logo

фарҳанг

ҲАКИМ ТИРМИЗӢ. ТАЪЛИМОТИ ФАЛСАФӢ ВА ҒОЯҲОИ ИНСОНШИНОСӢ

Ҳаким Тирмизӣ аз барҷастатарин мутафаккирон, муҳандисон ва орифони донишманди Хуросон мебошад, ки дар  давраи Сомониён зиндагӣ намуда, бо андешаҳои ноб ва осори гаронмояаш дар пешбурди илму фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштааст. Ин нукта зимни баргузории симпозиуми байналмилалии «Арзишҳои таърихию фарҳангии замони Ҳаким Тирмизӣ ва нақши он дар тамаддуни ҷаҳон», ки бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, зикр шуд. Дар кори симпозиум як зумра донишмандон аз кишварҳои Русия, Фаронса, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

«Мероси Ҳаким Тирмизӣ чун сарчашмаи муҳим бар зидди нобоварӣ ва таассуб», «Ҳаким Тирмизӣ ва буддизм», «Густариши андешаҳои ҳакимонаи Тирмизӣ дар сарчашмаи қадимии  форсии «Китоб - ал - иршод», «Фазои маънавии замони Ҳаким Тирмизӣ» аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар сипозиум баррасӣ шуданд.
Олимон зимни суханрониҳои хеш зикр намуданд, ки осори Ҳаким Тирмизӣ ҳамчун ориф, фақеҳ муҳаддис, мутаффакири инсоншинос таваҷҷуҳи донишмандони зиёди Шарқу Ғарбро ҷалб кардааст. Шумораи китобҳо, рисолаҳо ва номаҳои ӯро аз 150 то 400 зикр намуданд.  «Илм - ул авлиё», «Риёзиёт-ун-нафс», «Ҳатм – ул - авлиё», «Адаб - ун-нафс», «Аш - Шифо ва-ал-илал» аз зумраи муҳимтарини он ба шумор мераванд.
Профессор Масъуди Миршоҳӣ соҳаи пизишкии замони Тирмизиро баррасӣ намуда, зикр кард, ки пизишкӣ дар замони Тирмизӣ идомаи сохтори пизишкии замони Сосониён буд. Сохтори пизишкии даврони Сосониён бештар ба дур кардани  бадӣ  ва дурӯғ аз хубӣ ва ростӣ асос меёфт. Он замон  сабки минопизишкӣ машҳур буд. (Минопизишкӣ - яъне  дар асоси  андарзҳо бояд, ки мардум роҳу  равиши зиндагии хуби худро  дошта бошад). Дар даврони Сосониён андарзнависӣ  хеле ривоҷ дошт. Баъд аз омадани ислом дар минтақа  андарзнависӣ ба ҳадиснависӣ табдил ёфт. Дар Осиёи Миёна бузургтарин ҳадисҳоро  Ал Бухорӣ ва  Тирмизӣ гуфтаанд. Дар андарзнависӣ ва ҳадиснависӣ Тирмизӣ хеле пеш рафта буд. Ӯ кӯшиш мекард, ки зоҳири шариатро канор гузорад ва ба ботини он бипардозад.
Аз ин рӯ, аз ҷумлаи суфиёнест, ки мисли Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ бо номи Ҳаким  машҳур шудааст.
Олими тоҷик Мирзо Ҳасан Султон мавриди вазъи илм дар замони Ҳаким Тирмизӣ суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ гуфт, ки рӯзгор, зиндагӣ ва эҷоди Ҳаким Тирмизӣ ба даврони рушди ҳамаи илмҳои маъмули он замон, бахусус илмҳои бунёдии нуҷум, риёзиёт ва ҷуғрофия мувофиқ меояд, ки дар падид овардану пеш бурдани бархе шохаву шуъбаҳои нави ин улум донишмандони Хуросону Фарорӯд, ба мисли Муҳаммади Хоразмӣ, Абунасри Форобӣ, Абумаъшари Балхӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Аҳмади Марвазӣ ва чанде дигарон саҳми назаррас доранд.
Ҳаким Тирмизӣ то рӯзгори  Ибни Арабӣ ягона орифе дониста мешавад, ки таълифоти ӯ таркибе аз таҷрибаи ирфонӣ, кайҳонши-носӣ, инсоншиносӣ, равоншиносӣ, илоҳиёти исломиро таҷассум намудааст. Таълимоти фалсафӣ ва ғояҳои инсоншиносии Ҳаким Тирмизӣ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардидани 1250 - солагии ин нобиғаи башарӣ боиси эҳё ва шинохти бештари осори ҷовидонаи ӯ хоҳад гардид.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2016    №: 254    Мутолиа карданд: 2413

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед