90”, Маҷмааи муосири бисёрсоҳавии тандурустӣ дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои  қабули 800 нафар дар як баст бо таваллудхонаи дорои 100 кат, сохта шудаанд. 
Бояд хотирнишон кард, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо иқдоми неке ҳангоми ба истифода супурдани иншооти аҳамияти ҷумҳуриявидошта нафарони дар бунёди ин ё он иншоот саҳми босазо гузошта, бо унвонҳои  меъмор ва сохтмончии шоиста  қадрдонӣ мешуданд. 
Айни ҳол чунин мукофотҳои давлатӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳод вуҷуд доранд. Аз ҷумла дар Федератсияи Русияву Белорус, Озарбойҷон, Ӯзбекистону Туркманистон бо мукофоти меъмор ва  сохтмончии шоиста сарфароз мегарданд. Чунончи, Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов барои саҳми босазо дар рушди шаҳрсозии кишвараш бо унвони меъмори шоистаи Туркманистон мукофотонида шудааст. 
Боиси сарфарозист, ки тамоми бунёдкорию созандагиҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар  даврони истиқлолият шуда истодаанд бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии сохтмончиёну лоиҳакашон ва меъморон амалӣ шудаанд. 
Бояд тазаккур дод, ки Сарвари давлат ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо лоиҳаҳои иншооти бунёдшаванда шинос  шуда, санги асоси бештари онҳоро гузошта, баъзе аз биною иншоот бо иштироки худашон мавриди истифода  қарор дода мешаванд.
Бо назардошти андешаҳои зикршуда барои баланд бардоштани мақом ва қадрдонии алоқамандони ин соҳаи муҳим пешниҳод менамоям, ки ба санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ тағйиру иловаҳо ворид намуда, лоиҳакашону меъморон ва сохтмончиён барои саҳмашон дар таҳияи лоиҳаҳо ва бунёди иншоот бо унвонҳои давлатии меъмор ва сохтмончии шоиста мушарраф гардонида шаванд. Дар навбати аввал сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан Роҳбари шаҳрофаранд ба унвони Меъмори шоистаи Тоҷикистон амали ҷавонмардона хоҳад буд.
Сафармуҳаммад ЮСУФҶОНОВ, 
узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 1512

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед