logo

иҷтимоиёт

КУМАКПУЛӢ. АЗ АСКАРОНИ ШУҶОЪ ТО МАҲБУСОНИ ОЗОДШУДА

Дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ҷиҳати дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор ба онҳо кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт карда мешавад. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ба 8660 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ кумакпулӣ пардохт гардид, ки 157,3 дарсади дурнамои барномаро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Ниёзбек Қурбонов, муовини директори Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ кумакпулӣ барои бекорӣ ба беш аз 90 нафар шаҳрванди аз корхонаҳо ихтисоршуда, 360 нафар бо хоҳиши худ, 420 нафари аз муассисаҳои ҷазои ҷиноятӣ озодшуда ва 7788 нафар ҷавонони аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷавобшуда пардохт шудааст.
Вобаста ба таъмини муҳоҷирони ба Ватан баргашта бо ҷойи кор, давоми нуҳ моҳи соли равон ба ин ниҳод дар маҷмӯъ 2525 нафар муроҷиат кардаанд, ки 2233 нафарашонро мардон ташкил медиҳанд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо 268 нафари онҳо бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 492 нафар ба тайёрии касбӣ, 162 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар шуданд. Ба 119 нафар қарзи имтиёзнок барои соҳибкории инфиродӣ дода шуд.
Дар маҷмӯъ тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби сохторҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба 5163 нафар шаҳрвандон аз ноҳияҳои пилотӣ хизмат расонда шуд. Ғайр аз ин,  дар ин давра ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 2882 нафар шаҳрвандон зиёда аз 8 миллион сомонӣ дода шуд, ки ин нишондод 90,1 фоизи дурнамои барномаро дар самти дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди соҳибкорӣ ташкил медиҳад.
- Тайи солҳои охир Ҳукумати Тоҷикистон дар самти коҳиш додани раванди муҳоҷират, бо шуғл фаро гирифтани бекорон ва кумакпулӣ барои бекорӣ тадбирҳои судманд меандешад.
Дар асоси дастури Президенти мамлакат то охири соли ҷорӣ таъсиси беш аз 300 ҳазор ҷойи нави корӣ дар назар аст, ки амалӣ гардидани ин дастур низ ба коҳиш ёфтани теъдоди бекорон ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард, - гуфт Н. Қурбонов.
Лашкар ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 2168

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед