logo

иҷтимоиёт

МАЪРИФАТ ЧАРОҒИ МЕҲРАФРӮЗИ ВАТАНДОРИСТ

Дар шароити имрӯза оид ба дастовардҳои бузурги миллат ва пешрафту рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ҳарф задан барои ҳар нафаре, ки мақсади асосиаш бунёдкориву созандагист, мояи ифтихор аст. Бинобар ин, вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он иборат аст, ки арзишҳои миллӣ, хислату рафтору анъанот, расму русум ва ҳувияти азалии халқи худро дар зиндагии рӯзмарраамон таҷассум созем ва ба таври мушаххас зикр кунем, ки ин муқаддасот барои миллати мо воқеан ҳам азаливу миллианд. Аз ин рӯ, мо муваззафем, ки насли ҷавони кишварро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем. Зеро агар насли наврасу ҷавони мо аз қадамҳои нахустин дар рӯҳияи худогоҳию худшиносии миллӣ тарбия ёбанд, дар он сурат метавонем бигӯем, ки ояндаи ин сарзамин дар дасти афродест созанда ва ободгар.
Бо вуҷуди ин, дар ҳоли кунунӣ мушоҳида менамоем, ки ин ҳама рӯ ба рушд ниҳоданҳоро баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротӣ, душманони дохиливу берунӣ нодида мегиранд ва ё умуман дидан намехоҳанд. Бо ҳамин мақсадҳои нопокашон аз ҳар гуна имконияту воситаҳои ғаразнок истифода мебаранд, то дар кишвари мо вазъро ноором созанд. Равшан аст, ки чунин нафарон мунтазам роҳу воситаҳои нав ҷуста, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз чизе худдорӣ намекунанд. Баъзе аз ҷавонони мо аз худу таърихи гузаштаи ин диёр огоҳии комил надоранд ва натиҷаи ҳамин ноогоҳист, ки ба баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ шомил гашта, ба аҳли оила, ҷои зист, ҳатто ба номи кишварашон доғ оварда,  қурбони ҷаҳлу торикӣ мегарданд.
Месазад гӯем, ки миллати сарбаланди тоҷик истиқлолияту озодиро осон ба даст наовардааст. Бинобар ин, зарур аст, ки ин неъмати бебаҳоро ба баҳои ҷони хеш ҳифз намоем. Тавре аз авроқи рангини таърихи бостонамон медонем, ниёгонамон фарҳангу адабро қадр намуда, барои ривоҷу равнақи он то ба рӯзҳои мо ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, ки ҷаҳонро талотуми мавҷи нооромиҳо фаро гирифтааст, моро зарур аст, пеш аз ҳама, бо фарҳангу адаб ва маърифату фаросати азалии хеш мусаллаҳ бошем, то ки ҳадафи бозии гурӯҳҳои ифротиву ҷудоиандоз нагардем. Пайваста ба ҷавонону наврасон фарҳангсолориву маърифатгустариро талқин намоем, то онҳо дар қалби худ нисбат ба ободиву пешрафти ин кишвар чароғи меҳрро барафрӯзанд. Зеро фарди меҳанпарасту худшинос ҳар амали худро аввал дар тарозуи ақлу хиради хеш санҷида, пасон пайи иҷрои коре камар мебандад, ки барои ин сарзамин муфид аст. Аз ин рӯ, ба ҷавонони кишвар муроҷиат карда, чунин мегӯем: «Ҷуз ин марзу бум барои мо, тоҷикистониён дигар ҳеҷ гӯшаву канори ин олами нопайдоканор азизу муқаддас нест ва азизу гиромӣ буда ҳам наметавонад, чунки ин сарзамини ҳосилхез хокдони аҷдодони гузаштаи мову шумост. Пас, биёед камари ҳиммати хеш бо риштаи нангу номуси ватандорӣ, ғурури миллӣ мустаҳкам бубандем ва онро боз ҳам зеботару дӯстдоштанитар гардонем ва дар мазраи мулки нозанинамон донаи меҳру садоқат, ишқу муҳаббат бикорем, то ки наслҳои оянда аз ин самараи коридаи мо баҳравар гарданд!»
Тоҷикистон Ватани мост. Мо бояд онро обод намоем, на аз он фирор карда, ба доми ғурбат афтем. Имрӯз кишвари биҳиштосои мо мавриди назари ҷаҳониён қарор гирифтааст, шумораи вуруди сайёҳони хориҷӣ сол ба сол меафзояд. Дар ин росто, мо ҳам бо илму дониш ва ҳунару маҳорати худ бояд ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузорем. Агар худи мо ин корро накунем, ҳаргиз аҷнабие барои мо Ватан нахоҳад сохт.
Қудратулло МИРАКОВ,
Олимҷон ШОМУДДИНОВ,
устодони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.12.2016    №: 240    Мутолиа карданд: 2417

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед