logo

номаҳо

НОМАИ МАРО ҲАМ НАШР КУНЕД

Оре, ин номаи маро  ҳам нашр кунед. Ман онро на танҳо аз номи худ, балки аз номи мардум, сокинони деҳаҳои Варзоб, хоса донишҷӯёне, ки ҳар саҳар ба дарс, ба пойтахти кишвар ва ноҳияҳои гирду атрофи он мераванд, менависам. Албатта, махсус барои гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи дӯстдоштаам.

Агар нафаре, ки аз шоҳроҳи Душанбе – Чанак, ки қисмате аз он дар ноҳияи Варзоб аст, мегузарад, шояд пиндорад, ки тамоми роҳҳои ин ноҳия чунин ҳамвору зебову асфалтпӯш аст. Кош ин пиндор ҳақиқат медошт. Агар боре роҳҳои деҳаҳоро медид, андешаашу пиндораш дигар мешуд. Аз ҷумла, масофаи деҳаи Пугус то Сафеддара 17 километрро ташкил медиҳад. Ин роҳ ба харобӣ, пастию баландиҳое, ки дорад, моро сахт ба ташвиш овардааст. Тай кардани ин масофаи  на он қадар зиёд вақти бисёрро мегирад. Ба ҳамин сабаб донишҷӯён, аз дарсҳо дер мемонанд. Шахсан ман  борҳо ба дарсҳо дер расидаам.
Солҳост, ки ин роҳ таъмирталаб буда, фикр мекунам, ба симои ноҳия низ бетаъсир намемонад. Азбаски Варзоб минтақаи туристӣ мебошад, ба ин ҷо сайёҳон аз кишварҳои  дигар меоянд. Бо ин ҳол онҳо, тасаввур намекунам, ки хотираҳои неку гуворо бибаранд. Аз чӣ бошад, ки масъулон ба ин масъала хуб ошноӣ доранд, аммо барои ҳаллаш тадбир намеандешанд? Бисёр мехоҳам, ки пас аз нашри ин нома дар гӯшаи «Шаҳрванд» онҳо ин камбудии ҷойдоштаро рафъ бинамоянд.
Суҳроби НАЗАР,
донишҷӯи соли сеюми шуъбаи рӯзноманигории коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 6698

21.05.2018


Ҷаҳон дар як сатр

Пекин ҷонибдори бунёди тамаддуни экологист

Маҳви 65 ҳазор ҷангӣ дар Сурия

Вашингтон барои мубориза алайҳи терроризм қариб $3 триллион харҷ кардааст

Иттиҳоди Аврупо ба ИМА роҳи пешгирии боҷро нишон дод

Мансабдорони Қазоқистон аз ҳаққи узвият дар созмонҳои динӣ маҳрум мешаванд

18.05.2018


Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат

Брифинги матбуотӣ оид ба натиҷаҳои Конфронси байналмилалии Душанбе

Ифтитоҳи Маркази таҳсилот, илм ва фарҳанги Беларус

17.05.2018


Баррасии масоили соҳибкорӣ

Вохӯрии Исматулло Насредин бо Эндрю Гилмор

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Туризм аз бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ

ОРОИШГАРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Армуғон аз Италия

Ҷаҳон дар як сатр

Низомиёни афғон маркази музофоти Фараҳро аз «Толибон» озод карданд

Дар Қоҳира кишварҳои араб масъалаи Байтулмуқаддасро баррасӣ мекунанд

Дар Қазоқистон иттиҳодияҳои динӣ ҳисоботи молиявӣ хоҳанд дод

Қирғизистон: ҳаҷми воридот аз содирот 3,2 маротиба бештар аст

16.05.2018


Рӯзҳои фарҳангии ВМКБ дар Хатлон

В. Путин: «Силоҳи нави мо даҳсолаҳо тавозуни стратегиро дар ҷаҳон таъмин месозад»

Пхенян таҳдиди дасткашӣ аз ҳамоиши ИМА – Кореяи Шимолӣ кард

«Иқтисоди сабз» метавонад 24 миллион ҷойи нави кор фароҳам орад

Дарёфти 7 медал дар Чемпионати Осиё

Касби мақоми дувуми Разавӣ дар Чемпионати Осиё

Баргузории «Дави миллӣ»

15.05.2018


Оғози ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда

Баргузории мизи мудаввар дар Суди Олии иқтисодӣ

«Оила ва нақши он дар рушди шахсияти инсон»

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Остона музокироти сулҳи Сурия оғоз ёфт

Мулоқоти Путин ва Жээнбеков дар Сочи

Назарбоев байни баҳрҳои Сиёҳ ва Хазар сохтани канали киштигардро мехоҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед