logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. БОЗ АЗ БОБИ БЕНИЗОМИҲОИ "САХОВАТ"

Ду моҳ қабл рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлаби рӯзноманигор Шарифхон Тиллоевро зери сарлавҳаи «Аҳмади порина… Аз боби бенизомӣ дар бозорҳои «Саховат» ва «Деҳқонбозор» - и шаҳри Кӯлоб» нашр намуда буд. Сухан атрофи ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан, ифлоссозии муҳити зист ва бетартибии нақлиётӣ дар роҳҳои шафати ҳар ду бозор мерафт. Мутаассифона, раиси раёсати ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб ба ҷойи бартараф намудани костагиҳо бо навишти як вокуниш нигоштаҳои муаллифро муғризона донистааст. Яъне, гӯё вазъи бозор хуб асту танқиди рӯзноманигор сӯзанда – на созанда. Биноан, баҳри дақиқ намудани ҳақиқати ҳол такроран сари масъала бозгаштем.
29 марти соли ҷорӣ мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр вазъи экологии бозори «Саховат» - ро санҷида, қонуншиканиҳои пайдарҳами марбут ба соҳаро ошкор карданд. Барои надоштани иҷозатномаи меъёри ҷамъшавии партовҳо, набудани макони партофтани лампаҳои каммасрафи корношоям ва чанд қоидавайронкунии дигар барои ситондани 60 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарима санад тартиб дода, ба Суди иқтисодии вилояти Хатлон пешниҳод карданд. Даъвои судӣ бошад, то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Раиси ҷамъияти матлубот ин амали маъмурони ҳифзи муҳити зистро ноодилона мехонад.

- Масоҳати умумии бозор қаблан 5 гектарро ташкил медод. Нисфашро фурӯхтанду феълан 2,61гектар боқӣ мондааст. Ростӣ, намефаҳмам, дар ҳама ҷо мегӯянд, ки сойи Тебалайро «Саховат» ифлос мекунад. Сойи мазкур комилан ба бозор дахл надорад. Моҳе пеш дар наздикии сой бо қарори раиси шаҳр барои партовгоҳ замин ҷудо гардид. Фаррошони бозор ҳамарӯза партовҳоро ғундошта, дар халтаҳо ҷой карда, мепартоянд. Ҳудуди бозорро бисёр марказҳои савдо иҳота кардаанд, ки ба мо дахл надоранд, яъне тобеи идораи мо нестанд. Мо ягон гуноҳ надорем. Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр моро асосан дар надоштани хулосаи экспертизаи давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ мутаҳам карданист, аммо мо аллакай хулосаро гирифта, ба суд пешниҳод кардем, ҳеҷ мушкилӣ дар ин самт нест, - мегӯяд Содиқ Ҷумъаев, раиси ҷамъияти матлубот.
Бо қарори раиси шаҳр (аз 01.11. 2016 таҳти № 733) аз ҳисоби заминҳои кӯчаи Бозорӣ, квартали 12, тарҳи 369 - и нақшаи заминистифодабарии шаҳр масоҳати 18 метри мураббаъ бемуҳлат ба тавозуни бозор гузашт. Партови тамоми бозор дар чунин майдони замин озодона ҷой мегирад. Аммо, бо вуҷуди ин дастгирӣ, масъулон саҳлангорию хунукназарӣ карда, то ахлот аз сарҳади партовгоҳ ба берун сар назанад, онро поккорӣ намекунанд. Хулосаи экспертизаи экологии гуфтаи С. Ҷумъаев бошад, баъди санҷишу бастани ҷарима ва то суд рафтани иддао дастрас шудааст.
Савдои бетартибу бенизоми кӯчагӣ дар қисмати пеши бозор ҳанӯз ҳам мушкили ҳалношуда аст. Ҳар фурӯшанда ба таъби дилаш амал карда, дар куҷое рост ояд, барои худаш мизу соябон мегузорад. Дар назди бозор бетартибии мутлақ ҳукмфармост. Харидорон бо машаққати зиёд аз ин роҳ мегузаранд. Ин вазъ симои зоҳирии шаҳрро хеле коста гардондааст.
- Танзими тартибот дар майдони назди бозор кори роҳбарияти бозор нест, балки вазифаи нозирони минтақавии шуъбаи шаҳрии Вазорати корҳои дохилӣ мебошад. Амри раиси шаҳр низ оид ба ин масъала қабул шудааст. Вале барои татбиқи он дастгирии намояндагони мақомоти зидахл лозим. Пӯшида нест, ки мо аз ҳамаи савдогарони ин гӯшаи бозор низ пули чек мерӯёнем, аммо он ба хотири нигоҳубину тозагии ҷойи онҳост, - тазаккур дод С. Ҷумъаев.
Гарчанде «Саховат» чанд маротиба ба коми оташ фурӯ рафта, боиси хисороти молии зиёд гардида бошад ҳам, барои тоҷирону мутасаддиён сабақ нашудааст. Ба иттилои масъулони Қисми мустақили 33-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ қонуншиканиҳо то ҳол баръало мушоҳида мешаванд. Дар назди бозор ҳавзи обгирӣ мавҷуд нест. Савдогарон воридгоҳи мошинҳои оташхомӯшкуниро пайваста банд мекунанд.
Хараҷу мараҷ, бетартибию бенизомӣ, вазъи ғайрисанитарӣ, проблемаҳои зиддисӯхторӣ, нақлиётӣ… Аз боби камбудиҳои зиёд саҳифа – саҳифа мақолаҳо навиштан мумкин аст. Аммо масъулон дар ҳамин ҳол ба ҷойи ислоҳи вазъ аз масъулият мегурезанд. Пас, кӣ бояд ба ин проблемаҳо нуқта гузорад? Бе дахолати ҷиддии мақомоти болоии бозор, шаҳр ва вилоят ҳал шудани масъала багумон аст.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2016    №: 241    Мутолиа карданд: 2495

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид

ФУТБОЛ. Чемпионати АФОМ дар Тоҷикистон мегузарад

Омӯзгоронро барои кор дар Тоҷикистон ва Қирғизистон интихоб менамоянд

Сарвазири Италия пазироии самимии Путинро ваъда кард

Дар Минск паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Беларус доир гашт

Путин шартҳои муколамаи Москва ва Киевро ном бурд

Суд ба маъмурияти Трамп истифодаи маблағи Вазорати мудофиаро барои деворсозӣ манъ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

02.07.2019


Тақвияти ҳамкориҳо бо БАТР

Мулоқоти Исматулло Насредин бо Умар Аюб Хон

Озмунҳои «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» баргузор мешаванд

Тоҷикистон. Барои табобати Осия Зулфонова аз Олмон табиб оварданд

То соли 2020 маҳсулоти муштараки ширии Тоҷикистону Беларус ба бозор мебарояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед