logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ ПАС АЗ АНҶОМИ МУЗОКИРОТИ БАЙНИДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Бо истифода аз фурсат нахуст мехостам ба Ҳукумату мардуми дӯсти Ҷумҳурии Ҳиндустон барои даъват ҷиҳати анҷом додани ин сафар, ҳамчунин пазироии самимӣ ва истиқболи гарми ҳайати Тоҷикистон сипоси амиқи хешро иброз намоям.
Сафари давлатии мо ба Ҷумҳурии Ҳиндустон идомаи муколамаи доимии байнидавлатии роҳбарияти ду кишвар аст.  
Бад-ин васила ҳар ду ҷониб ният доранд, ки ба муносиботи дорои анъанаҳои дерини таърихии миёни ду кишвари ба ҳам дӯст неруи тоза бахшанд.
Дар ҷараёни сафари давлатии кунунӣ мулоқот ва музокироти муфассал бо Ҷаноби Олӣ Нарендра Модӣ, Сарвазири Ҳиндустон ва ҳайатҳои ҳар ду ҷониб анҷом додем, ки дар фазои анъанавии дӯстона, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.
Мавзӯи умдатарини мулоқоту музокирот ин таъйини роҳҳо ва воситаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба, иҷрои созишномаҳо ва аҳду паймони қаблан ҳосилгашта буд.
Санадҳои имрӯз имзошуда як қадами муҳим дар татбиқи имконоти васеи ҳамкории дуҷониба дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҳавзаи инсонӣ, мебошад.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамоно хоҳони ба сатҳи сифатан наву баланд баровардани ҳамкориҳояш бо Ҳиндустон дар соҳаи тиҷорату ҷалби сармояҳо мебошад. Мо аз фаъолияти минбаъдаи сармоягузорони Ҳиндустон дар Тоҷикистон истиқбол менамоем. Мо аз сармоягузории Ҳиндустон дар кишвар, аз ҷумла дар   минтақаҳои озоди иқтисодӣ, изҳори омодагӣ кардем.
Дар ҷараёни музокирот мо иттилоъ додем, ки бунёди як силсила неругоҳҳои барқи обии хурду миёнаро ба нақша гирифтаем ва дар ин замина ширкатҳои ҳиндустониро барои иштирок дар татбиқи онҳо даъват менамоем.
Мо ҷонибдории худро аз Долони байналмилалии нақлиётии «Шимол – Ҷануб» ва Долони нақлиётиву транзитии «Чорбаҳор», ки муҳлати ҳамлу нақлро кам карда, қимату арзиши интиқоли молу колоро миёни Ҳиндустон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он паст менамояд, иброз доштем.
Ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаро дар арсаҳои мудофиа ва амният низ баррасӣ намуданд. Қарор шуд, ки ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ таҳкиму тавсеа хоҳанд ёфт.  Дар ин зимн таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ ба сулҳ, субот ва пешрафти ҳамаи кишварҳо таҳдиди ҷиддӣ мекунанд.
Мо мавзӯоти муҳими минтақавиро мавриди баррасӣ қарор дода,   зарурати  густариш ва таҳкими ҳамкориро дар ин самт таъкид намудем.  Мо мувофиқ бар он будем, ки истифодаи роҳҳои самараноку коромади ҳалли қазияи Афғонистон ва истиқрори ҳаёти осоиштаи он ҳамоҳангии бештари амалҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустонро тақозо менамояд.
Дар ин зимн ҷониби Тоҷикистон натиҷаҳои конфронси шашуми   «Раванди Истанбул – Қалби Осиё»-ро, ки 4 декабри соли равон дар  Ҳиндустон баргузор шуд, умедбахш арзёбӣ кард.
Умедворам, ки сафари мазкур дар таърихи навтарини муносиботи ду кишвари дӯсту ҳамшарик ҷои шоистаю муносиберо ишғол хоҳад кард.
Бидуни шак, ин боздид аз Ҳиндустон барои таъмини дурнамои неки ҳамкориҳои ду ҷониб ва таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои мавриди манфиати тарафайн аз ҳар ҷиҳат бамавриду судманд буд.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 1937

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед