logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВАТАН ҲАСТӢ, БАС АСТ!

Халқ бе фарзанди оламгир оламгир нест. Ин нидои зиндаёд Лоиқ Шералӣ имрӯз бори дигар собит месозад, ки давлат ва миллати бузургро фарзандони бузургаш месозанд. Воқеан, миллати бегазанд ва тоҷикони Тоҷикистону дунёро, ки нуфусашон ба сад миллион мерасад, фарзанди фарзонаи  миллат, сиёсатмадори  варзида Эмомалӣ  Раҳмон ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Асри   ХХ бо ҳама  бурду бохташ барои миллат  ва давлати мо  арзиши зиёдеро қоил аст. Мо соҳиби Истиқлолияти давлатӣ, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем, забони модариамон мақоми давлатӣ гирифт.  Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30 сентябри соли 1993  аз  минбари баланди  Созмони  Милали  Муттаҳид ба забони модарии худ  суханронӣ намуда, андарзи безаволи Шайх Саъдиро ёдовар шуда буд:

Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар  офариниш зи як  гавҳаранд.      
Чу  узве ба дард оварад  рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
      
Эмомалӣ  Раҳмон  Тоҷикистонро дар қалби  хеш ҷой  додааст. Ӯ ба сифати раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд” на танҳо ҳамаи тоҷикони гурезаро ба Ватан баргардонд, балки тоҷикони тамоми дунёро  ба ҳам овард.  Иқдомҳои фарҳангии Пешвои миллат сабаб шуданд, ки мо асли  таърихии худро бишносем. Дар робита ба ин, зикр кардан бамаврид аст, ки талошҳои  Эмомалӣ  Раҳмон  баҳри камолоти маънавии миллат нақши чашмрас доранд. Зеро маҳз ӯ фарҳангро ҳастии миллат  эълон кард ва ба фарзандони ҷоннисори Ватан - Садриддин Айнӣ, Бобоҷон  Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум  ва Шириншоҳ Шоҳтемур  унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро дод. Шоире хуб гуфта:                
           
Ба ин марди  Худо  аз ҷону дил шукрона  бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба  ҳар як хона  бояд  кард.

Ин амалу иқдом ва корномаҳои Сарвари давлатамон мактаби бузурги ҷавонмардиро мемонад. Аз ин сабаб, мо - ҷавонон давомдиҳанда ва вориси ҳақиқии чунин марди олитабор бояд бошем. Дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан, посдории арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешбурди соҳаҳои гунонгуни ҷомеа ҳамеша пайрави Эмомалӣ Раҳмон шавем. Пеш аз ҳама, аз он ки зодаи Тоҷикистон  ҳастем, ифтихор ва шукрона кунем:
        
Тоҷикистон,  Тоҷикистон!
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам,
Ватан  ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар  зиндагӣ  кардан бас аст.

Зулфия ФАТИХОВА,
мудири кафедраи коллеҷи
тиббии шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 2095

18.09.2019


Харбузаҳои 25 - килограмма

Суиқасд ба ҷони Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ

Дар Душанбе ба ифтитоҳи масҷиди калонтарин дар Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинанд

Вохӯрии нахустини Путин ва Зеленский мумкин аст моҳи октябр баргузор шавад

Медведев давраи нави муносиботи Москва ва Пекинро эълом дошт

Низомиёни Ироқ ба марҳилаи нави мубориза алайҳи «Давлати исломӣ» шурӯъ карданд

17.09.2019


“ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН”. САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ

16.09.2019


Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Муҳаммадтақии Собирӣ

Ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии гумрук густариш меёбанд

Дар шаҳри Хоруғ маркази нави хизматрасонии ширкати Тсеll кушода шуд

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

ҚАЛЪАИ ҲУЛБУК. Бозёфти таърихии мансуб ба асрҳои IX – X

Ҷаҳон дар як сатр

Тоҷикистону Британия Палатаи савдо таъсис доданд

Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Россияро барои кишвараш шарики калидӣ хонд

Пристайко: «Дар муносиботи Киев ва Москва «ях об мешавад»

05.09.2019


Ҷаҳон дар як сатр

СОҲИБКОР СОҲИБВАТАН АСТ

НОҲИЯИ АЙНӢ. Зиндагӣ ранги тоза мегирад

03.09.2019


Россия ба пешниҳоди ҳамкорӣ ба Макрон посух дод

Миллион нафар амрикоӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонда хоҳанд шуд

Ҳалокати 20 сарбози неруҳои амниятӣ дар вилояти Қундуз

ИМА ва Чин ба молҳои якдигар боҷҳои нав ҷорӣ карданд

ТАЭКВОН – ДО. Дурахши варзишгарони тоҷик дар чемпионати ҷаҳон

Ҷаҳон дар як сатр

РОFУН. Таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ

29.08.2019


Раҳмон Озода Эмомалӣ сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» дар Тоҷикистон таъйин гардид

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН НАСИБИ ТЕННИСБОЗОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ГАРДИД

САРИДОРАИ БОЙГОНӢ. Мизи мудаввар бахшида ба Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

Ҷаҳон дар як сатр

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ

МТС. ЯК КОНФРОНСИ МУҲИМ

28.08.2019


ИДИ КАДУ ДАР ДУШАНБЕ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед