logo

маориф

НИГАРОНӢ АЗ КАМБУДИҲОИ ЗИЁД ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи ҳайати васеи мушовараи прокуратураи вилояти Суғд, ки бо иштироки роҳбарияти раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ баррасӣ шуд, ин натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба маориф дар иртибот ба сифати таълиму тарбия миёни муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ғайридавлатӣ буд.
Зафар Қаюмзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд таъкид дошт, ки сарфи назар аз муваффақиятҳо, аз қабили беҳтар шудани шароити таълими хонандагону омӯзгорон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои нави замонавии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, таҷҳизонидани онҳо бо компютерҳои муосир, сол ба сол афзоиш ёфтани теъдоди хонандагони ба макотиби олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ шомилшуда  дар соҳа ҳамоно камбудиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд. Санҷишҳои прокурорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят норасоиҳоро аз қабили бар хилофи талаботи иҷозатнома зиёд будани шумораи хонандагон дар синфҳо, ҷавобгӯй набудани масоҳати синфхонаҳо ба миқдори хонандагон, риоя нагаштани меъёрҳои санитарию гигиенӣ, тибқи барномаи таълимӣ самаранок истифода нашудани соатҳои таълимӣ, бе тайёрӣ ҳозир шудани омӯзгорон ба дарс, набудани конспект, мувофиқа карда нашудани нархномаи таълими иловагии пулакӣ ошкор кард, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа мебошад.
Сарфи назар аз тадобири зиёд ҷиҳати беҳтар кардани шароити таҳсили хонандагон, азнавсозию барқароркунӣ дар вилоят 35 муассисаи таълимӣ дар биноҳои садамавӣ қарор дорад.
Прокуророни шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати аз тарафи волидайн, намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгорон, кормандони муассисаи таълимӣ, иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 302 парванда оғоз ва барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд, ки аз ин 280 парванда нисбат ба волидайн ва барои истифодаи телефон дар дарсҳо - 40 нафар, бе либоси мактабӣ омадан - 29 нафар, оворагардӣ  - 28 нафар, муҳайё накардани шароити таълим - 30 нафар, бо ҷавоҳирот ба дарс омадан ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд  мебошанд. Ҳамзамон прокуратураи вилоят барои монеъ шудан ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ нисбат ба падару модар 30 парвандаи ҷиноятиро тафтиш мекунад. Аз 139 ноболиғи ҷиноят содиркарда дар даҳ моҳи соли равон 70 нафар ва ё 50,3 дарсадаш хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Боиси таассуфу нигаронист, ки дар соҳа ҳолатҳои фаъолияти омӯзгорон бо дипломҳои қалбакӣ низ ошкор шуданд. Ин ҳолат нисбат ба  директорони МТМУ рақами 64 Ш.Шералиева, рақами 78 О.Холматов, гимназияи № 2 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, директори МТМУ рақами 22 М.Абдулақимоваи ноҳияи Ашт, Х.Марқаева, муовини директори мактаби президентии шаҳри Бӯстон Р. Ғафурова, омӯзгори МТМУ № 19 шаҳри Хуҷанд ошкор ва чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати васеи мушовараи прокуратураи вилоят оид ба камбудиҳои ошкоршуда ва ҷиҳати ислоҳи онҳо гузориши сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва дигар масъулини соҳа шунида шуд ва баҳри иҷрои қонунгузорӣ дар бораи маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 6578

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед