logo

иҷтимоиёт

НОМУС. ДАР БОРАИ ОИЛАИ ҚОСИМОВҲО

Ассалому алайкум аҳли эҷоди рӯзномаи дӯстдоштаи мо – «Ҷумҳурият»!  Ба шумо яке аз соҳибкорони шаҳри Истаравшан  Муъминҷон Қосимов салому паём мефиристад. Бояд, пеш аз ҳама, иброз дорам, ки рӯзномаи дӯстдоштаи мо вақтҳои охир хеле хонданӣ шудааст. Дар он рубрикаҳои нав пайдо гардида, матолиби диққатҷалбкунандаи хонданӣ бештар ҷой дода мешаванд. Аз ҷумла, рубрикаи «100 сатр аз номуси ватандорӣ» ба ман хеле хуш омад. Таҳиякунандагони он дар сад сатри рӯзнома аз корҳои азими басомонрасондаи ҳамватанонамон ҳикоят мекунанд, ки арзиши чандин достонро доранд.

Ҳамаи ин ободкориҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатии кишварамон мебошад, ки имсол 25 – умин солгарди онро ботантана ҷашн гирифтем. Ҳар чӣ ки имрӯз дорем, аз баракати Истиқлолият аст. Бароям боиси ифтихор аст, ки бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат дар қатори дигар соҳибкорони ватанӣ дар ободии як гӯшаи Тоҷикистони азиз саҳм гирифта метавонам. Мо, соҳибкорон ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорем. Ва ҳамин боварӣ ба мо дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созанда неру бахшида, ба корҳои боз ҳам муҳим ҳидоят мекунад. 
Имрӯзҳо ду писарам дар мулки Русия ба соҳибкорӣ машғуланд. Онҳо маблағҳои бадастовардаашонро ба ман фиристода хоҳиш намуданд, ки дар кори савобе сарф намоям.  Ҳар гоҳе, ки бо писаронам тамос мегирам аз забонашон чунин мешунавам: «Падарҷон, мо аз Ватан дур бошем ҳам, барои ободии он кӯшиши худро дареғ нахоҳем дошт. Як рӯз не як рӯз мо бармегардем. Пас, биёед коре кунем, ки ба халқи азизамон хизмат намоем». Ман ин хоҳиши онҳоро ба инобат гирифта, бо маблағҳои фиристодаашон  як дармонгоҳе бо номи «Шифои комил» бунёд намудам. Дармонгоҳи мо ба қадри имкон мушкилоти ниёзмандони зиёдеро осон намуда истодааст.  Сохтмони дармонгоҳ дар ҳудуди шаҳр ва ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сурат гирифт.
Баъди ба истифода додани бинои дармонгоҳ 22 нафар табибони соҳибтаҷриба бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд. Дармонгоҳи мо аз чор ошёна иборат буда, дар як вақт имкон дорад то 60 нафар ниёзмандонро ба табобат ва истироҳат фаро гирад.
Дар он ҳама намуди дастгоҳҳои табобатӣ насб гардида, навтарин технологияҳо аз Русия ва Олмон оварда шудаанд.
Ду набераамро ба донишгоҳҳои машҳури тиббии кишвари Русия барои таҳсил фиристодаам, то пас аз хатми донишгоҳ омада дар дармонгоҳ ба фаъолият пардозанд. Дар ояндаи наздик ният дорам, ки дар шафати ҳамин бино, як бинои иловагии дигарро сохта ба истифода диҳам. Дар он 12 нафар мутахассисони дигари маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Шукрона мекунам, ки имрӯз бо 6  нафар фарзанду 19 набераҳоям аҳлона зиндагӣ намуда, давлати пирӣ меронам. Шоҳиди корҳои неки фарзандону пешравии кишварам ҳастам. Ман аминам, ки корҳои аз ин ҳам бузургтар ҳанӯз дар пешанд.
Шукронаи сулҳу суботи кишвар ва дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки имрӯз мо соҳибкорон ба маънии томаш озодему даст ба ташаббускориву бунёдкорӣ мезанем. Агар чунин озодӣ насиби мо намешуд, шояд тавони сангеро болои санг монданро надоштем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 2501

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд

Дар Чин кӯдак аз ошёнаи 26 – ум афтода зинда монд

Аксаков бо сенаторони амрикоӣ зарурати муколамаи фаъолро баррасӣ намуд

Ҳамкории Москва ва Рейкявик дар Арктика тақвият меёбад

ФР ва Тоҷикистон конфронси ҳамкории байниминтақавӣ доир мекунанд

ИМА омодаи тамдид намудани созишномаи ССҲ бо Россия аст

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед