logo

иҷтимоиёт

СИРОЯТИ МУЗМИН. ОНРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН РАФЪ КАРД?

Сирояти музмини мавзеӣ (тонзиллит, гайморит, холесистит, кариеси дандон), яке аз мушкилоти асосии тибби варзишии муосир ба ҳисоб меравад. Он ҳангоми хуруҷ ба кори системаи дилу рагҳо таъсири манфӣ расонда, ба пастшавии натиҷаҳои варзишӣ сабаб мегардад.
Мавзеъҳои илтиҳобии музмин сари чанд вақт такроран авҷ гирифта, муқовимати организмро заиф низ мегардонанд. Ғайр аз ин, таъсири манфиашон ба узвҳои алоҳида на танҳо ҳангоми давраи хуруҷ, балки бидуни он ҳам ба назар мерасад. Мавзеъҳои сироятии музмин, дар ҳамаи узвҳое, ки шароити мусоиди инкишоф доранд (масалан даҳон, бинӣ, гӯш) метавонанд пайдо гарданд. Онҳо илтиҳоби ҷавҳои пешонӣ (отит, синусит), ғадуди бодомшакл (тонзилит), заҳрадон (холесистит), кариес (пӯсиши дандон) буда, дар варзишгарон зиёд дида мешаванд. Ин иллатҳо, дар навбати худ, ба пайдоиши бемориҳои дилу рагҳо, аз ҷумла ихтилоҷи беихтиёри рагҳои дил (тонзлокардиалӣ), вайроншавии ғизогирии мушакҳои дил (тағйироти дистрофикии миокард), вайроншавии кори дил мусоидат менамоянд.
Бояд таъкид кард, ки фоизи мавзеъҳои сироятии музмин дар байни варзишгарон, назар ба дигар қишри аҳолӣ бештар сабт гардидааст. Он аслан, чун илтиҳоби музмини ғадуди бодомшакл – дар байни калонсолон (5 – 6 дарсад) ва дар байни кӯдакон (10 – 12 дарсад) зоҳир мегардад. Сабаби ин, пеш аз ҳама, сарбории барзиёди ҷисмонии варзишгарон мебошад. Нишондодҳо собит менамоянд, ки мавзеъҳои сироятии музмин на дар ҳолатҳои оромӣ ва муқаррарӣ, балки ҳангоми сарбориҳои шиддатноки варзишӣ ба дигар узвҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Зеро, ҳангоми сарбории барзиёди ҷисмонӣ гардиши хун шиддат гирифта, бо сироят омезиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси иллатёбии узвҳои бошиддат коркунанда – дил, буғмҳо ва гурдаҳо мегардад. Дар чунин ҳолатҳо агар тамринҳоро кам насозем, муқовимати иммунобиологии варзишгар паст мешавад.
Яке аз омилҳои пайдоиши мавзеъҳои сироятии музмин дар байни варзишгарон ин нафасгирӣ бо даҳон ҳангоми тамринҳо мебошад. Ин ҷиҳат сабаби пайдоиши шамолхӯрӣ, камшавии муқовимати пардаи луобии ковокии даҳон, кариеси дандонҳо ва тонзиллити музмин шуда метавонад.
Тасдиқи ин гуфтаҳо миқдори зиёди варзишгарони бо тонзиллит ба қайд гирифташуда, хусусан, дар намудҳои варзиши зимистона, мебошад. Аз ин рӯ, пас аз анҷоми тамринҳо варзишгарон бояд ҳатман бо маҳлулҳои гадзидоӣ даҳонашонро обгардон намоянд. Инчунин, машқҳои бесамар ва вайронсозии реҷаи тамрин низ ба организм таъсири бад доранд.
Ҳамин тавр, се навъи таъсири манфии мавзеъҳои сироятии музмин ҳангоми сарбориҳои варзишӣ ба назар мерасанд: пастшавии қобилияти ҷисмонӣ ва натиҷаҳои варзишӣ; пайдоиш ва инкишофи бемориҳои гуногун, бахусус дар системаи дилу рагҳо; имконпазирии фавти ногаҳонӣ дар натиҷаи «сактаи уфунатӣ».
Бо назардошти ин, мавҷудияти мавзеъҳои сироятии музмин вазъи манфии саломатӣ арзёбӣ шуда, ҷиҳати шуғлварзӣ ба варзиш маҳдудият пеш меорад. Аз ин лиҳоз, қаблан, бояд мавзеъҳои сироятӣ тавассути муоинаҳои тиббии саривақтӣ ташхис карда шуда, иллатҳои ошкоршуда сари вақт табобат ва бартараф карда шаванд.
Нуриддин ИМОМОВ,
мудири шуъбаи Марказии шаҳрии
муоина ва назорати тиббии варзишгарон,
Нуралӣ ҚУРБОНОВ, табиби маркази мазкур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2016    №: 235    Мутолиа карданд: 2133

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед