logo

иҷтимоиёт

ИШКОШИМ. ОСОИШГОҲҲОИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ФАЪОЛАНД

Муассисаҳои истироҳату табобатии Гармчашма, Авҷ ва Бибӣ Фотимаи Заҳрои минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Ишкошим имсол нисбат ба солҳои гузашта сайёҳонро зиёдтар ҷалб намуданд.
Тибқи иттилои Муҳаммадсахӣ Азизхонов,  роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ишкошим, имсол барои табобату фароғат ба осоишгоҳҳо беш аз 4200 нафар муроҷиат карданд. Дар даврони шӯравӣ онҳо аз сабаби камчинии неруи барқ ба таври мавсимӣ  фаъолият мекарданд.  Хушбахтона, солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қисми зиёди қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Ишкошим аз истиқлолияти энергетикӣ бархӯрдор гаштааст. Истироҳатгоҳҳо ҳоло бо барқи доимӣ таъминанд ва дар фасли зимистон низ бемамоният фаъолият мекунанд.  
  Ба гуфтаи ӯ,  солҳои  оянда обҳои шифобахши Помири шарқӣ – мавзеъҳои Зонгу, Вранг Зугванди водии Вахон ва Мулвоҷу Қозидеҳи водии Ғорон   мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.  Рафту омади сайёҳони хориҷӣ, меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар ба ин водии пур аз манбаъҳои нодири табиат торафт бештар гашта истодааст. Дар қалби водии Вахон, болотар аз қалъаи қадимаи Қаҳқаҳа   бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бинои нави дармонгоҳ – истироҳатгоҳ  бо номи Бибӣ Фотимаи Заҳро сохта шудааст. Фароғатгоҳи  Бибӣ Фотимаи Заҳро, ки дар баландиҳои қалъаи Ямчун воқеъ мебошад, хеле ҷои тамошобобу шифобахш аст. Табобатгоҳи  мавзеъҳои Авҷу  Гармчашма дорои  бинои бисёрошёна ва замонавии хизматрасонӣ мебошад. 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 2331

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед