logo

сиёсат

ПАЁМ РАҲНАМОИ МОСТ

Паёми навини Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  шаҳрвандон хуш пазируфтанд. Ҳамзамон, изҳор доштанд, ки чун дастури фаъолият барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои мамлакат мусоидат мекунад. Ба ҷуз ин, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян менамояд. Дар ин маврид хабарнигори «Ҷумҳурият»  Абдулқодири Раҳим бо чанд тан аз шахсиятҳои маъруфи кишвар ҳамсуҳбат гардид.

Ҳақназар ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон:
 - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол пеш бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм ва экстремизм бо таъкиди хос ҳушдор дода буд. Инчунин, ҳамасола дар бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ изҳор медошт, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он дар якҷоягӣ мубориза барад. Албатта, дар он даврон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил наёфта буд. Вақт бори дигар собит сохт, ки Сарвари дурандеши кишвари мо вазъи мураккабу номутаносиби сайёраро хуб эҳсос менамудааст. Воқеан, ин ду мафҳум – терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Ҳама шоҳид гардидему дидем, ки ҳар ду чӣ гуна монеи пешрафти кишварҳои мутаррақӣ, сабаби қатли ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва аҳолии осоишта гардиданд. Ба ҷуз ин, бар асари ҷангҳо ҳазорон хонаҳо хароб ва мардум фирорӣ шуданд.
Дар Паёми навини худ Пешвои миллат бори дигар дар ин хусус андешаҳояшро баён дошт ва аз он изҳори нигаронӣ кард: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои  хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».
Ин таъкидҳо ва дастури Сарвари давлат бояд сармашқи фаъолияти мо – адибон гардад. Адабиёти муосир бояд дар ин самт таваҷҷуҳ ва диққати асосиро равона бисозад. Чаро? Чунки ояндаи кишвар ва пешрафти он ба ин насл иртибот мегирад. Агар ин насл солим набошад ва дуруст тарбия наёбад, ҳеҷ гуна паёмади некро интизор шудан мумкин нест.

Маҳмадулло РАҶАБЗОДА, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода:
- Вобаста ба соҳаи мо, яъне маориф Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар на танҳо андешаҳои муфид ироа мекунанд, балки барои пешрафт ва рушду нумӯи дурусти он дастур медиҳаду раҳнамоӣ менамояд.  Дар Паёми навин низ ин соҳа дар маркази диққат қарор гирифтааст. Тавре Сарвари давлат иброз медорад: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омаданд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд».
Президенти мамлакат дар баробари ин роҳи баланд бардоштани сифати таълиму тарбияро бозгӯ мекунаду дуруст нишон медиҳад. Воқеан, ба ин хотир мо – омӯзгоронро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, махсусан дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, бояд мутахассисонеро тарбия намоем, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд.
Пас аз он ки ироаи Паёми навинро аз ҷониби Пешвои миллат дидему шунидем, дар ҳамоиш бо омӯзгорони муассиса дар хусуси боло бурдани сифати таълиму тарбия суҳбату гуфтугӯи ҷиддӣ доштем. Таъкидҳои Сарвари давлат моро водор месозад, ки аз тамоми имконоти мавҷуда бештару беҳтар ва самаранок истифода барем. Дар ҳақиқат, агар дар зинаи таҳсилоти  касбӣ мутахассисони оянда дуруст таълиму тарбия наёбанд ва ҷавобгӯи талаботи муосир набошанд, ба пешрафти дигар соҳаҳо умед баста наметавонем. Омӯзгорон дар ин ҳамоиш изҳор доштанд, ки бо такя  ба усулҳои нав, таҷрибаҳои пешқадам, боло бурдани сатҳи касбият ба дастовардҳои назаррас дар ин самт ноил шудан мумкин аст.
Ҳамин тавр, тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар донишкада вазифаи аввалиндараҷа бошад.

Шамсиддин СОЛЕҲОВ, доктори илми филология:
- Дар чанд Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат ба масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа диққати мардуми кишварро равона месозад. Ин, албатта, бесабаб нест. Дар шароити ҷаҳони муосир бо роҳ ёфтани идеологияи нодурусти ғайр имкони суст шудани пояҳои ахлоқи миллӣ ба вуҷуд омад. Ҳолиё махсус саъю кӯшишҳо низ ба харҷ дода мешавад, то дар ин самт фаъолият бештару густурдатар бошад. Чаро ба ин масъала дар хориҷи кишвар рӯ оварданд? Посух маълуму рӯшан аст. Бо суст шудани пояҳои ахлоқӣ имкони аз миён рафтану маҳв гардидани миллат ба вуҷуд меояд. Дар оғоз он сабаби монеи рушду тараққиёт ва гаравидан ба ҷараёнҳои номатлуб мегардад, ки хоҳ-нохоҳ оқибати нек надоранд. Сарвари давлат бо эҳсоси ин хатарҳо пайваста таъкид мекунанд, ки ин Ватану сарзамини аҷдодиро бо ҷону дил дӯст бидорем. Ҳамзамон, ба хотири рафъи чунин мушкилот ва масъалаҳои нигаронкунанда дар Паёми навин дастур додааст, ки ба ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ диққатро равона бисозем. Воқеан, ин ҳама дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ доранд. Аз ин рӯ, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, вазифадор гардиданд, ки фаъолияти худро оид ба ин масъалаҳо ва пеш аз ҳама истиқлолият, инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллат ва муаррифии онро ба тамоми ҷаҳониён тақвият бахшанд. Тавре аз ин дастур рӯшан бармеояд, мо танҳо дар ин сурат истиқлолиятамонро ҳифзу миллатамонро пойдор ва бештар машҳур гардонда метавонем.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 2172

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед