logo

сиёсат

ДАСТУРАМАЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 22 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро матраҳ ва дар навбати худ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва умуман, ҷомеаи моро барои як марҳалаи томи оянда муайян намуд. Дар робита ба арзишҳои меҳварии Паём ва нақши он дар рушди минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикистон хабарнигорамон бо Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, суҳбат намуд:   
- Чун Паёми имсолаи Пешвои миллат дар як соли муҳими таърихӣ, яъне 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, Пешвои миллат дар оғоз ба дастовардҳои асосии давлат ва миллати мо дар ин марҳала як нигоҳи ҷамъбастӣ намуда, бори дигар ба моҳият ва аҳамияти онҳо таъкид намуданд. Дар ин росто Сарвари давлат таъкид намуданд, ки маҳз истиқлолият ва озодӣ арзишҳои асосие ҳастанд, ки тамоми дастовардҳои дигар бар пояи он устувор мебошад.
Таҳлили дастовардҳои ин давра, ки дар Паёми Пешвои миллат ироа шуданд, нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи душвор, вале  созандаро тай намуда, имрӯз ба як кишвари устувор ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил шудааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихӣ ва усулии давлат ва мардуми мост. Яке аз хусусиятҳои асосии Паёми имсола дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар ин росто, сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои занон, ҷавонон, маориф, сайёҳӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва ғайра бори дигар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, дурнамои ин соҳаҳо мушаххас карда шуданд.
Президент ба масъалаи ҷавонон ҳамчун насли ояндасози кишвар мисли ҳамеша аҳамияти махсус зоҳир намуда, соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Табиист, ки ниҳодҳои дахлдори давлатӣ дар партави ин пешниҳоди Пешвои миллат Нақша - чорабиниҳои васееро дар самти рушди сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон тартиб дода, татбиқ менамоянд. Дар натиҷа, бо ҳамоҳанг шудани тамоми зарфиятҳо ва талошҳои ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ сиёсати давлат дар ин самт ба марҳалаи сифатан нав хоҳад расид. Бояд зикр кард, ки сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон фақат як бахши соҳавии сиёсати давлат нест. Зеро, ҷавонон худ беш аз 70 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ташкил намуда, дар тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар фаъолият доранд. Илова бар ин, тавре ки дар Паём низ таъкид шуд, мақсади асосии талошҳои давлат тарбияи наслест, ки дар оянда Ватан ва кишвари худро ҳимоя ва соҳибӣ карда тавонанд. Бахши дигари Паём вазифаҳои асосиеро, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба миён гузошта шудаанд, дар бар гирифта, роҳҳои татбиқи онҳо таъкид гаштаанд. Ин Стратегия ҳуҷҷати усулиест, ки самтҳои асосии рушди кишвар дар ҳамаи соҳаҳоро, ҳамзамон, пешбинӣ мекунад. Бинобар ин, Паёми имсола, ки нақшаву чорабиниҳо барои соли аввали татбиқи ин ҳуҷҷатро низ дар бар мегирад, саршор аз фикру мулоҳиза ва пешниҳоду дастурҳои мушаххас мебошад.
Барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар Пешвои миллат ба рушди омили инсонӣ махсусан таъкид намуда, онро дар маркази таваҷҷуҳ қарор доданд. Зеро рушди ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, дар ниҳоят таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандонро дар назар доранд. Аз ҷумла, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва сайёҳӣ, ки бевосита беҳбуд ёфтани вазъи моддӣ ва сифатии зиндагии аҳолиро таъмин мекунанд, аз ҷониби давлат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Бинобар ин, Пешвои миллат бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад, ки бисёр муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро, аз назари тамоми коршиносони соҳавӣ сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Нуктаи бисёр муҳими Паёми имсола таъкиди Сарвари давлат ба рушди илм ва ба даст овардани самаранокии он буд. Дар ин бахш хусусан, масъалаи пайвасти бевоситаи илм ба истеҳсолот ва рушди технологияҳои инноватсионӣ нақши муҳим ва ояндасоз доранд. Дар Паём бисёр бамаврид зикр шуд, ки дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмӣ ва тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони соҳа маҳсуб меёбад. Бо мақсади рушди ин соҳаи самараноки илм пешниҳод шуд, ки дар сохтори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуда, донишмандони техникаву технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ ҷалб карда шаванд.
Мехостам ба як пешниҳоди дигари Паём низ таъкид намоям, ки он ворид намудани омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар барномаҳои муассисаҳои таълимии кишвар мебошад. Татбиқи ин пешниҳоди муҳим боиси баланд рафтани маърифати ҳуқуқии насли наврас гашта, дар рушди сифатии ҷавонон таъсири бисёр нек мегузорад. Илова бар ин, маърифати баланди ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки ҷавонони мо аз хатарҳои глобалии имрӯза, хусусан, аз гароиш ба гурӯҳҳои террористиву экстремистии муосир эмин монанд. Зеро, пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки маҳз набудани тафаккури солими ҷамъиятӣ ва маърифати зарурии ҳуқуқӣ яке аз сабабҳои ба доми чунин гурӯҳҳои гумроҳ афтодани баъзе аз ҷавонон мегардад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2016    №: 253    Мутолиа карданд: 2184

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БОКС. РАҚОБАТИ АНВАР ЮНУСОВ БАРОИ КАМАРБАНДИ WBA–NABA

МЕРКЕЛ ВА МАКРОН БА ПУТИН ХАБАР ДОДАНД, КИ БА ВОХӮРИИ ЯКҶОЯ БО ЭРДУҒОН ТАЙЁРАНД

ЧИН БА САММИТИ G20 ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ НАМЕРАВАД

ДАР БЕРЛИН ДУЗДОНИ ТАНГАИ ТИЛЛОИИ 100 - КИЛОИРО СУД НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед