logo

маориф

ХИШТИ АВВАЛ ГАР НИҲАД МЕЪМОР КАҶ...

Масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим аз масъалаҳоест, ки дар чанд Паёми солҳои охири Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар махсус таъкид мегардад. Ҳамзамон бо баррасӣ роҳҳои ҳалли он муайян мешавад. Албатта, ин бесабаб нест. Маълум аст, ки дар даврони истиқлолият мактабҳои зиёди ҷавобгӯи талабот бунёд ёфтанд, инчунин мактабҳои мавҷуда таҷдиду таъмиру тармим гардиданд. Имкону шароит барои беҳбуди таълиму тарбия ба вуҷуд омад. Мушкилоти нарасидани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, воситаҳои аёнӣ ҳал гардид. Омӯзгорону хонандагону толибилмон ба компютер ва шабакаи интернет дастрасӣ пайдо карданд.
Пешвои миллат дар Паём таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бояд вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф бошад. Тибқи ин дастур ва раҳнамоӣ он дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Воқеан, бо ҳалли дурусти ин масъала имкон ба вуҷуд меояд, ки мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир тарбия биёбанд. Дар ҳақиқат,
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Пешвои миллат ба ин хотир, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб кардааст, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро ба омӯзиши донишҳои муосир ҷалб намоянд. Инчунин, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Чаро ин масъаларо Сарвари давлат махсус баррасӣ карданд ва ҳалли онро ногузир шумурданд? Ба ин пурсиш мо аз Паёми ӯ ба Маҷлиси Олӣ, ки 20 январи соли 2016 ироа гардид, посухи дурусту қонеъкунанда ва возеҳу рӯшан пайдо карда метавонем: «Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».
Ҳамин тавр, бо эҳсоси ҷиддияту муҳимияти масъала ва иҷрои мақсадҳои бузург ва ба хотири мақоми арзанда пайдо кардани миллат дар ҷаҳони мутамаддин омӯзгорон изҳор доштанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия аз тамоми имконот, донишу таҷриба истифода мебаранд. Инчунин, барои такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимон мунтазам чораҷӯӣ карда мешавад.
Гулбаҳор НАСРИДДИНОВА,
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 86 – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.12.2016    №: 255    Мутолиа карданд: 4774

24.04.2017


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Вусъати ҳамкориҳо дар бахши тандурустӣ

Марди накуном намирад ҳаргиз

Ғалабаи хонандаи тоҷик дар бозиҳои XII Делфи

ДАЪВАТ. Сафи ихтиёриён меафзояд

ЗАФАРОБОД. То ҳосилнокӣ беҳтар шавад...

РОҲҲО агар ободанд...

Ҷаҳон дар як сатр

Дар Қирғизистон ҷангие дастгир шуд, ки нияти амалҳои террористӣ дар кишварҳои ИДМ – ро дошт

Пентагон: «ДИ» пойтахташро аз Раққа ба Дайр - уз - Зор кӯчонд

Арабистони Саудӣ хароҷоти ҳарбияшро 30 дарсад кам кард

Дар Британия як рӯзро бидуни истифодаи ангишт гузаронданд

Суди Имреа телефони мобилиро ба саломатӣ зарарнок ҳисобид

21.04.2017


Тоҷикистон амнтарин кишвари Осиёи Марказӣ эътироф шуд

Баррасии таҳкими муносибатҳо

Русия азм дорад, ки дар Суғд корхонаҳои саноатӣ созад

Ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ

Як нишасти муҳим

Ситоди назди раиси вилоят

Ҷаҳон дар як сатр

Амали террористӣ дар майдони Елисейи Париж

Ҳалокати корманди созмонҳои башарӣ дар Судони Ҷанубӣ

Вазири корҳои хориҷии Олмон ба Башики Ироқ рафт

Дар ду соли наздик Туркманистон ба афзоиши баландтарини ММД ноил мегардад

Сукерберг матнро бо неруи фикр чоп кардан мехоҳад

20.04.2017


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов бо Пратибҳа Меҳта

Муқовимат бо коррупсия маърифати баланди ҳуқуқиро тақозо менамояд

Тоҷикистону Малайзия ҳамкориҳоро тавсеа мебахшанд

Афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ

Бо амри дил

35 МЕДАЛИ хонандагони Душанбешаҳр

НОРАК. Шаҳрро зебоӣ мебахшем

ТОҶИКОБОД. Авлавият ба дастгирии ниёзмандон

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед