logo

иҷтимоиёт

ОБИ САРҲУЙИ КОРЕЗ. КӢ МАСЪУЛИЯТРО БА УҲДА МЕГИРАД?

Чанде қабл гузорам аз  пиёдароҳе, ки аз паҳлуи тарабхонаи «Канд» мегузарад ва маҳаллаи  102 - ро  бо маҳаллаи 82 мепайвандад, афтод. Шоҳиди он гардидам, ки духтаре ҳангоми ҷаҳидан аз кӯлмаки бадбӯ ва ифлоси оби корез ба он афтод ва либосҳояш олуда шуданд. Зуд аз дасташ бардоштам. Духтарак мегирист. Роҳгузари зиёде  ҷамъ омад, аз ҷумла ҳамкурсҳояш.  Ба ӯ  маслиҳат додем, ки ба хонааш равад ва либосҳояшро иваз намояд. Ҷамъомадагон аз он шикоят доштанд, ки беш аз ду моҳ боз чунин ҳолат давом дорад ва оби ифлоси корез равон асту касе парво надорад.  Одатан аз ин ҷо баъзе донишҷӯёни Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии    № 89, омӯзгорон ва дигар сокинони маҳалла ба хотири  кӯтоҳ кардани роҳ равуо доранд. Агар дар тарафи рост тарабхонаи «Канд» бошад, дар тарафи чап  масоҳати калоне  бо девори тунукагӣ иҳота гардида, дар он «Қурутобхона...» навишта шудааст. Ростӣ, айб аст, ки дар байни чунин  ду муассисаи боназофат оби ифлосу бадбӯи корез равон бошад. Масъулияти бартараф кардани онро кӣ ба уҳда мегирифта бошад: тарабхона ё қурутобхона?
М. САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 1908

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед