logo

иҷтимоиёт

ТАНБЕҲ БА МАСЪУЛОНЕ, КИ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ШАҲРВАНДОН САҲЛАНГОРӢ НАМУДАНД

Дар  нуҳ  моҳи  соли  равон  ба  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  номи  сокинони  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  220  арзу  шикоят  ворид  гардидааст, ки  нисбат  ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта 49  адад  зиёд  мебошад.
Зиёӣ   Мамадаминов, мудири  бахши муроҷиат  ва  қабули  шаҳрвандони  дастгоҳи  раиси  вилоят, дар  ин  бора  иттилоъ  дода, зикр кард, ки муроҷиатҳои  хаттӣ  ба  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти мамлакат  аз номи  сокинони  шаҳри  Хоруғ, ноҳияҳои  Ишкошим, Рӯшон, Дарвоз  ва Шуғнон  рӯ  ба  афзоиш  доранд. Ин,  агар аз  як  тараф  эътимоди зиёди мардумро  ба  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  нишон диҳад, аз ҷониби  дигар аз бемасъулиятиву саҳлангории  масъулони   идораву  муассисаҳои  шаҳру навоҳии вилоят, ки  ҳалли  мушкилоти  шаҳрвандон  ба  онҳо  рабт  дорад, дарак  медиҳад. 
Ҳолатҳое низ ҷой  доранд, ки  мақомоти дахлдор муроҷиатҳои  хаттии  шаҳрвандонро  баррасӣ  намоянд ҳам,  ба  онҳо   ҷавоб  намегардонанд  ва  ё  ҷавобро дер ирсол менамоянд. Масалан, сокини ноҳияи Ишкошим  Райҳон  Абдулазимова ба  Дастгоҳи  иҷроияи Президенти мамлакат шикоят  намудааст, ки девори  ҳавлиашонро мақомоти  маҳаллӣ канда  партофтаанд. Ҳангоми баррасии масъала  маълум  мегардад, ки  девори  ҳавлӣ ғайриқонунӣ  сохта  шуда, даъвои  ӯ асоси воқеӣ  надорад. Мутаассифона, ҷавоби  аризаро  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баъди  якуним  моҳ   ирсол  намудааст. Дар   ноҳияи  Шуғнон  низ ба  аризаи  сокини  деҳаи  Миденшори  ноҳия Оимнисо Қаландарбекова    бо  дермонӣ  ҷавоб  гардондаанд.  Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд, ки  дар  давоми   сол  ба  15  аризаи  ба  Дастгоҳи  иҷроияи  Президент  ирсолгардида, ки  барои  баррасӣ  бо  болохат  ба  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо  фиристода  шудаанд, ҷавоб  бо  дермонӣ гардонда  шудааст.  
Ба гуфтаи Зиёӣ Мамадаминов,  дар  ин  бора  дар  машварати назди раиси вилоят бо иштироки раисони шаҳру  ноҳияҳои вилоят, сардорони идораву муассисаҳои  вилоятӣ  сухан  рафт. Шодихон  Ҷамшед, раиси  вилоят,  аз  он  изҳори нигаронӣ намуд, ки аз  ҷумлаи ин аризаҳо баъзеашон муроҷиатҳои такрорӣ мебошанд. Яъне, шаҳрванд як  бор ариза навишта, ҷавоби қонеъкунанда нагирифтааст. Пас аз ин маҷбур шудааст, ки  ба Дастгоҳи  иҷроияи Президент муроҷиат намояд. Ин  аз  он  шаҳодат медиҳад, ки баъзе роҳбарони  шаҳру  ноҳияҳо, идораву  муассисаҳое, ки муроҷиати  шаҳрвандон ба фаъолияти  онҳо  дахл дорад, нисбат ба арзу шикояти мардум  беэътиноӣ  зоҳир  намуда, масъалаҳои  бамиёнгузоштаи онҳоро мавриди баррасӣ  қарор намедиҳанд  ва ё ба аризаи хаттиашон  ҷавобҳои  бемантиқу  беасос  ирсол  медоранд. Чунин  ҳолат  боиси  норозигии  шаҳрвандон, кам  гардидани  эътимоду  боварии онҳо   ба  мақомоти  маҳаллӣ   гардида, барои  ҳалли  мушкили  худ ба зинаҳои  болоӣ муроҷиат  мекунанд.  
Мудири  бахши муроҷиат  ва  қабули  шаҳрвандони  дастгоҳи  раиси  вилоят зикр намуд, ки дар машварат раиси  вилоят  ба роҳбарони  идораву  муассисаҳое, ки  нисбат ба арзу шикояти шаҳрвандон беэътиноӣ зоҳир кардаанд,  танбеҳ эълон кард. Ҳамзамон,  ба  кормандони  масъули  дастгоҳи  раиси  вилоят супориш  дод, ки бо  ташкили  як  гурӯҳи  корӣ  масъалаи  муроҷиати  шаҳрвандонро  дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят, идораву  муассисаҳо бори  дигар санҷида, нисбат ба шахсони  мансабдоре,  ки  ба арзи  шаҳрвандон намерасанд, ба  муроҷиаткунандагон  сари  вақт ҷавоб  намегардонанд ё  ҷавобҳои  рӯякӣ   мефиристанд, чораҳои  мушаххаси  интизомӣ  андешанд. 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2016    №: 233    Мутолиа карданд: 1588

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед