logo

порлумон

ҚОЧОҚ. АЗ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ ТО ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ

Прокуратураи генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар аз 14 апрели соли равон гурӯҳи кории муштарак вобаста ба назорати иҷрои қонунгузории гумрук созмон дода, ба вилояти Суғд сафарбар намуд.  Дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳ танҳо дар 20 рӯзи корӣ 102 ҳолати қочоқи молу маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи 1920 ҳазор сомонӣ ошкор гардида, нисбат ба 71 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои дида баромадан ба судҳо ирсол шуд.
Ин нукта аз ҷониби Назарзода Ҳотам, муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ироа гардид. Назар ба гуфтаи ӯ, агар ба иҷро нашудани пардохтҳои гумрукӣ аз як тараф таъсири буҳрони шадиди молиявию  иқтисодии ҷаҳонӣ, кам шудани  содироти молу маҳсулот ба ҷумҳурӣ сабаб  шуда бошад, аз ҷониби дигар бениҳоят зиёд будани қочоқи молу маҳсулот мусоидат намудааст.  Санҷишҳои прокурорӣ нишон медиҳанд, ки арзиши молу маҳсулоти аксари шахсони барои қочоқ дастгиршуда то 200 ҳазор сомониро ташкил намуда, бар замми ин, онҳо якчанд маротиба  барои ин амалашон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои такроран содир намудани чунин қонунвайронкунӣ, баъди ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ накардааст.
Ин ҳолат мақомоти прокуратураро водор намуд, ки ба моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо пешниҳод намояд. Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқи молу маҳсулот, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷорӣ мегардад. Меъёри ҷаримаи арзиши молу маҳсулоти ба таври қочоқ ба миқдори калон воридшуда аз 5 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 2500  нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам карда мешавад, ки бешубҳа ба пешгирии қочоқ мусоидат менамояд.
 Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, иброз дошт, ки мувофиқи тағйироти воридгардида ҷазоҳо хеле пурзӯр мешаванд. Масалан, шахсоне, ки муташаккилона ба қочоқ машғул мешаванд, аз 15 то 20 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд. Зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур  ба пешгирии қочоқи молу маҳсулот тавассути сарҳади давлатӣ, таҳкими рақобати солим дар бозори дохилӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли ватанӣ, мувофиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба кирдорҳои шахсони бо қочоқи молу маҳсулот машғулбуда, инчунин зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет мусоидат хоҳад кард.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2016    №: 250-251    Мутолиа карданд: 5254

29.05.2017


Иштироки Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарвазирони давлатҳои ИДМ

Баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Баррасии масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он

Номаҳои шодбошӣ ба унвони Ҳошим Гадоев

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Мактаби сулҳпарваронаи Пешвои миллат - раҳнамои ҷавонон

Ҷаҳон дар як сатр

Ҳаёти беш аз 24 миллион кӯдак зери хатар аст

Сарони G7 мубориза бо киберҷинояткоронро пурзӯр карданианд

НАТО ба эътилофи байналмилалӣ алайҳи “ДИ” ҳамроҳ мегардад

Маскав ба СММ лоиҳаи конвенсияи мубориза бо киберҷиноятро манзур сохт

Теъдоди ҷиноятҳои террористӣ дар Русия 10 маротиба коҳиш ёфт

28.05.2017


ХАТЛОН. Вохӯрии раиси вилоят бо ҷавонон

Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон. Чорабиниҳои идона дар Дубай ва Пекин

Як ҳамоиши муҳим

Гӯшаи кишоварз

23.05.2017


Ҳифзи амнияти шаҳрвандон яке аз вазифаҳои асосии кормандони милитсия аст

Машварати сиёсии Тоҷикистону Австралия

27 май – оғози моҳи шарифи Рамазон

Шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон нақшаро иҷро карданд

Ифтитоҳи маркази иттилоотӣ дар Дарвоз

ДАНҒАРА. Афзалияти боғҳои интенсивӣ

«Бозори ҳунар» дар боғи «Ирам»

Ҷаҳон дар як сатр

Таркондани ситоди «Аҳрор аш - Шам” дар Сурия

Эммануэл Макрон Владимир Путинро дар қасри Версал мепазирад

Назарбоев бо Трампу Тиллерсон мулоқот кард

Туркманистон ба Молдова кӯдакистон туҳфа намуд

Варзиш

22.05.2017


Ярмаркаҳои ҷойҳои кор дар доираи Соли ҷавонон

ХОРУҒ. Авҷи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ

ТАНЗИМ. Баррасии амали қонун дар ноҳияи Бохтар

Ҷаҳон дар як сатр

Риёз қароргоҳи маркази мубориза бо ғояи экстремистӣ

Ҷангиён аз шаҳри Хомс пурра бароварда шуданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед